Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф хабар гирифт
- Details
- Published on Monday, 26 August 2024 15:31
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли як қатор собиқадорони соҳаи маориф, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбия намуданд, хабар гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дидорбинии Зайниддин Дадохӯҷаев ва Ваҳдат Охунов рафта, бо собиқадорони соҳаи маориф суҳбати самимӣ анҷом дод. Қайд гардид, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳамасола садҳо иншооти соҳа бунёду ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон, маоши кормандони соҳаи маориф низ марҳила ба марҳила зиёд шуда истодааст ва аҳли маориф барои тарбияи насли наврас саҳми шоиста мегузоранд. Давлату Ҳукумат хизматҳои собиқадоронро ҳамеша қард мекунад. Зеро онҳо дар пешбурди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саҳми муносиб гузоштаанд.
Сипас, роҳбари вилоят дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон Мавлуда Муҳаммедсаидова, Нина Новикова, Дилбар Рустамова ва Муборак Ҳамробоеваро хабар гирифта, ба собиқадорон туҳфаҳо супорид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд