Заҳматаш баҳри халқ бошад ҷовидон

Хислати инсонҳои хоксору фурӯтан ва бофазлу хушрафтор аз симои зоҳирӣ аён мегардад, ки онҳо чӣ гуна ашхос ҳастанд.

Ин ҷо сухан атрофи яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар, собиқ сармуҳандиси яке аз калонтарин ташкилоти сохтмонии ҷумҳурӣ, мутахассиси варзидаи соҳа дар бунёди чандин иншооти муҳими мамлакат Абдувалӣ Комилзода меравад.

Ӯ дар вақташ яке аз роҳбарони ҷавон маҳсуб меёфт, ки бо масъулияти дучанд ва қавииродагӣ баҳри ободкориву созандагии диёр заҳмат мекашид. Қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорати кордонии Абдувалӣ Комилзода дар солҳои роҳбарӣ, умуман, дар кадом вазифае, ки фаъолият намуд, баръало зоҳир мегардад.

Солҳои донишҷӯии мо ёд дорам, ки Абдувалӣ Комилзода дар вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард. Суханронии ӯро бештар ҳангоми чорабиниҳои ҷашниву маҷлисҳо гӯш мекардем. Бисёр инсони босаводу бофазилат ва ташаббускору созанда аст номбурда. Аз зумраи шахсиятҳоест, ки тамоми ҳастии худро барои ободонии Ватан бахшидааст. Давраҳои роҳбарии бевоситаи ӯ дар кишварамон чандин иншооти бузургу замонавӣ қомат афрохта, ба ҳусни диёрамон ҳусни дигаре зам намудааст. Барқарор гардонидани Боғи истироҳатӣ ва фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, ободонии биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва дигар иншооти ободшавандаи он замон аз корҳои ободкории ин шахс шаҳодат медиҳанд. Номбурда инчунин, дар сохтмони иншооти саноатии вилоят ба монанди комбинатҳои шоҳибофии шаҳри Хуҷанд, қолинбофии шаҳри Қайроққум (алҳол Гулистон), заводҳои консервабарорӣ, кимиёвӣ, масолеҳи сохтмонӣ, фабрикаҳои ресандагию бофандагӣ, сохтмони мактабу беморхонаҳо, боғчаҳои бачагона ва хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳру навоҳии вилоят саҳми арзанда гузоштааст.

Абдувалӣ Комилзода ҳамчун шахси накӯкор, ростқавл, соҳибиродаву нексиришт бо хислатҳои хоси худ дар вазифаҳои баланду роҳбарикунанда фаъолияташро босамар пушти сар кардааст. Ӯ ҳамеша барои иҷро ва анҷоми корҳои нек, гулгулшукуфиву пешрафти Тоҷикистони азизамон саъйу кӯшиш намуда, барои ободии ин сарзамини биҳиштосо нақши дастони худро гузошт. Ӯ, ки худ сохтмончӣ аст, барои бозсозии шаҳру ноҳияҳо, иншооти давлативу ғайридавлатӣ хизмати бузург кардааст ва ҳамеша барои дастгирии халқ ҷавонмардона хизмат кард.

Воқеан, боиси ифтихор аст, ки ҳангоми фаъолият дар вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд дар ободонию бунёду таъмири иншооти муҳими шаҳр, мумфарш кунонидани роҳҳо, шинонидани дарахтони сояафкану гуногун, зебою назаррабо намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳр саҳми намоён гузоштааст. Дастгирӣ дар рушду нумуи соҳибкорӣ, кӯмак расонидан ба шахсони камбизоату ниёзманд амали ҳамешагии ӯ буду ҳаст.

Хулоса, соҳибҷашн барои беҳбудӣ бахшидан дар анҷомдиҳии корҳои тарҳрезии лоиҳаҳои нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун сохтмончӣ саҳми босазои худро гузоштааст.

Абдувалӣ Ҳакимович санаи 25‐уми марти соли 1954 дар маҳаллаи Сероҳаи Лаби ҳавзчаи деҳаи Рўмони вилояти Суғд, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №12‐и деҳаро соли 1971 бомуваффақият хатм карда, худи ҳамон сол донишҷӯи факултети сохтмони саноатию шаҳрвандии Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ) гардид. Соли 1976 онро бо ихтисоси муҳандис‐бинокор ба итмом расонида, ба зодгоҳаш баргашт.

Абдувалӣ Комилзода фаъолияти хизматиашро аз соли 1976 дар шуъбаи сохтмони асосии Идораи кишоварзии ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) оғоз намуда, солҳои 1977‐1985 дар Идораи махсуси механиконидашудаи №35‐и трести «Тоҷикстроймеханизатсия»‐и шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) аз вазифаи устоконструктор то сардори идора кор кардааст. Ӯ соли 1985 вазифаи сардори трести мазкур таъин шуда, солҳои 1987–1996 ба ҳайси сардори трести «Суғдсохтмон»‐и шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.

Солҳои 1995 ‐ 2000 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Абдувалӣ Ҳакимович соли 1996 ба ҳайси муовини Раиси вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) иҷрои вазифа карда, солҳои 1997– 1999 раиси шаҳри Хуҷанд буд. Ӯ аз моҳи декабри соли 1999 директори генералии ҶСШК «Суғдсохтмон» ва соли 2001 муовини раиси Ширкати давлатии «Тоҷик‐ сохтмон» таъин шуда, солҳои 2003‐2006 вазифаи муовинии раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2006 дар вазифаи муовини Раиси вилояти Хатлон кор кард. Аз моҳи декабри соли 2006 то соли 2013 директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2013 раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Абдувалӣ Ҳакимовичро дар ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассиси кордон ва роҳбари пуртаҷриба хуб мешиносанд, чунки ҳар як вазифаи ба уҳдааш гузошташударо бо маҳорати баланди касбӣ ва содиқона иҷро мекунад ва ҳанўз ҳам ба нафъи ҷамъият фаъолона хизмат карда истодааст. Унвони аз ҳама баландтарин ин иззату эҳтироми ҳамкасбон, дўстону наздикон аст, ки онро на ҳама кас лоиқ мегардад.

Фаъолияти пурсамару шоёни Абдувалӣ Комилзода дар соҳаи сохтмону меъмории кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаву сипосномаҳо, унвони “Бинокори фахрӣ” (соли 2009), медалҳои «Хизмати шоиста» (соли 2008), «20‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) қадршиносӣ шудааст. Мавсуф Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва номзади илмҳои техникист.

Абдувалӣ Комилзода ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» ва сарпарасти мактаб‐интернати ёридиҳандаи №2‐и шаҳри Хуҷанд мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст, ки ҳама дорои маълумоти олӣ ҳастанд.

Боварии комил дорем, ки хислатҳои кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии Абдувалӣ Комилзода дар оянда низ барои боз ҳам обод гардонидани кишвари соҳибистиқлоли мо ва гулгулшукуфии он мусоидат хоҳад кард.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh