Худафрўзӣ оини зиндагии ўст
- Details
- Published on Tuesday, 27 August 2024 13:15
Ирода, ҷасорат, садоқат, шуҷоату қаҳрамонӣ аз ҷинсият, қаду қомат, ҷуссаву бозуи калон вобаста нест. Ин хислатҳои мардона танҳо ба ақлу фаросату идрок, андешаву тафаккур, донишу маърифати инсонӣ вобаста аст. Агар Зан-Модар дорои чунин хислатҳои олӣ бошад, гӯянд, зани мардсифат. Зани дорои чунин хислатҳо натанҳо барои оилаву фарзанд, балки барои ҷомеа офарида шудаву ҳамеша худафрӯз ва дилсӯзи ҷомеа аст.
Матлаб аз ин гуфтаҳо, воқеан, ситоишу васфи Зан–Модаре аст, ки барҳақ, тамоми ҳастии худро ба хизмати мардуми диёр, давлату аҳли ҷомеа бахшидааст. Ин фарди накӯном Тӯхтанисо Сангинова мебошанд. Тӯхтанисо Сангиноваро, дар ҳақиқат хурду бузурги хоҷагии овозадори ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров модари маънавии хеш мехонанд.
Ин бонуи барӯманд зодаи сарзамини қаҳрамонони арсаи заҳмат – деҳаи Оқариқ (ҳозира Мусаффо)-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, санаи 27-уми августи соли 1942 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Духтари ҷаққону кордон пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа аз соли 1956, яъне аз синни чаҳордаҳсолагӣ ба арсаи меҳнат қадам ниҳод. Узви хоҷагии бонуфузу пешрафтаву овозадори давр–“Москва” (ҳозира ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) гардид ва тамоми ҳастии худ, шавқу иштиёқ ба меҳнати ҳалол ва оташи ҷавонии худро баҳри рушду пешрафти корҳои идеологӣ, муҳити маънавӣ, маданӣ - равшаннамоӣ ва беҳсозии ҳаёти иҷтимоии занони хоҷагӣ бахшид ва шӯҳрат ёфт. Баъдан таҳсилро дар мактаби миёнаи №6-и шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) идома дод.
Шарораи қалби Тӯхтанисои ҷавонро пири деҳқонони тоҷик, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз рӯзҳои аввал эҳсос намуда, баҳри амалӣ намудани ташаббусҳои дурбинонаву ояндабинонааш мусоидат менамуд ва дар симои ӯ духтари қавиирода, якрӯву якқавлро дида, ӯро духтархонди хеш хонд.
Яъне, сарвари хоҷагие, ки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ бо кору пайкор, бунёдкориву созандагӣ ва меҳнати фидокорона овозадору шӯҳратёр гашта буд, як духтараки наҳифпайкар, вале боматонатро ба худ духтархонд хонд. Чунонки худи муаллима бо ифтихор нақл мекунанд, дар маҷлиси васеи хоҷагӣ раисбобо Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар назди издиҳоми иштирокчиён боҷасоратона баромад карда, сухан гуфтанамро шунида, дар саҳна боздошта, таъкид карданд, “ҳамаатон медонед, ки ман як духтар доштам. Аз ҳамин рӯз эътиборан Тӯхтаҷон духтари дуюми ман аст”.
Ин расман духтари худ эълон доштани раисбобо барои мани ҷавон тасодуф не, балки ифтихори бузург ва бовариву эътимоди роҳбарияти хоҷагӣ буд ва масъулияти маро ба меҳнати садоқатмандона боз ҳам даҳчанд намуд.
Он айём, солҳои раисии Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев хоҷагӣ соҳиби шӯҳрат буду бисёр чорабиниҳои умумииттифоқӣ бо иштироки васеи меҳмонон аз давлатҳои шӯравӣ дар Қасри фарҳангии Арбоб баргузор карда мешуд. Табиист, ки дар ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, дар тарҳрезии нақшаҳои он саҳми аъзои хоҷагӣ, аз ҷумла, як нафар узви фаъоли ин хоҷагии азамат Тӯхтанисо бориз буд...
Ғайрат, мушкилнописандӣ, ташаббускорӣ, диду нигоҳи тоза, чашмикордониву ҷасорати Тӯхтанисо Сангинова ӯро дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ муваззаф намуд. Ӯ дар вазифаҳои пурмасъули раиси Шӯрои духтарони хоҷагӣ, муовини котиби ташкилоти комсомолӣ, котиби якуми ташкилоти партиявии хоҷагӣ, мудири боғчаю яслиҳои хоҷагӣ, муовини раиси хоҷагӣ оид ба масъалаҳои маданию маърифатӣ софдилонаву сидқидилона заҳмат кашида, дар пешрафту тараққиёти хоҷагӣ хизматҳои шоиста кардаанд.
Ташаббуси бузурги Тӯхтанисо Сангинова ин ташкили радиои колхозӣ буд, ки яке аз ровии он худи муаллима ба шумор мерафтанд. Муаллима дар радио маводҳои ҷолиби тарбиявию ахлоқӣ, ҳидоят ба меҳнатдӯстиву ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон, расидан ба қадри заҳмат, риояи урфу одатҳои оилаву оиладориро омода ва пешкаши сокинони деҳа мекарданд. Радиои колхоз ва наттоқони он дар хонаи ҳар як сокини ҳудуди хоҷагӣ бо барномаҳои ҷолиби хеш ҳамчун узви ҳар хонадон маҳбуб гашта буд, ки мардум муштоқона интизори барномаҳои он буданд.
