Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар Панҷакент
- Details
- Published on Friday, 07 June 2024 11:26
6 июн дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз бахшида шуд.
Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаҳои Навободу Деваштич ва то боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба масоҳати 18000 метри мураббаъ мумфарш карда мешавад.
Раиси вилоят бо оғози корҳои мумфаршкунӣ аз сокинон даъват кард, ки дар иҷрои корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, барои ободу зебо гардонидани шаҳри худ талош намоянд.
Сипас, дар деҳаи Варзиканди шаҳри Панҷакент ба мумфаршкунии 2,7 км роҳ оғоз бахшида шуд. Ин роҳ бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон ва маблағгузории шахсоне, ки бар ивази сафар ба ҳаҷ дар кори хайр саҳм гузоштанд, навсозӣ карда мешавад.
Чуноне иттилоъ дода шуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим дорад, соли ҷорӣ дар ҷамоатҳо 26,2 км роҳҳоро мумфарш созад. Аснои муаррифии нақшаи мумфаршкунии роҳҳо маълумот дода шуд, ки дар ҷамоатҳои Рӯдакӣ, Саразм, Косатарош, Вору, Ёрӣ, Моғиён, Хурмӣ ва ғайраҳо роҳҳо обод карда мешавад.
Раиси вилоят аз сокинон даъват кард, ки минбаъд низ сарҷамъ шуда, аҳлона барои ободии Ватани маҳбубамон саъю талош намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд