Фаъолияти назарраси Планетария

Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ нахустин бор дар санаҳои 16-19-уми августи соли равон аз соати  20:30 то 22:30 намоиши хиёбонии Моҳ ва сайёраҳоро тариқи телескопҳои рақамӣ ба роҳ монд. Дар намоиши мазкур меҳмононро сармутахассиси Планетарияи шаҳри Барнаули Федератсияи Россия, Владислав Токарев якҷоя бо ҳамкасбони тоҷикаш роҳбаладӣ карданд.

Мо низ дар рӯзи нахустини намоиши хиёбонӣ ширкат варзида, бо масъулони ин ташаббус ва шаҳрвандоне, ки ба намоиш омада буданд, перомуни аҳамияти баргузории ин гуна чорабиниҳои маърифатӣ суҳбат кардем. 

Инъом Ҷумъаев, сокини 38 солаи шаҳри Хуҷанд аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ёфтаст, ки дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ намоиши хиёбонии сайёраҳо сурат мегирад. Тасмим гирифт, ки ҳамроҳи ду фарзандаш ба намоиш равад, то моҳу сайёраҳои дигарро бо  телескоп  аз наздик бинанд.

- Ростӣ, якум бор аст, ки Моҳро аз наздик дидам. Доғҳои рӯии Моҳ хеле калон будааст. Фарзандонам ҳам хеле хурсанд шуданд, зеро аввалин бор аз дурбин кайҳонро диданд. Онҳо бо шавқ гуфтанд, ки гӯиё Моҳро аз наздик мушоҳидакунон чуқуриҳое, ки дар он аст, низ диданд. Мутахассисони Планетария ҳам бо суханони одӣ дар бораи  тарзи ҳаракат ва сохти Моҳ маълумот доданд, ки ба хурду калон ҷолиб буд, -  афзуд Инъом Ҷумъаев.

Гуландом Самадова низ сокини миёнсоли шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барои дидани кайҳон ҳамроҳи 3 наберааш ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омад. Тавре гуфт, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр аввалин ташаббус аст, ки барои сокинон намоиши хиёбонии сайёраҳоро гузаронида истодаанд.

- Имрӯз аз 4 телескоп, ки дар саҳни Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ гузоштаанд,  сайёраҳои Моҳ ва Зуҳалро дидем. Албатта, мушоҳидаи сайёраҳо дар тасаввури  шахси хурду калон таъсири гуногун мебахшад. Масалан, набераам пас аз бо дурбин тамошо кардани Моҳ пурсид, ки оё дар он ҷо ҳам одамон ва обу ҳаво ҳаст. Ба ин савол роҳбалад Владислав Токарев посухи хеле хуб дод. Аз саёҳате, ки имрӯз доштем, сатҳи ҷаҳонбинии ману набераҳоям фарохтар шуд, - бо хушнудӣ гуфт  Гуландом Самадова.      

Ҳамзамон, дар гӯшаҳои Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ҷониби кормандони Планетария барномаи ҷадиди сонификатсия фаъол гардид, ки меҳмонони намоиш ба ҷуз аз тамошои сайёраҳои системаи офтобӣ бо телескоп, боз садое, ки дар кайҳон шунидан мумкин асту онро кайҳоннавардон сабт кардаанд, тариқи барнома шуниданд.

Барои хурсандии кӯдакон хизматрасонии рассом (аквагример), ки дар рӯйи бачаҳо образи қаҳрамонони филмҳои тасвириро бо рангҳои акварелӣ меофарад, ба роҳ монда шуд. Намоиши ракетаҳои парвозкунанда ва тайёраҳо  низ сурат гирифт.

Фирдавс Ашӯрматов тайи ду сол боз сарварии Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро, ки дар Тоҷикистон ягона аст, бар уҳда дорад.  Чанд сол қабл муассиса танҳо бо планетарияи шаҳрҳои Маскав ва Воронеж шартномаи ҳамкорӣ дошту халос. Имрӯз бо 40 планетарий аз 22 кишвар равобит дорад.

- Дар доираи  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҳамкориро бо планетарийҳои ҷаҳон давом додем. Аъзои Ассотсиатсияи байналмиллалии планетарияҳои олам гардидем. Аллакай аз планетарияи шаҳрҳои Дубай, Тошканд ва Остона боздид кардем.

Дар соли сипаришуда як гурӯҳ меҳмонон  ба Планетария омада буданд. Аз ҷумла, Владислав Токарев ҳам меҳмони Хуҷандшаҳр шуда буд. Ӯ сармутахассиси Планетарияи шаҳри  Барнаули Русия мебошад. Дар самти кор бо телескопҳо мутахассиси беҳтарин аст. Зимни гуфтушунид тасмим гирифтем, ки ҳамкориро бо Планетарияи шаҳри Барнаул қавитар мекунем, - гуфт  Ашӯрматов.

