Эътибори ҷиддӣ ба рушди сохтмон

... Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Чанд сол муқаддам бо мақсади мавод омода сохтан ба ифтихори 50 - солагии дашти Дилварзин, ки замоне чунин унвон карда буданд, ба ноҳияи Зафаробод роҳсипор гардидем. Моро нақлиёт то истгоҳи нақлиёти мусофиркашони байнишаҳрӣ оварду сипас то ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пиёда рафтем. Ростӣ, роҳи пиёдагард гарчанде мумфарш буд, аммо баъзе биноҳои ин ё он коргоҳ ва ё муассисаи таълимӣ ҳолати афтодаҳоле доштанд. Пас аз гузашти солҳо бори дигар гузорамон ба ин мавзеъ афтод ва ноҳияро дар қабои дигар дидем. Қад – қади роҳ гулҳои рангорангу шиорҳои даъват ба ватандӯстиву раъиятпарварӣ ва омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ овезон буданд, эҳсос гардид, ки ноҳия руҳияи идона дорад. Биноҳои болоқадкашидаи замонавӣ аз истиқлолияти кишвар дарак медод.

Воқеан, боиси ифтихору сарфарозист, ки солҳои охир дар шаҳру навоҳии вилоят иншооти замонавӣ қомат афрохта истодааст. Тарҳи биноҳои бунёдгардида хеле ҷолибанд. Имрӯз табибону омӯзгорон, намояндагони бонкҳову кумитаҳои андозу мақомоти судӣ, прокуратура дар биноҳои баландошёнаву тарҳи муосирдошта кору фаъолият мебаранд. Ҳамаи он аз соҳибистиқлолии кишвар маншаъ гирифтааст.

Дар ноҳияи Зафаробод низ солҳост, ки ба ободониву шукуфоӣ, ба рушди соҳаҳои саноату сохтмон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Хосатан, дар ин мавзеъ ба қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар ноҳия мутахассисони соҳа ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳраку деҳот банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар биноҳо корбарӣ хуб ба роҳ монда шуда, он ҳамеша зери назорат қарор дорад.

Дар ноҳияи мазкур низ нақшаи генералии шаҳраки Зафаробод баҳри ободониву сарсабзии диёр ҳанӯз соли 2017-ум чун дар дигар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд. Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, шаҳраки Зафаробод ва ба номи Ҳомид Алиев бошад, нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал ҳанӯз соли 1986 таъмин гардида буд.

Тавре ки дар ин бобат мутахассиси соҳа арз медорад, баҳри ободонии диёр, бунёди иншооти замонавӣ соҳибкорон низ бетараф нестанд. Масалан, оид ба рафти бунёди иншооти варзишӣ бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон якҷоя бо намояндагони сохторҳои марбута корбарӣ намуда истодаанд, ки он низ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи идонаест.

Дар ин самт соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ низ ба бунёду иншоот эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар ин бобат мутахассиси соҳа иброз медорад, ки алъон таъмири Хонаи фарҳанги деҳаи Бахт аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ оғоз гардида, клуби деҳаи Хайробод бо ҷонибдории соҳибкори маҳаллӣ таъмир ва азнавсозӣ карда шуда, ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудааст. Дар бобати рушди муассисаҳои фарҳангии ноҳия ва фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бунёди сохтмон чунин омадааст: “...иншоотҳое, ки бе хулосаи экспертизаи давлатӣ аз рӯи ҳуҷҷат ва ё лоиҳаҳои нопурра бунёд мешаванд, тадбирҳои амалӣ андешида, бунёди он пешгирӣ карда шавад”. Баҳри амалигардонии қарори мазкур як бинои панҷошёнае, ки дар маркази ноҳия аз тарафи соҳибкорон бунёд гардида истодааст, мутахассисон камбудии дар он ҷойдоштаро бартараф сохта, минбаъд сохтмони биноҳои истиқоматии на кам аз панҷошёнаро ба роҳ монданд. Алҳол соҳибкорон дар маркази ноҳия сохтмони ду хонаи панҷошёнаро идома дода истодаанд. Тибқи қарор минбаъд ҳангоми лоиҳакашӣ ба нақша гирифтани сохтмони муассисаи таълимӣ, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву коммуникатсонӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи беш 2 миллион сомонӣ сармояи асосӣ аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмон ирсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 10 миллиону 908  ҳазор сомонӣ кам аст.

Таъминот бо оби нӯшокӣ

Воқеан, дар ноҳия масъалаи таъминот бо оби нӯшокӣ низ муаммоҳои худро дошт. Баҳри бартараф намудани он ҳанӯз соли 2012-ум лоиҳаи барқарор намудани системаҳои оби нӯшокӣ аз тарафи Бонки Аврупо ба маблағи 3 миллиону 450 ҳазор доллари ИМА таҳия ва тасдиқ гардида, марҳилаи аввали сохтмони он моҳи августи соли 2017 аз шаҳраки Зафаробод оғоз гардида буд. Бо ин мақсад корҳои сохтмонӣ ба маблағи як миллиону 650 ҳазор доллари ИМА оғоз гардид. То имрӯз зиёда аз 48,6 километр қубурҳои нави магистралии хатти оби нӯшокӣ, 221 адад чоҳ, 48 адад ғалақа (задвижка), 76 адад мурват гузаронида шуда, барои интиқоли оби нӯшокӣ омода карда шудааст. 

Сохтмони марҳалаи дуюми он моҳи октябри соли 2019-ум оғоз гардида, дар РЧВ “Бахт”, шаҳракҳои Зафарободу Меҳнатобод сохтмони яктоӣ чоҳи амудии ҳаҷмаш гуногун, як ҳавзи оби тоза ва ду ташхисгоҳро бунёд намуда, ба истифода супориданд.

Роҳ дар масири таърих

Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 398 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он ҳафт километр роҳи байналмилалӣ, 34,2 километр роҳи ҷумҳуриявӣ, 164,2 километр роҳи маҳаллӣ, 27,4 километр роҳҳои манзилию рифоҳӣ ва 165,2 километрро роҳҳои байни хоҷагӣ ташкил медиҳанд.

Доир ба ҷорӣ кардани рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилии нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои нақлиётӣ корҳо оғоз гардида, корбарӣ дар ин  самт идома дорад.

Тавре дар оғоз қайд кардем, мардуми ватандӯсти ноҳияи Зафаробод ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии соҳибистиқлолии кишвар омодагии пурра дида истодааст. Дар ин самт мумфаршкунии роҳу кабудизоркунии пайроҳаҳо идома дорад.

Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дар боби “таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди “сабз”, кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ” муфассал қайд гардидааст. Масъулини ноҳияи овозадори Зафаробод бо мақсади кабудизоркунӣ дар шафати роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта 400 дона, ҷумҳуриявӣ 500 дона ва маҳаллӣ 200 дона ниҳоли ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуда, 5,4 киломтер роҳ бо маблағи 48187 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ карда шуд.

Бо вуҷуди мушкилоти асосӣ - солҳо таъмири асосӣ нагардидани роҳ, фарсуда шудани қисми болопӯши роҳҳои автомобилгард ва нокифоягии маблағ барои нигаҳдошти он дар ин давра муассисаи нақлиётии ноҳия ба миқдори 66,1 ҳазор тонна бори гуногуни хоҷагии халқ (нисбат ба соли гузашта 2,3 ҳазор тонна зиёд) ва 151,4 ҳазор нафар мусофир (13,4 ҳазор нафар зиёд)-ро ба манзил расонидааст.

Зафарободиён ба пешвози ҷашни таърихии миллӣ, на танҳо ба тарҳи биноҳои бунёдшаванда, иншооти иҷтимоӣ ва ободонии роҳҳо, инчунин ба рушди соҳаи алоқа, сифати хизматрасонӣ, дастрасии интернети баландсуръат чораву тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Хизматрасонии рақамӣ   

Дар ин давра 0,3 километр хатти алоқа ва 0,2 километр ноқил, 0,7 километр сим, ду ҷевони тақсимотӣ ва 0,7 километр хатти қубурҳои телефонӣ таъмир гардида, 5 - то симчӯб мустаҳкам ва панҷ симчӯби дигар иваз карда, шумораи интернети берамзро ба 50 адад расонида, хизматрасонии он хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилоту муассисаҳо истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда шуд.

Алҳол дар мақомотҳои омор, андоз, фонди нафақа ва дигар ташкилотҳо аз ҳисоботсупорандагон маълумот дар шакли электронӣ қабул карда мешавад. Дар ноҳия оид ба масъалаи ислоҳоти соҳаи алоқа, тадриҷан ба иқтисоди рақамӣ гузаштан ва таъмини хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо корҳо идома дорад.

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо лавозимоти иттилоотӣ таъмин буда, китоби электронии хоҷагии хонаводаҳо ба пуррагӣ тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Ноҳияи Зафаробод, замоне дашти Дилварзин, имрӯз макони биҳиштосову замонавӣ гардида, мардуми меҳнатқаринаш кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шаҳраку ҷамоатҳояшон ободу зебо, сокинонашон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин, шумораи муҳоҷирони бурунмарзӣ кам гардида, ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гиранд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh