Омилҳои муҳити зист - таъсиргузор ба саломатии инсон
- Details
- Published on Monday, 19 August 2024 11:00
Миёни аҳли назар ақидае роиҷ аст:
- Пул гум кардан ҳеҷ гап не, боз ёфт мешавад, вале чун вақтро бой додӣ, бисёр талаф додӣ. Саломатиро гум кардӣ-ҳама чизро гум кардӣ.
Ба маънои ин гуфтаҳо он вақт сарфаҳм меравем, ки агар саломатиро гум кунем. Дар ҳолатҳои бароямон душвор пас аз корсози олам танҳо нафароне ба ёриамон меоянд, ки дасти сабук доранду меҳри беандоза. Ин нафарон охирин умеди умедворон ҳастанд.
Табиби оилавии Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мунира Ҳаитова солҳои тӯлонист, ки ҳамчун шифобахшандаи беморон шинохта шудааст. Дар баробари фаъолияти ҳамарӯзааш ҳамеша дар фикри саломатии мардум буда, андешаҳои ҷолиб ба миён меорад. Суҳбате доштем бо ӯ, ки манзури хонандагони сершумори рӯзнома мегардонем, то андаке бошад ҳам тарзи ҳаёти солимро дар байни омма тарғиб намоем.
- Сарчашмаи солимии инсонро дар чӣ мебинед?
- Саломатиро гавҳари бебаҳо мегӯянд. Ба умқи ин гуфтаҳо вақте сарфаҳм хоҳем рафт, ки танамонро дарде азият медиҳад. Агар инсон тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоянд, дардаш андак сабуктар мегардад. Нафароне ҳастанд, ки танашон комилан солим аст, онҳо аз ғулғулаву ташвишҳо дур зиндагӣ мекунанд, хоҷагии тиббӣ доранду ҳар гуна нўшокиҳои сунъии рангоранг, спиртӣ, қаҳва, шириниҳои гуногунро истеъмол намекунанд, тамоку намекашанд, балки танҳо ғизоҳои табииро истеъмол карда, ба рўҳафтодагиву афсурдахотирӣ роҳ намедиҳанд. Аз ин хотир, вориди бемориҳои хавфнок ба ҷисми онҳо андаке душвортар аст.
Тани онҳое, ки тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд, ба ҳар гуна беморӣ муқобилият карда метавонад. Сокинони деҳаҳои гирду атроф, махсусан онҳое, ки манзилҳои зисташон ҳавлиҳои истиқоматии заминианд, бештар аз табиати мафтункор, оби софу беғубор ё худ чашмаҳои шифобахш, меваю сабзавоти тару тоза ва махсусан ҳавои тоза бархурдоранд.
Ҷои кори мардуми деҳот низ асосан зери табиати ин сарзамини биҳиштосо, дар канори Замин-Модар мегузарад. Сокинони шаҳр, ки дар ҳуҷраҳои бисёрошёна зиндагӣ ба сар мебаранд, аз неъматҳо ва зебоии табиати зинда кам бархурдоранд, аз муаммоҳои серпаҳлўи муҳити зист аз бисёр ҷиҳат дар каноранд. Дар ин раванд, онҳо наметавонанд аз ҳавои тоза, ки бо бўи хуши гулҳо ва боғҳо, сабзазорҳои муаттар аст, ҳаловат баранд.
Салқин нигоҳ доштани ҳуҷраҳои манзили истиқоматиашон бештар на аз ҳавои тозаи табиат, балки тавассути хунуккунак (кондитсионер) аст. Ҳарчанд имрӯз технология пешрафтаву аз имкониятҳои замони муосир бархурдорем, аммо зиндагии ҳеҷ ҳаёти сунъӣ бо зиндагии табиӣ баробар шуда наметавонад. Мо бисёр дар бораи зарари обҳои рангае, ки барои истеъмол ба фурӯш гузошта шудаанд, мегӯем, аммо ҳангоми харидорӣ саломатии худро ба назар намегирем.
Муаммои дигар, ки бештар ба саломатии мо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин ҳавоест, ки мо нафас мекашем. Маводи озуқаро ба ҳар ҳол метавонем, оқилона истифода намеоем, оби нӯшиданиро тавассути обсофкунакҳо (филтр) метавон нӯши ҷон намуд, аммо ҳавои олударо, ки бо чашми сар дида наметавонем, тавассути узвҳои нафаскашӣ дохили организми худ менамоем.
Ғуборолудагии ҳаво ба чашми мо ноаён буда, аз он бештар навзодон ва пиронсолон озор мебинанд, чунки имконияти пешгирии бемориҳои роҳи нафас ва шуши худро надоранд. Сернақлиётии роҳҳои шаҳру навоҳӣ боиси истеҳсоли газҳои токсикӣ гардида, барои саломатии инсон зарарнок аст. Чунин моддаҳои гази зараррасон дар тўли шабонарўз ба ҳавои кўчаву хиёбонҳо хеле зиёд хориҷ мегарданд. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ исбот кардааст, ки партовҳои автомобил ва сўзиши партовҳои иҷтимоӣ омилҳои хатарноки саломатии инсон маҳсуб мебошад.
- Оё истеъмоли маҳсулоти хӯрока низ боиси паҳншавии бемориҳо шуда метавонад?
- Чаро не. Аксари хӯрокаю пӯшокаи кунунии мо ба истилоҳ сунъӣ шудааст, зеро ҷаҳонишавӣ афзоиши босуръати «синтетикӣ»-шавии ҷамъияти муосирро ба миён овардааст. Қолинҳо, рангҳо, консервантҳо, либосҳо, яхдонҳои пластикӣ, ҷои хоби синтетикӣ, зарфҳои синтетикӣ ва ҳатто деворҳои хонаҳои мо синтетикӣ шудаанд.
Маззаи қаймоқи болаззати маҳаллӣ аз қаймоқи дар мағозаю бозорҳо бафурӯшгузошта дар ҳақиқат фарқ дорад. Лаззати тухми мурғи хонагӣ бо тухмҳои дар коргоҳҳои мурғпарварӣ истеҳсолшуда фарқияти калон дорад. Ҳамчунин, дурудароз дар яхдон нигоҳ доштани ғизоҳое, ки дар таркибашон консервантҳои кимиёвӣ, рангҳои сунъӣ, хушбўйкунандаҳои кимиёвӣ, сафедаҳои пуркунандаи ғизо ва витаминҳои синтетикӣ доранд, мункин нест ва онҳо яке аз омилҳои зараровар ба ҷисми инсон ба ҳисоб меравад.
Моро лозим меояд, ки нисбат ба ғизоҳои истеъмолӣ бефарқ набошем, аз обҳои нўшокии ранга, спиртӣ камтар истифода намоем, маҳсулоти хосаи ватании аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватаниро истеъмол намоем, то аз хатари бемориҳои ғайричашмдошт эмин бошем. Зеро саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст гуфтаанд.
Мусоҳиб Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»