Бояд гуфт, ки Планетарияи шаҳри Барнаул дар баргузории намоишҳои хиёбонӣ дар Русия пешсаф аст. Кормандони он қариб ҳамарӯза намоиш мегузаронанд. Моҳи марти соли ҷорӣ дар Планетарияи шаҳри Барнаул ҳамоиши онлайнӣ доир гардид. Дар он  Фирдавс Ашӯрматов ҳамчун сарвари ягона Планетария дар Тоҷикистон ба таври маҷозӣ ширкат варзида, маърӯза кард.

-Барои тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон дар доираи ҳамкорӣ бо Планетрияи шаҳри Барнаул дар давоми чор рӯз барномаи намоишии хиёбонии Моҳ ва дигар сайёраҳоро таҳия кардем.

Боз намоишҳо тариқи таҷҳизоти рақамӣ дар толори осмони ситоразор низ ба роҳ мондем. Он ройгон баргузор гардид. Дар шаҳри Хуҷанд аввалин маротиба чунин ташаббус рӯйи даст гирифта шуд, - илова кард директори Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ.

Зимнан, Владислав Токарев, сармутахассиси Планетарияи шаҳри Барнаули Русия аз махсусияти обуҳавои Тоҷикистон, ки ҷиҳати мушоҳидаи сайёраҳо муосоид аст, ҳарф зад. Ӯ бори дувум  меҳмони шаҳри Хуҷанд шуд. Тавре вай афзуд, зимни намоиши хиёбонӣ дар ин шаҳр аз таваҷҷуҳи амиқи сокинон ба олами коинот ба ваҷд омад.

- Тоҷикистон иқлиму табиати нотакрор дорад. Барои мушоҳидаҳои астрономӣ рӯзҳои офтобӣ зарур аст. Дар Тоҷикистон чунин рӯзҳо зиёд буда, қариб ҳар рӯз осмон соф аст. Дар бораи расадхонаҳои Тоҷикистон низ маълумот дорам. Дар зодгоҳи ман - кишвари Олтой низ расадхонаҳои гуногун мавҷуданд, ки вазифаҳои гуногун доранд.

Дар пайи сафари кӯтоҳ ба Тоҷикистони офтобӣ нақша дорам, ки пас аз саёҳат дар Хуҷанд ба Душанбе ҳам сафар кунам.

Ҳавасмандем, ки ҳамкории Плантерияи шаҳри Барнаулро бо Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба роҳ монем, - гуфт Токарев.

Ӯ аз сафари навбатиаш таассуроти нек пайдо карда, бар ин назар аст, ки дар кишвари офтобии Тоҷикистон одамони некхоҳу меҳмондӯст хеле зиёд аст. Ба қавли вай, меваҳои лазизу шаҳдбор ва хӯрокҳои миллиаш ҳам мафтункунанда мебошад.

Зимни суҳбат Фирдавс Ашӯрматов  перомуни фаъолияти маҳфили доимоамалкунандаи "Авиамоделӣ ва ихтироъкорӣ"-и Планетария ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ таваққуф кард. Роҳбарии маҳфилро мутахассиси соҳибном Ҷалол Раҳимов бар уҳда дошта, ба шогирдон махсусияти сохтани тайёраҳои ҳаракаткунандаро меомӯзонанд.

Дар давраи таътили тобистонӣ ҷиҳати бештар ҷалб намудани кӯдакон ба касбу ҳунаромӯзӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва пур кардани фазои холии онҳо корбарӣ шуд. Ҳамарӯза хонандагон ба Планетария ба омада, аз ин имконияти хуб баҳраманд шуданд.

Ҳамзамон, аъзои маҳфилҳои муассиса дар озмунҳои сатҳи баланд ширкат меварзанд. Тавре иттилоъ додаанд, 11 хонандаи болаёқати Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии «Кайҳон аз нигоҳи кӯдакон», ки дар Планетарияи Иркутски Федератсияи Русия доир гардид, ғолиб омада, соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ шуданд.

 - Тибқи маълумоти Кумитаи тадорукоти озмуни байналмилалӣ, ба котиботи озмун 900 осори хонандагони болаёқат аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ворид гардида, дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорони озмун муайян шуданд.

Ҳамчунин 50 иштирокдори фаъол аз Тоҷикистон ва омӯзгорони онҳо бо сертификати байналмилалии ширкатварзидаи озмун сарфарозонида  шуданд. Озмун ба муносибати 90 — солагии зодрӯзи кайҳоннавард Юрий Гагарин баргузор шуда, хонандагони болаёқат офаридаҳояшонро дар мавзуъҳои “Кайҳоннавардон: дирӯз, имрӯз ва фардо”, “Дастгоҳи парвозкунандаи ман” ва “Ситораҳову сайёраҳо” пешниҳод карданд.

Ҳадафи озмун аз дарёфти истеъдодҳои нав дар риштаи рассомӣ ва тақвияти дониши кӯдакон оид ба кайҳон иборат буд, - илова кард Ф.Ашӯрматов.

Ёдовар мешавем, ки Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо ибтикор ва дастгирии Пешвои миллат таърихи моҳи марти соли 2020 дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ - истироҳатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар ин ҷо барои ихлосмандон ва дӯстдорони илми ситорашиносӣ намоишҳои илмӣ-маърифатӣ дар мавзӯи коинот ва илми нуҷум намоиш дода мешавад.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh