Суғд: омодагиҳо ба фасли сармо
- Details
- Published on Tuesday, 27 August 2024 13:23
Ҳамасола шурӯъ аз моҳи май дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистон оғоз мешавад. Дар ин замина масъулини шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла раисону муовинон ва соҳаҳои дахлдор ҷалб мегарданд. Соли равон низ вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд паси сар кардани фасли сармо ангишту ҳезум, маводи зидди лағжишу маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ аз рӯи нақшаи пешбинишуда, аллакай чанд фоиз захира карда шудааст. Вобаста ба ҳолати кунунии омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025 котиби ситод Озифхон Шарифзода маълумот дод.
- Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми марти соли 2024 таҳти рақами 192 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 - юми апрели соли 2024 таҳти рақами 86 ба тасвиб расида, тибқи он Ситоди вилоятӣ таъсис ёфт. Дар ин самт нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024 - 2025 иборат аз 27 банд тасдиқ шудааст. Вобаста ба масъалаи мазкур дар ҳамаи сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдор ба имзо расида, ситодҳо таъсис дода шудаанд. Намунаи шакли ягонаи ҳисоботдиҳӣ оид ба захираи маводи асосии хўрокворӣ, сўзишворӣ барои гармӣ, сўзишвории нақлиёт ва дигар маводи зарурӣ барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард дар давраи тирамоҳу зимистон, ки аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст, ба аъзои Ситоди вилоятӣ ва масъулини шаҳру ноҳияҳо ирсол карда, аз рўйи он корбарӣ идома дорад, - гуфт мавсуф.
Доир ба нақшаи захираи маводи асосии ғизоӣ барои солҳои 2024 - 2025 иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ захираи орд ба миқдори 2330 тонна, равған ба миқдори 680 тонна, биринҷ ба миқдори 544 тонна, шакар ба миқдори 233 тонна, консерва ба миқдори 55385 қуттии шартӣ, картошка ба миқдори 1401 тонна, пиёз ба миқдори 425 тонна ва сабзӣ ба миқдори 533 тоннаро дарбар мегирад.
Маъракаи харидан ва захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхона ва анборҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва нуқтаи фурўш, чун ҳамасола аз санаи якуми октябри соли ҷорӣ оғоз мегардад.
Нақшаи захираи маводи асосии гармидиҳӣ бошад, аз ҷониби сохторҳои дахлдори вилоят омода гардид, ки мутобиқи он захираи ангиштсанг 1580 тонна, ҳезум 455 метри мукааб, сўзишвории дизелӣ 782,5 ҳазор литрро дарбар мегирад.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати ташкил намудани шумораи зарурии нуқтаҳои фурўши ангиштсанг ва гази моеъ барои таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 - 2025 корбарӣ намуда истодаанд. Дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ дар конҳои ангишти вилоят барои таъмини талаботи кишвар 1077956,1 тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 284626,6 тонна зиёд мебошад.
Соҳаҳое, ки ба гармидиҳӣ ниёз дорад, ин соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва маориф мебошад. Ин ду соҳа бидуни гармӣ фаъолият бурда наметавонанд, зеро дар фасли сармо дар беморхонаву марказҳои саломатӣ барои хизматрасонӣ ба беморону мизоҷони муроҷиаткарда ва мунтазам кор кардани таҷҳизотҳои табобативу ташхисӣ мувофиқи мақсад аст. Аз ин лиҳоз, соҳаи тандурустиро бидуни гармӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар муассисаҳои маориф бошад, барои дуруст бо таълиму тадрис фаро гирифтани хонандагон ҳарорати синфхонаҳоро бояд муътадил нигоҳ дошт, ҳамчунин дар мадди аввал саломатии насли наврас ва ҷавононро бояд ба назар гирифт. Дар ҳолати сард будани синфхонаҳо хонандагон метавонанд бемор шаванд.
Вобаста ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025 дар ин ду соҳа иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои маорифи вилоят ба ангишт 16911 тонна ва ҳезум 8185,9 метри мукааб талабот муайян гардидааст. Дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ бошад, захира намудани 5298,3 тонна ангишт ва 1518 метри мукааб ҳезум ба нақша гирифта шудааст.
- Ба ҳолати 9 августи соли 2024 дар муассисаҳои соҳаи маориф захираи ангишт бо назардошти бақия 12207,6 тонна ва ҳезум 8025,3 метри мукаабро ташкил намудааст. Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бошад, захираи ангишт 2709,3 тонна ва ҳезум 998,2 метри мукааб бе назардошти бақияи аввали мавсим ташкил медиҳад.
Барои хариди сўзишворию равғанҳои молиданӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 25,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин бо мақсади барқарор намудани дегхонаҳои аз фаъолият бозмондаи ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва бо гармӣ таъмин намудани онҳо ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 1424,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои муассисаҳои соҳаи маориф 1124,1 ҳазор сомонӣ ва соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, - гуфт Озифхон Шарифзода.
Барои дар сатҳи зарурӣ паси сар кардани фасли сармо дар роҳҳои автомобилгарди вилоят низ омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Аз ҷониби ФШС “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар минтақаи Суғд нақшаи захираи 5000 тонна рег, 350 тонна намак ва аз тарафи муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят” нақшаи захираи маводи зиддилағжиш (бе назардошти бақия дар аввали мавсим) дар ҳаҷми 4446 метри мукааб муайян гардидааст. Омода намудани техникаю механизмҳои зарурӣ тибқи нақша ба роҳ монда мешавад.
Дар буҷети вилоят барои соли 2024 ҷиҳати харидан ва захира намудани маводи сўхт, ба маблағи умумии 22308,8 ҳазор сомонӣ, хароҷот пешбинӣ шуда, 21856,7 ҳазор сомонии он барои хариди ангишт равона шудааст, ки ба соҳаи маориф 16569,7 ҳазор сомонӣ, нигаҳдории тандурустӣ 4788,2 ҳазор сомонӣ, фарҳанг 267,8 ҳазор сомонӣ ва ба дигар соҳаҳои буҷетӣ 231 ҳазор сомонӣ, инчунин барои харидани ҳезуми сахт 452,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 370,5 ҳазор сомонии он ба соҳаи маориф, 73 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, 5,6 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фарҳанг ва 3 ҳазор сомонӣ ба дигар соҳаҳои буҷетӣ маблағ пешбинӣ шудааст.
Инчунин, бо мақсади сари вақт захира намудани маводи сўхт ба шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 10038,4 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Деваштич 1694,1 ҳазор сомонӣ, Ашт 1488,8 ҳазор сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ 633 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 494,1 ҳазор сомонӣ, Исфара 1362,4 ҳазор сомонӣ, Конибодом 1758,2 ҳазор сомонӣ, Спитамен 546,1 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 919,5 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 534,5 ҳазор сомонӣ, Шаҳристон 407,4 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Истиқлол 200,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки ба 100 фоизи нақша баробар аст.
Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ идома дорад ва бино ба гуфти масъулин то фаро расидани фасли сармо нақшаи пешбинишуда сад фисад иҷро хоҳад шуд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”