Муаллимаро ҳанӯз аз давраи мактабхониам, ки ҳамчун муовини раиси хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар чорабиниҳо иштирок намудаву боҷасорат бо нутқи буррову чун оби равон баромадҳои пурмазмуну пурмӯҳтаво менамуданд, мешинохтаму эҳтирому ихлос ба шуҷоату донишашон доштам. Бо гузашти вақт дар таълимгоҳи деҳа омӯзгор ва ҷонишини раиси ҷамоат шудаму ҳамкориву вохӯриамон бо муаллимаи азиз бештару наздиктар шуд.
Аз суҳбатҳои самимиву модаронаву роҳбаронаи Тӯхтанисо Сангинова чунин дарёфтам, ки он кас дар ҳақиқат бо ақлу донишу фаросати фавқулодаи хеш дар қӯраи зиндагиву меҳнат пухтаву ба камол расида, соҳибмактаб ҳастанд. Аз ин лиҳоз, ба кадрҳои ҷавон, ки бо меҳнату заҳмати хеш, ғалтидаву хеста ба камол мерасанд, эҳтиром доранду самимона маслиҳатгару роҳнамову муттако ҳастанд ва то метавонанд ҳифзу ҳимоя менамоянд.
Муаллима зани ростқавлу ростбину ростгӯй ҳастанд. Ба қавле, сиёҳро сиёҳу сафедро сафед мегӯянд. Ба касе аз рӯи тамаллуқ ҳарф намезананд. Касе соҳиби вазифаву масъулият шавад, ҳатман табрик мекунанд ва аз суханони раисбобо Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев мисолҳо оварда, ҳатман таъкид менамоянд, ки вазифа омадан дораду рафтан. Вазифа гиред, хурсанд нашаведу равад, ғамгин. Ин мансаб ҳамеша ивазшаванда аст. Вале кӯшиш намоед, ки дар ҳама ҳолат дар мавқеи худ устувор бошеду дар коратон масъулиятшиносу содиқу сазовар, он вақт метавонед, соҳиби иззату эҳтиром гардед.
Тӯхтанисо Сангинова, ки хатмкунандаи шӯъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳастанд, донандаи бисёр шеъру гуфторҳои адибони классику муосир буда, ҳар сухану баромадашон чун ширу шакар равону зебост. Ҳар шунавандаро бо маҳорати баланди сухандониву суханварӣ қоил мекунанду тарғиботчӣ ва идеологи нотакрор ҳастанд.
Муаллима ҳамеша бо халқ буданду ҳастанд. Солҳои зиёд масъулияти вазифаи ҷамъиятии раиси маҳаллаи Тошхоҷа Асириро бар дӯш доштанду баҳри ободонӣ, мумфаршкунӣ ва чароғонкунии роҳҳои маҳалла, сарҷамъиву муттаҳидии сокинон, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ба созиш овардани оилаҳо талош мекарданд. Имрӯз ҳам чун пири кору зиндагӣ маслиҳатчиву машваратчии сокинони маҳалла мебошанд.
Зиндагиномаи муаллимаи азизро варақгардон намуда, инсон эҳсос менамояд, ки меҳнати ҳалолу содиқонаву софдилона ҳеҷ гоҳ баръабас намеравад. Заҳматҳои бенуқсону мондагори Тӯхтанисо Сангинова бо медалҳои ҷашнии “Барои меҳнати шуҷоатнок”, нишонҳои Аълочии ифтихории маориф ва илм, Аълочии фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кумитаи ҳизбӣ ва раёсати хоҷагӣ қадршиносӣ гардидаанд, вале худи ин бону нишони хоксорӣ, эҳтирому самимияти халқу ҷомеаро аз ҳама боло медонанд.
Дар оилаву оиладорӣ ва тарбияи фарзандону наберагон низ намунаи ибрату омӯзиш буда, имрӯз дар ҳалқаи онҳо давлатӣ пирӣ меронанд. Муаллимаи азиз бо ҷасорату иродаи қавӣ имтиҳонҳои зиндагиро мардонавор паси сар намуда, намунаи бузургии Зан-Модарро нишон додаанд. Фарзандону наберагон низ чун пайраву вориси модару бибӣ фаъолу пешсафи ҷомеа ҳастанд. Муаллимаи азиз барои хондану соҳиби маълумоти олӣ шудани наберагонашон хеле талош намуданд. Хушбахтона, онҳо низ заррае аз гуфти модаркалон берун намераванду имрӯз мавқеи хешро дар ҷомеа дарёфтаанд ва муаллима аз муваффақияти онҳо меболанду ифтихор доранд. Ҳастии худу хушбахтии хешро аз дастоварду муваффақиятҳои наберагони дилбандашон мебинанд, ки бигзор доимо чунин бошад.
Таманнои онро дорам, ки ба муаллимаи азиз ин саодатмандиву хушбахтии накӯи зиндагӣ пойдору поянда бошад, саломатиашон бардавом, умрашон пурбаракат, давлати бегазанди зиндагиашон устувор бошад ва ҷомеа аз донишу таҷрибаву тарбияву насиҳатҳои модаронаашон баҳраманд.
Аминҷон ШАРИФЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”