Раиси вилоят дар шаҳри Хуҷанд ҷавонони маъюбу камбизоатро аёдат намуд

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони маъюбу камбизоати шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва аёдат ва ба эшон ҳадяҳои идона тақдим карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бемор ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доранд. 

Дар ин рӯз Ризвон Латифов, сокини маҳаллаи “Тути калон”, гирифтори фалаҷи майнаи сар, Азиза Шамсиева, бошандаи маҳаллаи “Ҷаббор Расулов”, маъюби гуруҳи дуюм, Рухшона Абдурашидова, истиқоматкунандаи маҳаллаи “Сирдарё” ва дигарон аёдат карда шуданд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh