Рушд ва натиҷаҳои назаррас

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт нишасти матбуотии раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардид, ки дар он муовинон, мудирони шуъбаву сохторҳои марбутаи ноҳия ва рўзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2024 маълумот дод.

Аз ҷумла гуфт, ки дар нимсолаи аввал дар соҳаи саноат ба маблағи 154,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023-юм 39,4 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 134,2 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра аз 25 корхонаю коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 21 ададашон фаъолият намуданд ва 14 корхонаву коргоҳҳо нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар соҳаи саноат 817,8 тонна намак истихроҷ, 1939,4 тонна нахи пахта, 2732,9 тонна чигит, 60,5 тонна равғани растанӣ, 458,8 тонна кунҷора, 91,0 тонна пахтаи кӯрпабоб, 466,7 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 369,1 ҳазор дона хишти сементӣ, 914,4 метри мураббаъ дару тирезаи пластикӣ, 348 метри мураббаъ тахтасанг, 46 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1192,1 тонна гӯшт ва каллапоча,  605 ҳазор ҷуфт маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ истеҳсол шудааст.

Ба санаи ҳисобӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 11261,1 гектар зироатҳо кишт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 5,1 гектар зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар майдони 1452,2 гектар ғалладонагиҳо, 5980,3 гектар пахта, 125,6 гектар картошка, 58 гектар сабзавот, полезиҳо 250,8 гектар ва 3325,1 гектар зироатҳои хӯроки чорво  кишт шудааст.

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла, меваю сабзавот дар назди ҶСК «Зардолу компания» як сардхона бо ғунҷоиши 200 тонна, дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” як сардхона бо ғунҷоиши 60 тонна, дар  назди ҶДММ “Рахшона” як сардхона бо ғунҷоиши 240 тонна дар Ҷамоати деҳоти Шодоба ва як адад сардхона бо ғунҷоиши 240 тонна дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод фаъолият доранд.

Масъалаи сохтмон ва ободонии маҳалҳо таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия қарор дошта, ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи сохтмон, ҷалби сарчашмаҳои мухталифи маблағгузорӣ аз ҷумла сармоягузорони хориҷӣ ба соҳа, бунёди иншоотҳои зарурии иҷтимоиву маишӣ ва хизматрасонӣ, тибқи талаботи меъмории муосир ободу зебо гардидани маҳалҳои аҳолинишини ноҳия, имконияту захираҳои мавҷуда равона шуда истодааст.

Аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар нимсолаи ҳисобӣ ба маблағи  4113,3  ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023-юм 15,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва афзоиши он баробари 100,4 фоиз мебошад.

Дар давоми солҳои 2022-2026-ум 744 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои солҳои 2022-юм 142 адад, соли 2023-юм 148 ададӣ ва соли 2024-ум 149 адад, дар маҷмуъ, 439 адад иншоот  пешбинӣ шудааст.

Дар давоми солҳои 2022-2023 ва нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 835 адад иншооти ҷашнӣ бо арзиши сохтмонию бунёдии 63895,1 ҳазор сомонӣ бо ташкили 124 ҷойи кории нав ба истифода дода шуд, ки нисбат  ба  нақшаи  умумии  солҳои  2022 – 2026-ум 112,2 фоиз ва нисбат ба нақшаи соли 2022-2024-ум  190,2 фоизро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмониву бунёдӣ дар иншооти ҷашнӣ бомаром идома доранд.

Дар охир рўзноманигорон доир ба раванди корҳои ободониву созандагӣ, таъмини оби полезӣ, таъмини сокинон бо ҷойи кор, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», рушди соҳаи варзиш суолу пешниҳодҳо пешкаш намуданд, ки аз ҷониби раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh