Оғози мумфаршкунии роҳ дар деҳаи Дўстии деҳоти Ашт
- Details
- Published on Wednesday, 14 August 2024 10:41
13 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кўчаи ба номи Шарифҷон Мараҷабови деҳаи Дўстии ноҳияи Ашт оғоз ёфт.
Дарозии роҳ 3 км ва паҳнои он 6 метр буда, он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфарш мегардад. Фармоишгари корҳо соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон буда, пудратчӣ ҶДММ «Фурсат» мебошад. Хароҷоти умумии мумфаршкунии роҳ зиёда аз 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳия корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, то имрӯз беш аз 60 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.
Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд