Раиси вилояти Суғд аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд
- Details
- Published on Thursday, 21 March 2024 09:27
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба афсарону сарбозон табрик намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии ҷашни муборак ва хуҷастаи Наврўзи байналмилалиро табрик гуфта, ба хизматчиёни ҳарбӣ саломативу саодати пойдор ва дар иҷрои рисолати муқаддас -хизмат ба Ватан муваффақиятҳо орзу кард.
Таъкид карда шуд, ки Наврўз яке аз куҳантарин ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рўз шабу рўз баробар гардида, табиат бедор мешавад ва гузаштагони мо онро такмили дунёи нав медонистанд.
Мардум дар даврони мухталифи таърихӣ ин ҷашни фархундаро истиқбол мегирифтанд ва минбаъд Наврўз дар миёни халқҳои дигар паҳн гардида, маҳбубият пайдо намуд ва ҷузъи тамаддуни ононро ташкил дод.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои боз ҳам беҳтар намудани шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Барои афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ дастархони наврӯзӣ ороста шуда, аз ҷониби роҳбарияти вилоят маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд