Соате бо рўзноманигору ҳаҷвнигор

Маҳфили «Суханварони Суғд» ин навбат ба 75-солагии мавлуд ва 55-солагии фаъолияти эҷодии нависандаи ҳаҷвнигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Ҳоҷӣ Содиқ ва Раҳим Ҷалил – Абдулҳамид Ҷӯраев бахшида шуда буд.

Толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-уми Ҷамоати деҳоти Ғозиёни  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки Абдулҳамид Ҷӯраев илм омӯхта, то ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расидааст, серодам буд. Мухлисони ноби сухан, ҳамкорону ҳампешагон, устодону шогирдон, ёру пайвандони соҳибҷашн – ҳама ба муборакбодии Абдулҳамид Ҷӯраев омада буданд.

Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод соҳибҷашнро аз номи раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳният гуфта, чунин иброз дошт:

- Мо имрӯз дар маҳфиле, ки як шахсият, як эҷодкор, инсоне, ки барои халқу Ватан хидмат кардааст, рӯзноманигоре, ки аз ибтидои таъсисёбии кумитаи радио ва телевизиони вилоят ба ҳайси барандаи радио ба ҳамагон шинохта шудааст, ҳазорон нафарро назди микрофони радиои вилоят нишонда, суҳбати пурмазмун оростааст, ҳаҷвнигоре, ки бо суханҳои ноб дили ҳар хонандаро тасхир кардааст, иштирок менамоем.  Барои ҳавнигори шинохта тани сиҳат, хотири ҷамъ, табъи осуда ва зиндагии бардавомро хоҳонем.

Котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилоят Карим Шариф аз номи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва тамоми қаламкашони вилоят Абдулҳамид Ҷӯраевро ба муносибати 55-умин солгарди фаъолияти эҷодиаш шодбош гуфта, барояш хушиҳои зиндагию рӯзгори босаодатро таманно намуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаев ҳамчунин иброз дошт:

- Баргузории маҳфили хотирмони имрӯза дар зери таассуроти таҷлили ҷашни ҳумоюнии Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, идомаи мантиқии тараннуми  Ватани озоду соҳибистиқлол буда, дар тарбияи маънавии мардум нақши муассир мегузорад.

Боиси қайд аст, ки Абдулҳамид Ҷӯраев зода ва дастпарвари ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров буда, баъди хатми мактаби миёна ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро дар Кумитаи радио ва телевизион оғоз бахшидааст.

Баъди ба соҳибистиқлолӣ расидани давлати Тоҷикистон рӯзноманигор ва нависанда ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба дар қатори дигар қаламкашони вилоят дар омода намудани хабару гузоришҳо аз рафти Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Таҷрибаи зиёди зиндагӣ ва густурдаи рӯзноманигорро ба назар гирифта, соли 1996 баробари таъсиси радиои шаҳри Хуҷанд Абдулҳамид Ҷӯраев ба ҳайси сармуҳаррири радио пазируфта шуд. Абдулҳамид Ҷӯраев на танҳо рӯзноманигор, балки нависандаи ҳаҷвнавис аст.

Маҳсули қаламаш дар матбуотҳои даврию шаҳрӣ,  ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба нашр мерасанд. Саҳначаҳои ҳаҷвии навиштаи нависанда дар телевизионҳои кишвар намоиш дода шуда, имрӯз китобҳояш «Шишаи ғелон», «Даштибегим», «Ба ҳеҷ кас нагӯед», «Кор кунам ё не?» китоби рӯимизии мухлисон гаштааст. Хизматҳои Абдулҳамид Ҷӯраев аз ҷониби давлату Ҳукумат қадр гардида, имрӯз сари синаашро орденҳои ҷоизаҳои ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Ҳоҷӣ Содиқ ва Раҳим Ҷалил, нишонҳои Аълочии телевизион ва радио, Аълочии матбуот ва «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зеб медиҳанд.

Баъдан раиси ҷамоати Ғозиён Абдуғаффор Муродов, нависандаи соҳибқалам Додохони Эгамзод, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Исохӯҷа Каримхӯҷаев, роҳбари Ассотсиатсияи сохтмончиёни вилоят Аминҷон Бобоев, директори Китобхонаи вилоятии бачагона ба номи Аминҷон Шукуҳӣ Муаззама Муродзода, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нури Истиқлол ва К, дӯстону ҳамкорон ва қаламкашони вилоят ба муборакбодии Абдулҳамид Ҷӯраев баромада, суханҳои меҳрбор иброз доштанд.

Агар санъаткори мумтоз Муинҷон Дадобоев бо сурудҳои дилангез табъи иштирокдоронро шод гардонида бошад, меҳрномаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-ум Башорат Неъматова ва шеъру гуфторҳои толибилмон дар васфи соҳибҷашн ва табрикоти фарзандону пайвандон ва набераю аберагон илҳомбахши аҳли толор гардид.  

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh