Оғози бунёди бинои иловагӣ дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд

Дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд ба бунёди бинои иловагӣ санги асос гузошта шуд.

Дар маросими оғози расмии сохтмони бинои иловагии беморхона Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода ширкат варзида, нахуст табибонро бо иди касбиашон табрик намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба бемориҳои сироятӣ, беҳдошти фаъолияти беморхонаву дармонгоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.

Маҳз, бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи сиҳатии омма соҳаи афзалиятнок маҳсуб шуда, аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат торафт таҳкиму густариш дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии беморхона дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Бинои нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа аз таҳхона ва ҳафт ошёна иборат аст. Маҷмӯан, ин бино дорои 120 кат хоҳад буд.

Бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад.

Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд аз калонтарин беморхонаҳо дар вилояти Суғд буда, дорои 12 шуъбаи махсусгардонидашудаи ташхисию табобатӣ ва 290 кат мебошад. Дар он 52 нафар табибон ва 135 нафар кормандони миёнаи тиб кору фаъолият дошта, ба кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh