Урдугоҳҳо фаъол ҳастанд

Баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024” ба тасвиб расид ва дастуру супоришҳои ҳайати Ситоди вилоятии “Тобистон-2024” доир ба ин масъала ҳанӯз хеле барвақт ба амалӣ сохтани тадбирҳои омодагӣ шуруъ намуд.

Имсол тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят 12 лагери беруназшаҳрӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 9 адади он дар тобеияти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва Иттифоқҳои касабаи маориф ва илм қарор доранд, ки тибқи нақша 5451 нафар кўдаку наврасро бояд ба истироҳат фарогиранд. Илова бар ин, соли ҷорӣ дар вилоят 686 адад лагери наздимактабӣ бо фарогирии 59084 нафар, дар 143 лагери истироҳатӣ - меҳнатӣ 8515 нафар ва дар 110 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ 2559 нафар хонанда ба истироҳату фароғат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар умум дар ҳамаи ин истироҳатгоҳҳо тибқи нақшаи пешакӣ фарогирии зиёда 75609 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят ба истироҳат ва солимгардонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Омодагии ҳамаҷиҳата ба мавсими нави истироҳат гарави таъмини фароғати мактабиён маҳсуб мегардад.

Рӯзҳои 20-22-юми майи соли ҷорӣ аъзои Ситоди вилоятии “Тобистон- 2024” аз вазъи омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Маркази солимгардонии Суғд”-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, “Чиларча”-и Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Панҷакент, “Бободархон”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт, “Гагарин”-и раёсати маорифи шаҳри Исфара, “Сиёвуш”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ дидан намуданд.

Чанд соли охир бо баъзе аз сабабҳои иқтисодӣ истироҳатгоҳҳои “Вохӯрӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Парвоз”-и шаҳри Хуҷанд, “Уқобак”-и шаҳри Истиқлол, “Бодомча”-и шаҳри Истаравшан аз фаъолият бозмондаанд.

Тавре маълум гардид дар  истироҳатгоҳҳои санҷидашуда барои ташкил ва гузаронидани истироҳати тобистонаи мактаббачагон корҳои таъмирӣ бо маром рафта истодааст.

Ҳудуди 9 адад лагери беруназшаҳрии вилоят, ки бевосита ба соҳаи маориф вобастаанд аз партовҳо тоза карда, барои партовҳо ҷой ва қуттиҳои махсус ташкил шудааст. Барои гирифтани иҷозатнома бо шуъбаҳо ва мақомотхои дахлдор мактубҳо ирсол шудааст. Хатҳои мавҷудаи оби нӯшокӣ ва хатҳои кувваи барқ пурра аз назар гузаронида шуда, дар ин самт корбарӣ рафта истодааст.

Дар ҳамаи лагерҳои беруназшаҳрӣ корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру баркароркунӣ, таҷҳизонидани биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонии истироҳатгоҳҳо ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонӣ назди муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, корҳо давом дода шуда истодааст.

Ҳамзамон, дар лагери «Маркази солимгардонии Суғд», ки дар мувозинаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят қарор дорад аз санаи 1-уми майи соли равон корҳои ободонӣ, таъмири биноҳо, ошхонаю биноҳои ёрирасон, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишию фарҳангӣ, утоқи маҳфилҳои гуногун, утоқҳои санитарӣ-гигиенӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо лавозимоти ҷои хоб ва дигар омодагиҳо гузаронида шуданд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон ва бардаму солимгардонии насли наврас аз тарафи роҳбарияти МНДСЭ-и вилояти Суғд “Амрномаи санитарӣ” ба Раёсати маорифи ва иттифоқи касабаи вилоят дода шуд.

Дар ҳақиқат имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои марбута баҳри он мекӯшанд, ки истироҳати мактабиён хушу гуворо гузарад. Зеро кӯдакон ояндаи моянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh