Сайри деҳаи сарсабзи Фатмев
- Details
- Published on Wednesday, 14 August 2024 14:54
Ҳавои тоза, оби хунуки чашма, аз пешу паси деворҳои посхагин ба чашм расидани дарахтони пурҳосили себу зардолу, беду сафедори сарафроз ва ҷоришавии чашмаи сероб дар кӯчаҳои камбари деҳаи Фатмев ҳар касро мафтун мекунад, хоса, маро.
Бале, охирҳои моҳи июли соли равон хеле хотирмон сипарӣ кардам. Ҳамсабақи донишгоҳиям – Маҳкам Маҳкамзода ҷамъи шарикдарсонро ба рӯзи висолаш даъват кард, то дар рӯзи хурсандиаш дар бараш бошем. Ӯ зодаи деҳаи зебоманзари Фатмев аст. Дар рӯзҳои донишҷӯӣ, ки дар хобгоҳ ҳамхона будем, аз деҳа қиссаҳои зиёд мекард. Бароям нақлҳояш дар бораи чӣ гуна бо дӯстони бачагияш ба баландиҳои кӯҳ барои ҳезумчинӣ мерафт ва зимни ин кор чӣ гуна ҳолатҳоро пушти сар мекард, ҷолиб буд. Ҳайрон мешудам, ки чӣ гуна кӯдакони кӯҳистон аллакай аз замони бачагӣ бори зиндагиро бар дӯши кӯчаки худ гирифта метавонанд!?
Гоҳе, ки сухан дар мавриди зодгоҳ ва кӯҳистон равад, бо шеваи ба худаш хос мисрае аз суруди машҳурро ҳар бор зам-зама мекард: “Замини сахти кӯҳистон, дили нармам ато кардааст!”. Он замон орзу карда будам, ки рӯзе ба деҳаашон меравам ва манзараҳое, ки дӯстам нақл мекард, бо чашми сар мебинам. Хушбахтона, насиб будааст, ки дар рӯзи хурсандиаш ба деҳаашон – Фатмев омадам.
Субҳи 27 – уми июл аз Хуҷанд ба самти ноҳияи Айнӣ роҳ пеш гирифтам. Дар раҳ суҳбатамон бо ронандаи таксӣ тафсид. Ӯ аз мақсади сафарам огоҳ шуда, гуфт, ки тӯйи мардуми деҳа аҷоиб мегузарад. Дар он қариб ҳамаи сокинон ширкат меварзанд, мизбон меҳмонро ба хондаву нохонда ҷудо намекунад. Мардум, аслан на барои сари дастархон нишастан, балки барои бо хурсандии навхонадорон шарик шудан ҷамъ мешаванд.
Бо ҳам суҳбаткунон ба беморхонаи марказии ноҳия расидем ва тибқи гуфтаи дӯстам – Маҳкам интизори таксие, ки то деҳаи Фатмев меравад, истодам. Аллакай нисфирӯзӣ фаро расида буду нақлиёт кам равуо дошт. Пас аз ним соати мунтазирӣ мошини раҳгузаре дар назди бозорчаи беморхона истод. Бо соҳиби он ҳамсуҳбат шудам. “Бачем, савор шав, ман ҳам Фатмев рафта истодаам” – бо хушзабонӣ гуфт ронандаи калонсол.
Ба роҳ баромадем. Ронандаи калонсол Саъдулло ном дошта, зодаи деҳаи Фатмев будааст. Ӯ гуфт, ки аз маркази ноҳия то деҳаашон 15 – 20 километр роҳ аст, аммо бо сабаби хароб будани роҳи автомобилгард қариб ним соат вақт сарф мешавад. Пас аз 15 дақиқаи ҳаракат ба деҳаи Зосун – зодгоҳи шоир ва намояндаи адабиёти классикии тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ расидем.
Дар маркази деҳа оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи шоир бунёд шудааст. Саъдулло – амак бо ифтихор номи шоирро ба забон оварда гуфт, ки водии Зарафшон бузургвороне чун Туғралро ба камол расонидааст. Ҳамин тариқ, аз тамошои роҳ дар дили кӯҳҳои сарафроз, ки ҷо-ҷо ниҳолу гулу гиёҳ дорад, ҳаловат мебурдам. Дар ин ҷо меваҳои зардолуву себ аздусар акнун пухта расида, ки навдаҳои дарахтони сарсабз аз серҳосилӣ ҳамоиланд.
Деҳаи Томинро низ убур кардем. “Ана, аз ҳамин ҷо деҳаи Фатмев оғоз мешавад” – гуфт ронанда. – Зодгоҳи мо табиати бой, таърихи қадима ва одамони меҳмондӯст дорад, аммо вазъи роҳ хеле хароб аст. Боз вақте мошинҳои калони боркашон, ки аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт мекашонанд, аз роҳи деҳа гузаранд, ҳолати роҳ боз ҳам вазнинтар мешавад. Агар роҳ асфалтпӯш мешуд, равуо ҳам тезтар мегардид ва сафи меҳмонон афзун. Ба фикри ман, бо ташаббусҳои созандаи сокинон ва ҳукумат ин мушкил ҳал мешавад.
Дар даромади деҳа мошин истод. Он ҷо аз домани кӯҳҳои сангӣ чашмае ҷӯшида мебаромадааст, ки аз он оби хунуки нӯшиданӣ ҷорӣ мешудааст. Ронанда бо эҳтиром пиёла ба дастам дода гуфт, аз ин оби хушмазза нӯшеду кӯфтагии роҳ ва гармии ҳаворо бароред. Дарвоқеъ, оби шаффофи чашма хушмазза ва ташнашикан буд. Баъд мошини мо аз пеши чашма ба идомаи роҳ бо азоб гардиш кард, чунки роҳ тангбару пурчанг буд. Чанд дақиқа сипарӣ нашуда, ба назди мактаби деҳаи Фатмев расидем. Дар ин ҷо дӯсти беҳтарини айёми донишҷӯиям – Маҳкам маро мунтазир буд. Ӯ аз дастам ҷувздон ва барги сафар – ду нони фатир аз Хуҷанд, ки бо худ оварда будам, гирифта ба самти хонаашон бурд.
Дӯстамро ба оғӯш кашида, ба муносибати хонадоршавиаш шодбош гуфта, хушбахтӣ таманно кардам. Дар дами дари хонаашон падараш Темур-амак ва модараш Лӯъбат-хола маро чун писарашон гарм пешвоз гирифтанд. “Хуш омадӣ, писарҷон! Хурсанд шудем, ки ба рӯзи тӯйи дӯстат аз роҳи дур омадӣ” – гӯён ба меҳмонхона дароварданд.
Он хона хонаи тоҷикӣ буд. Девор ва сақфи он бо тарҳи миллӣ сохта шудааст. Сутуну сақфаш аз чӯби маҳаллӣ буда, ранги вассаву болорҳояш бо рӯшноии барқ пурҷило мешуд. Сақфро устоҳои забардасти ноҳияи Айнӣ Маҳмадюнуси Фатмевӣ ва Шамсиддини Дарғӣ ҳанӯз соли 1997 сохта буданд. Он имрӯз низ зебост ва сифаташ тағийр наёфтааст.
Девори хона ҳам бо ранги маснӯӣ ё зардеворӣ оро наёфта, балки гуландова шудааст. Яъне, аз хоки кӯҳи сурхе, ки дар болотари дарёи Зарафшон воқеъ аст, лой тайёр карда, онро давоми сол дам дода, баъд деворро бо лойи пухтарасида андова кардаанд. Мардуми деҳа ин тарзи гилкории деворро гуландова мегуфтаанд.
Аҷиб ин аст, ки вақте ба чунин девор такя мекунед, либос ё болину кӯрпа хоку чанг намешавад. Хона бе шамолдиҳаку кондитсионер ҳам салқин мешавад, вақте тиразеҳои чӯбиро кушода монед.
Воқеан, дар хонаи дӯстам-Маҳкам, ки дар наздикии дарёи Зарафшон воқеъ аст, нишаста садои пурхурӯши дарё ва шилдироси ҷӯйборро, ки деҳаи Фатмевро чун рагу пай иҳота кардааст, шунидан мумкин. Дар чунин меҳмонхона нишаста гузаштани як соатро ҳис накардам.
Ҳамзамон, тибқи маслиҳат як рӯз пеш аз тӯй боз 6 ҳамсабақам аз шаҳри Душанбе ба хонаи Маҳкам омаданд, то дар рӯзи хурсандиаш ширкат варзанд. Шарикдарсон аз дидори ҳамдигар шод шудем. Пирони ин хонавода моро дуо карда, ба ҷавонон бахту саодат хостанд.
Дастархонро меваҳои шаҳдбор, ки дар ин диёр мерӯяд, зеб медод. Боз чанд обу афшураҳои газдор ҳам гузошта шуда буд, лекин бо дархости бачаҳои аз шаҳр омада, ба чанд зарф оби хунуки чашма оварданд. Нӯшидани он ба кас нерӯи нав мебахшид.
Бо даъвати соҳибхона – Маҳкам ба сайри деҳа баромадем. Хонаи онҳо дар шафати роҳи асосӣ, ки аз он ба самти ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мераванд, ҷойгир мебошад.
Дар сари тангкӯчаашон манораи қадима мавҷуд аст. Ӯ дар бораи таърихи манора маълуомти зиёд медонад: “Мувофиқи ривоятҳои маҳаллӣ дар болооби Зарафшон 7 манора вуҷуд доштааст. Мувофиқи ақидаи муҳаққиқон, ин манораҳо ба асрҳои X-XII мутааллиқанд.
Мегӯянд, ки имрӯз аз ин ёдгориҳои таърихӣ то замони мо танҳо 3 манора боқӣ мондааст. Инҳо манораи деҳаи Варзи манор (ҳоло шаҳраки Айнӣ), манораи деҳаи Рарз ва манораи деҳаи Фатмев. Манораи деҳаи мо аз хишту гил сохта шуда, шакли мудавварро дорад. Манора дар маркази деҳа назди роҳи мошингузар ҷойгир буда, болотар аз он масҷид ва ҳавзи обгирӣ низ вуҷуд дорад”.
Падари Маҳкам – амаки Темур низ дар бораи ин ёдгории таърихи маълумоти фаровон дорад: “Манора бо мурури замон бисёртар осеб дида, баландиаш танҳо 6 метр аст. Солҳои наздик бомпӯш шуд. Он пойдевор надорад ва дар рӯи замин сохта шудааст. Даромадгоҳаш хеле боло ҷой гирифтааст. Тибқи гуфтаи калонсолони деҳа, дар поёни манора қабристони кӯҳнаи кӯдакона ҷойгир аст. Манора ба қатори ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Тоҷикистон дохил гардида, сабти ном шудааст”.
Баъд аз шунидани таърихи манораи қадима тамошои деҳаро идома додем. Дар оғози сайр бори дигар қоил бар он шудам, ки табиат қувваю ҷозибаи нотакрор дорад. Кӯҳҳо деҳаро мисли девор иҳота кардаанд. Як нуқтаи кӯҳ мисле, ки тарошида бошанд, то поён шакли ҷӯйборро гирифтааст.
Маҳкам нигоҳи саволбарангези маро дида гуфт, ки оби борону сел дар ин қисми кӯҳ роҳи селгузарро ба вуҷуд овардааст. Маҳз аз ҳамин баландии кӯҳ, ки ҷӯй барин ковок аст, оби борону сел рехта, ахиран ба дарёи Зарафшон мерезад.
Сипас ба нишебие наздик шудем, ки он ҷо чашмаи ҷӯшоне мавҷуд аст. Обаш сарду нӯшиданист. Кас аз нӯшидани он сер намешавад.
Гирду атрофи чашмаи кӯҳӣ, ки поёнаш то ба соҳили дарёи Зарафшон рафта мерасад, сабзу хуррам аст. Ҳавои тозаву салқин дорад. Хониши парандаҳо як-як ба гӯш мерасад.
Чашми кас бегумон ба гулу гиёҳи худрӯй, ки акнун гул бастааст, бармехӯрад. Ниҳолҳои зардолу, олучаи кӯҳӣ, себ ва беду сафедор нишебии кӯҳро боз ҳам назаррабо сохтааст. Зебоиҳоро тамошо карда, то соҳили дарёи Зарафшон фаромадем.
Роҳбаладамон - Маҳкам ҳушдор дод, ки ба дарё наздик нашавем, чунки оби он бо шиддати баланд равон аст. Каме дар сояи дарахти бед нишаста, истироҳат кардем. Ҳамсабақамон Музафффар сурудҳои рӯҳнавозе хонд. Суҳбати хубе оростем. Ба дӯстамон, ки пагоҳ базми сур дошт, хушбахтӣ таманно кардем. Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста офтоб дар паси кӯҳҳо монд. Мо, ки аз кӯҳфароӣ хеле хаста шуда будем, ба боло бо азобе баромада, роҳ сӯи хонаи Маҳкамино пеш гирифтем...
Базми висоли дӯстамон дар саҳни боғи зардолуи ҳамсояашон хубу хотирмон сипарӣ шуд. Аз дидаи падару модараш ашки шодӣ рехт. Анора-бибии 90 сола ва Хосият-бибии 80 сола, ки модаркалонҳои домод мебошанд, ба навхонадорон дуои хайр доданд.
Журналисти соҳибмактаб Хуршед Атовулло, директори Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷкистон ҳамроҳи чанд ҳамкасбону шогирдони дигар, ки ба деҳаҳои дурдасти ноҳияи Айнӣ сафар доштаанд, сари қадам ба тӯй шогирдашон – Маҳкам омаданд.
Эшон дуои роҳ дода, ба домоду арӯс бахту саодат орзу карданд. Дар навбати худ дӯсти мо ҳам сухан гуфта, ба модару падар, пайвандон ва устодону дӯстонаш арзи сипос кард. Тӯй бо рақсу бозии мо – меҳмонон гармтар шуд. Бояд гуфт, ки дар базм исрофкорӣ набуд.
Дастархон бо маҳсулоти тару тоза, ки дар худи деҳа тайёр шудааст, фароҳам гардид. Аксари меҳмонон низ банди тамошои рақсу бозӣ буданд. Домоду арӯс бо чеҳраи шод ба хонаи бахт гусел шуданд. Мо, ҳамсабақони домод ба оилаи Маҳкамовҳо барои меҳмоннавозии гарми тоҷикона ташаккур гуфта, ба самти роҳи худ пеш гирифтем.
Бояд зикр кард, ки деҳаи Фатмев дар қатори дигар манотиқи кишвар ҳамчун макони сайёҳӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ ва сайру тамошост. Ба дӯстдорони табиат ва кӯҳнавардон мушкилии роҳи мошингард монеа шуда наметавонад, то ба ин гӯшаи зебоманзари диёр бирасанд. Итминон дорем, дар доираи қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ бахшида ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки тибқи он таҳия ва қабули барномаҳои маҳаллии рушди сайёҳӣ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо бунёд ва таъмири иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ташкили хатсайрҳо, баргузории форум, фестивал, озмун ва намоишгоҳҳо, таъсиси марказҳои иттилоотӣ, ташкил шудани на кам аз ду ширкатҳои сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар чорабинҳо дар Фатмев барин деҳоти дурдаст низ амалӣ хоҳад шуд.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”
Хуҷанд – Айнӣ – Хуҷанд