Хизматрасонӣ беҳтар шуд

Дар нишасти матбуотии муассисаҳои марбут ба шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи вилоят рӯзноманигорон аз масъулин оид ба чораҳои беҳтаргардонии сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷоннок кардани назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят ва мушкилоти мавҷудаи КВД “Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ” пурсон шуданд.  

Тавре дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгарди вилоят дар соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида таъмиру тармими 2077 километр роҳ, аз ҷумла, 211, 1 км таъмири асосӣ, 1085,1 километр таъмири ҷорӣ, 780,8 км шағалпӯш, ҳамзамон, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмири 45 км роҳ пешбинӣ шудааст.

- Ба санаи 2 – юми августи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1379,6 км  роҳҳо аз таъмир барворда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути Идораи сохтмони асосии вилоят 17,4 км роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, - гуфт Музаффар Тоҳиров сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд.

Тавре Убайдуллохон Обидов ёвари сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар вилояти Суғд афзуд, дар давраи ҳисоботӣ тавассути роҳи оҳан 1590,7 ҳазор тонна бор ва 9,7 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд.

- Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути қатораҳо 11436 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28232 тонна кам мебошад. Аз миқдори умумии маҳсулоти содиротӣ 1242 тонна меваи хушк, пиёз 8440 тонна, 60 тонна сабзавоти тару тоза ва 1694 тонна нахи пахта мебошад. Инчунин, дар ҳамин давра аз ҷониби ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” 1461 вагон (74176 тонна) ва ҶДММ КМ “Анзоб” 36 вагон (2292 тонна) консентрат содирот шудааст, - илова кард ӯ.

Ҳамзамон, мутахассиси шуъбаи нозироти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти вилояти Суғд Аваз Ҳоҷиев маълумот дод, ки дар моҳҳои январ – июни соли 2024 барои фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 667 адад иҷозатнома, аз он ҷумла 85 барои боркашонӣ, 3 автобус, 39 микроавтобус, 446 нақлиёти сабукрав (таксӣ) хизматрасонии техникӣ ва таъмир 67 адад дода шуд.

- Дар хатсайрҳо ва терминалҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи БДА РВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон 1576 рейд гузаронида, фаъолияти 47130 воситаи нақлиётро аз саниҷш гузаронида, нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт 10132 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 2264270 сомонӣ ҷарима баста  шуд, - гуфт Аваз Ҳоҷиев.

Муродҷон Набиев сармуҳандиси филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”  дар  вилояти Суғд арз дошт, ки даромади тарофавии филиал дар ин давра 930415 сомониро такшил дод, ки аз ин 206617 сомонӣ хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад. 

- Шумораи муштариён ба 87988 баробар буда, аз ҷумла 80060 шабакаи шаҳрӣ ва 7928 муштарӣ дар шабакаи деҳотӣ мебошад. Нисбат ба аввали сол муштарӣ 61 адад кам гардид. Қарзи дебиторӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024-ум 2692, 7 ҳазор сомонӣ буда, ба ҳолати 1 – уми июли соли 2024 маблағи қарзи дебиторӣ ба 2841,8 ҳазор сомонӣ баробар аст, ки асосан қарзи корхонаҳои буҷавӣ мебошад. Яке аз мушкилоти асосии соҳа афзоиш ёфтани қарзи дебитории аҳолӣ, ташкилоту муасиссаҳо аз хизматрасонии алоқаи телефонии барқӣ мебошад, - шарҳ дод Муродҷон Набиев.

Маннон Юсупов - сардори Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” низ зимни нишаст иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхона 2210320 сомонӣ  даромад ба даст овард, ки аз ин 601200 сомонӣ хизматрасонӣ ба аҳолӣ аст. Дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят 166 шуъбаи алоқа,  аз ҷумла, дар мувозинаи Корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” дар вилоят 31 шуъба ва 135 шуъба дар мувозинаи ҷамоату деҳот қарор дорад. 

Баҳриддинхоҷа Нозимӣ директори Намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Суғд  дар рафти нишаст  иттилоъ дод, ки ба  санаи 2 – юми августи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 55, 7 км қубурҳои оби нӯшокӣ таъмиру тармим шуд. Аз ҷумла, 10, 2 км аз таъмири асосӣ, 21, 6 км аз таъмири ҷорӣ, 23,9 км хати нави оби нӯшокӣ,  1 ҳавзи захиравӣ таъмир, 9 чоҳи амудии нав сохта, 17 чоҳи амудии фарсуда таъмир гардида, ба истифода дода шудааст.

- Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру тармими 429,5 километр қубрҳои оби нӯшокӣ, 180, 3 километр хати нави оби нӯшокӣ, сохтмони 8 ҳавзи захиравии нав,  таъмири 32 ҳавзи захиравӣ, сохтмони 35 адад чоҳи амудии нав, ва таъмири 94 чоҳи амудӣ ба нақша гирифта шудааст, - илова кард ӯ.  

Ф.ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh