Боздид аз ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ
- Details
- Published on Saturday, 23 March 2024 18:39
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ярмарка боздид карда, бо нарху навои маҳсулоти пешниҳодшуда шинос шуданд.
Дар ярмаркаи мазкур, ки бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти нисбатан арзон ташкил гардид, маҳсулоти гуногун, аз ҷумла орд, шакар, равған, биринҷ, пиёзу картошка, гӯшти моҳӣ, паранда, гову гӯсфанд, нону маҳсулоти қаннодӣ, меваву сабзавот ва номгӯи зиёди маводи ғизоӣ пешниҳод карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ташкил карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд