Мулки сабзу гулпўш

Бароям хуш аст, ки камина ба сифати рӯзноманигори дар мавзӯи табиат, муҳити зист, экология менавишта дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба иқтисодиёти сабз ва гиромидошти арзишҳои табиат роҳнамо ва дастури эҷодии комиланд. Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи амалигардонии ҳадафҳои рушди ҳазорсола панҷ ташаббуси ҷаҳонӣ намуд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуданд. Дар ин раванд метавон бисёр ҳарф зад ва ин боиси ифтихормандист, ки Роҳбари давлатамон нафаре ҳастанд, ки тавонистанд ба туфайли ташаббусҳои худ мардуми сайёраро дар ҳалли масоили глобалӣ муттаҳид намоянд. Ин паҳлӯи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд омӯзишу таҳлилу таҳқиқи бунёдиро тақозо менамояд.

Кишвари соҳибистиқлоламон ҳамешасабзу пуртароват буда, дар гӯшаву канори он корҳои созандагиву ободонӣ ва сабзкориҳо авҷу кушоиш дорад.

Вилояти Суғди бостон дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳар ҷиҳат таҳаввулот намуда, ба яке аз сабзтарин мавзеъ табдил ёфтааст, ки дар ин хусус навиштан басо гуворост. Дар ин ҷода нақши масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят хоса арзёбӣ мегардад. Ин ниҳод чун мақомоти ваколатдори соҳа бобати беҳтар намудани ҳолати пеш аз ҳама, вазъи  санитарию экологии минтақаҳо, истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, пешгирии кам намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва маҳдуд гаштани майдони табиии олами ҳайвоноти камшуморе, ки зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд ва таъмини рушди устувори гуногуни биологӣ дар экосистемаҳои табииро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода, корҳои биотехникиро анҷом додааст ва ин самти кор пайваста ҷараён дорад.

Мегӯянд, ки корҳои накӯ ва тадбирҳои нек ҳамеша самароваранд, яъне сазовори ибратанд. Дар ин раванд зикри он боиси таваҷҷуҳ мебошад, ки давоми солҳои 2022 - 2023 дар шаҳри Конибодом, минтақаи болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гуруҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери хатар қарордоштаи минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» амалӣ гардонида шуд, ки дар доираи татбиқи он намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, шуъбаи маорифи шаҳр, се Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, Патар ва Пӯлотони бо минтақа ҳамсарҳад, Филиали Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва дар шаҳри Конибодом, намояндаи «Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилоят, олимон ва коршиносон корбарӣ гардидааст.

Дар минтақаи татбиқи лоиҳа моҳи майи соли равон мизи мудаввари ҷамъбастӣ ташкил гардида, дар рафти он ҳамаи тарафҳои манфиатдор, ки дар татбиқи лоиҳа саҳми худро гузоштаанд оид ба натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида, муаммоҳои ҷойдошта ва нисбати амалҳои барои боз ҳам беҳтар кардани ҳолати экологии минтақаи мазкур изҳори ақида намуданд. Вохӯрии ҷамъбастии гурӯҳи корӣ бо мақсади таҳияи нақшаҳои минбаъдаи рушди минтақаи татбиқи лоиҳа ва дар оянда муайян намудани мақоми «минтақаи махсус муҳофизатшаванда» барои ҷангалзори тӯқайи минтақаи Конибодом гузаронида шуда, ҷиҳати нигоҳ доштани ин экосистемаи муҳим мусоидат мекунад.

Баҳри беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии минтақаҳо ва бо мақсади нигоҳ доштани вазъи мўътадили муҳити зист аксияҳои экологӣ бо ҷалби табақаҳои гуногуни аҳолӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар натиҷаи дурусту сифатнок ба роҳ мондани корҳо дар доираи сабзкориву бунёдкориҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии чӣ хурду чӣ калонсолон як қатор амалиёти экологӣ мисли “Тозагии маҳал”, “Тозагии шаҳр” ва амалиёти “Ҳавои тоза” сурат гирифтанд, ки ташаббуси ҳифзи муҳити зист доимо ба назар мерасад.

Дар доираи аз тарафи Ҳамкории ташкилоти Шанхай эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли экология» сифати муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон ба дараҷаи ҳамкории стратегӣ баромада, ба ин муносибат Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғд якҷоя бо Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон, дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани аксияи экологии «Сирдарё – дарёи дӯстӣ»-ро ба нақша гирифтааст. Бо ин мақсад санаи 1-уми июни сол равон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон роҳбар ва 2 нафар сармутахассисони Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон, 3 нафар устодони донишгоҳҳо ва 25 нафар донишҷӯён ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, дар давоми рӯз мутобиқи барномае, ки аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят омода гардид дар чорабиниҳо иштирок намудаанд, ки ҳамаи ин басо манфиатоваранд.

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист фаъолияти таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромадаи тамғаи «Экотром-2», ки дар ҶСК «Чароғ»-и шаҳри Исфара насбу васл гардидааст назорат менамояд ва тибқи маълумот аз оғози фаъолият то айни ҳол беш аз 400 ҳазор дона чунин лампаҳо дар коргоҳи мазкур бо пуррагӣ безарар гардонида шудааст.

Ҷиҳати татбиқи «Барномаи миллии «кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ва таъмини иҷрои қарори Раиси вилоят аз 22-юми ноябри соли 2023, таҳти 363 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои соли 2023-2024» маъракаи кабудизоркунии мавсими тирамоҳу зимистони соли 2023 ва мавсими зимистону баҳори соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст гардида, дар ҳолати то 20-уми апрели соли ҷорӣ шинонидани ниҳоли дарахт қариб 570 ҳазор бехро ташкил намуд, ки нақшаи ниҳолшинонӣ 138,4 фоиз ба иҷро расонида шудааст.        

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Сарраёсат ин пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ ва таъмини иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ ба шумор меравад. Рафти татбиқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳти назорати мунтазами сарраёсат қарор дошта, доир ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои он мунтазам корбарӣ карда мешаванд, ки мувофиқи талаботи рӯзанд. 

Дар урфият мегӯянд, ки реша дар об бошад, умеди сарсабзӣ ҳаст. Дарахтони сарсабз ва наботот табиатро ба оксиген таъмин мекунанд. Қисми зиёди гази карбонро, ки аз фаъолияти технологӣ ва физиологии инсон ба ҳаво содир мешавад, маҳз дарахтон ба наботот полоиш намуда, тозаву тар мекунанд. Ба далелҳо муроҷиат мекунам - аз рӯи таҳқиқоти олимон ва коршиносон.

Як дарахти андозааш миёна давоми бисту чаҳор соат миқдори оксигенеро, ки се нафар истифода мебаранд, барқарор менамояд. Дар ин раванд роҳандозӣ гардидани дастуру супоришоти Пешвои миллат ҷиҳати кабудизоркуниву сарсабзии диёр дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ташкили ниҳолхонаҳо оғоз аз соли 2023 то 2028 бисёр саривақтист. Ин буд, ки ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба масъулини зерсохторҳои соҳа дастурҳои мушаххас дода шуда, айни замон дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент ниҳолхонаҳо ташкил шудааст, ки дар он дарахтони нодир ва ҳамешасабз ба монанди коҷи кабуд, санавбар, туя, сирени ҳиндӣ, арча, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаро парвариш карда мешаванд. Бино ба гуфти масъулин ҳолати сабзиши онҳо алҳол қаноатбахшанд. Инчунин, раванди мазкур баҳри иҷрои “Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” мусоидат мекунад, самти муҳиму заруриро дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳким мебахшанд.

Барои ташкил намудани боғҳои коллексионӣ ва ниҳолхонаҳои дарахтони мевадиҳандаи маҳаллӣ, захираҳои генетикии ғалладонагиҳо ва лӯбиёгиҳои мутобиқ ба шароитҳои иқлим дар масоҳати 5 гектар дар ноҳияи Шаҳристон, барқарорсозии боғҳои коллексионии захираҳои генетикии мевадиҳанда ва мутобиқ ба шароитҳои иқлими маҳал дар масоҳати 10 гектар дар ноҳияи Шаҳристон, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактуб барои ҷудо намудани қитъаи замин пешниҳод карда шудаанд.  

Ҳамчунин, барои ташкили боғҳои коллексионӣ ва ниҳолхонаҳои дарахтони мевадиҳанда аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов оид ба ҷудо намудани қитъаи замин мактубҳо ирсол гардидаанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ низ бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Шерализода маъракаи ниҳолшинонӣ мақсаднок ва рӯҳбаландона ҷараён гирифта буд.  

Вазъи экологии ҷаҳон ҳоло дар ҳолати мувозинати нодуруст қарор дорад. Партовҳои газӣ, эффекти гармхонагӣ ва моддаҳои зараррасон кадоме, ки иқлим, табиати Замин ва саломатии ҷомеаро тағйир медиҳад, афзуда истодааст. Афзоиши партовҳо, хусусан пластикӣ ва кимиёвӣ, натанҳо ба табиат ва ҷойи пайдоиш, инчунин, дар гӯшаҳои дури сайёра, аз ҷумла, дар манотиқи қутбӣ ҷазираҳо ва миқёси уқёнусҳо низ ба мушоҳида мерасанд.

Хатарҳои гуногуни экологӣ ба мавҷудияти намудҳои беназири табиати зинда дар муҳити обӣ ва хушкӣ таҳдид мекунад. Оқибатҳои чунин таъсиррасониҳо метавонад тӯли даҳҳо ва ҳатто садсолаҳо эҳсос карда шавад.

Ҳадафҳои асосии рушди кишвари мо то соли 2030, ки соли 2016 қабул шудааст, чунин мақсадҳои асосиро ба пеш гузоштааст – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар асоси рушди устувори иқтисодӣ, аз он ҷумла, бехатарии энергетикӣ, самаранок истифодабарии энергия, беҳтарсозии шароити ҳаётӣ, шуғли аҳолӣ далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки майдони заминҳои кишоварзӣ раванди камшавиро дорад, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таҳдид мекунанд.

Вайроншавии хок, майдонҳои заминҳои корам, истифодаи замин, барои дигар мамлакатҳо низ хос аст ва дар тамоми ҷаҳон ин муаммо тақрибан ба як миллиард нафар одамон таъсири худро мерасонанд. Сабаби асосии вайроншавии замини кишоварзӣ ин усули нодурусти истифодаи обёрикунӣ ва шудгори заминҳои лалмӣ мебошад. Бо сабаби аз гардиши кишоварзӣ мондани заминҳои кишоварзӣ ва нодуруст истифода бурдани майдонҳои чарогоҳ камшавии ҳосилнокӣ ва вайроншавии қабати ҳосилнокии  хок ба мушоҳида мерасад.

Яке аз муаммоҳои асосии экологӣ дар вилояти Суғд ин партовҳои радиактивӣ маҳсуб мешавад, ки то ҳол таъсири манфӣ доранд.

Тибқи маълумоти муътамад то солҳои 90-уми асри ХХ дар минтақаи саноатӣ то як миллион тонна маъдан коркард карда мешуд. Дар давоми 50 сол дар даҳ партовгоҳи моддаҳои радиоактивӣ зиёда аз 55 миллион тонна чунин партовҳо ҷамъ шудаанд.

Партовҳои аз ҳама зиёд дар пастхамии Деҳмой (наздики шаҳри Бӯстон), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (наздикии шаҳри Ғафуров) ва як канори шаҳраки Истиқлол (Табошар) ҷойгир шудааст. Чангу буғе, ки минтақаҳои ҳифзнашудаи партовгоҳҳои зарарнок ба ҳаво мехезанд, тариқи шамол ба масоҳати зиёд паҳн мешаванд ва ба тамоми унсурҳои табиат, ҳосилнокии хок ва аз ҳама муҳим ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба дастовардҳои муҳим таъкид мешавад, ки минбаъд афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла, бунёди боғҳои интенсивӣ таъмин карда шавад.

Инчунин таъкид мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

Дар ин раванд зикри он хос аст, ки дигар муаммо ва ноҷӯриҳо дар муназзамии экология зуҳур мекунад- ҳам аз ҷиҳати объективӣ ва ҳам аз ҷиҳати субъективӣ. Аз он ҷумла бадшавии ҳолати мелиоративӣ асосан аз сабаби баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ, шўр шудани заминҳои корами обӣ ва обёрии заминҳо бо оби заҳбурҳо ба амал меояд. Чораҳои асосии беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин тавассути тоза кардани заҳбурҳои байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагӣ амалӣ карда мешавад, аз он ҷумла беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ низ бо тоза кардани заҳбурҳои байнихоҷагӣ алоқаманд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи гузаронидани аксияҳои экологӣ, аз он ҷумла, аксияи «Тозагии маҳал» ҷўйборҳо, каналу заҳбурҳо ва соҳилҳои манбаъҳои обӣ тоза карда шуд, ки дар навбати худ барои беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии замин мусоидат менамоянд.    

Аз навиштаҳои болозикр бармеояд, ки ба мавзеи ҳамешабаҳор, сабз ва гулпӯш табдил ёфтани ҳар кунҷу канори диёри арҷмандамон бо азму ғайрати ҳар сокини Ватан вобаста будаву боз ҳам масъулияту маърифати комилро тақозо дорад. Ин ҳама ободониву сарсабзиҳо пеш аз ҳама аз соҳибистиқлолии давлативу Ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад. Бошад, ки фараҳу шодии сокинони бахтиёр ҳамчун дарахти тӯси бузург сарсабз боқӣ монад. 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh