Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб
- Details
- Published on Friday, 16 August 2024 13:39
16 август дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табибонро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, хотирҷамъии доимӣ, саодати рӯзгор ва иқболи баланд таманно намуд.
Таъкид карда шуд, ки иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, олими сатҳи ҷаҳонӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии кишвар таҷлил гардида, аз дастоварду тозакориҳои нав ба нави соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон паём мерасонад.
Тазаккур дода шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои баланд бардоштани сатҳу сифат, самаранокӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ пайваста афзоиш ёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати беҳдошти таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, такмил додани донишу малака ва маҳорати кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамеша ғамхорӣ мекунанд ва давлату Ҳукумат баҳри беҳдошти ин соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Аз ҷумла, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шуд, ки ба фаъоляти босамари кормандони соҳа мусоидат мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то ғамхорӣ нисбати кормандони тиб бештару беҳтар гардида, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд ва таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Дар муассисаҳои тиббии вилоят 5083 нафар табиб, 17579 нафар корманди миёнаи тиб ва садҳо нафар кормандони ёрирасон ба мардуми вилоят содиқона хизмат мерасонанд. Аз онҳо 7 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 нафар дорандаи медали «Шафқат», 640 нафар дорандаи нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", 6 нафар доктори илмҳои тиб, 75 нафар номзади илмҳои тиб буда, 2652 нафар табиб соҳиби дараҷаҳои мухталифи ихтисосӣ мебошанд.
Дар мамлакат барои нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба бемориҳои сироятӣ, беҳдошти фаъолияти беморхонаву дармонгоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд. Маҳз, бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳифзи сиҳатии омма соҳаи афзалиятнок маҳсуб шуда, аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат торафт таҳкиму густариш дода мешавад.
Бо ин мақсад, дар вилоят соли 2024-ум ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббии вилоят 806 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 134,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба сохтмону навсозии иншооти соҳа низ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Тибқи нақша соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 132 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони 27 адад ва таъмири 105 шуъбаву муассисаҳои табобатӣ, беморхона, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар дошта шудааст. Бо маблағгузории буҷети вилоят, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон имсол бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии шаҳри Истаравшан бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва Маркази хусусии урологӣ-андрологии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуданд.
Бо ҷалби ҳама намуди маблағгузорӣ ва тариқи ҳашар дар ноҳияи Ашт 3 бунгоҳи тиббӣ, дар шаҳри Истаравшан 2 маркази саломатии деҳот, дар ноҳияи Зафаробод 1 маркази саломатии деҳот ва як бунгоҳи тиббӣ сохта шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ таъмир ва сохтмони бинои муассисаҳои тандурустӣ мунтазам, тибқи нақшаи таъмир ва сохтони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо идома доранд.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки кормандони муассисаҳои тиб дастовардҳои хешро мунтазам афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи нек, бахусус бо фаро гирифтани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.
Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода кормандони соҳаи тибро аз номи роҳбарияти вазорат бо иди касбиашон табрик намуд.
Сипас, барои меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи тиб ба гуруҳи калони кормандони соҳа Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.
Ҳамзамон як қатор табибон бо нишони сарисинагии "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд