Рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон

Бахшида ба 100-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"

«Авиатсияи гражданӣ симои кишвар аст. Дар шароити мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият саҳми он дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ бебаҳо мебошад. Авиатсия фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро мепайвандад». 

Эмомалӣ Раҳмон

Аз таъсиси авиатсияи граждании Тоҷикистон имсол 100 сол ва аз таъсисёбии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 90 сол сипарӣ мегардад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола 3-юми сентябр Рӯзи авиатсияи гражданӣ қайд мешавад, ки он ба парвози нахустин ҳавопаймои сохти олмонии Ю-13 аз Бухоро ба Душанбе санаи 3-юми сентябри соли 1924 иртибот дорад ва аз ҳамин рӯз ин сана дар мамлакат Рӯзи авиатсияи граждании тоҷик қайд мегардад.

Аз ҳамаи намудҳои нақлиёте, ки имрӯз дар мамлакат мавриди истифодаанд, авиатсия аввалин шуда ду сол пеш аз автомобил ва 5 сол пеш аз поезд ба пойтахти Тоҷикистон омадааст. Ин буд, ки дар кишвар дар як муддати кӯтоҳ роҳҳои нави ҳавоӣ пайдо шуданд. Аввал дар Сталинобод аэроузел таъсис ёфта, соли 1930 фурудгоҳи дараҷаи якум мавриди истифода қарор гирифт. Сипас, парвозҳо ба минтақаҳои мушкилгузари Қаротегин, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Бартанг, Яғноб ва ғайра амалӣ гаштанд.

Соли 1937 Раёсати минтақавии Флоти ҳавоии Тоҷикистон (ФҲТ) таъсис ёфт. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳавопаймоҳои нав гардад. Дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон аввалин парвоз бо хатсайри Сталинобод-Москва тавассути ҳавопаймои Ли-2 амалӣ гаштааст.

Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ парки авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймои машҳури Ан – 2 пурра гашт. Ин ҳавопаймо натанҳо бору мусофир мекашонд, балки дар корҳои кишоварзӣ низ васеъ истифода мешуд.

Солҳои 70-80-уми асри гузашта барои авиатсияи граждании Тоҷикистон солҳои пешрафт маҳсуб мешаванд, зеро баробари васеъ шудани хатсайрҳо парки ҳавопаймоҳои Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои тамғаҳои нав пурра мегардид.

Авиатсияи граждании тоҷик гарчанде таърихи садсола дорад, вале дар кишвари мо асосан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумуъ карда, ба дастовардҳои зиёд ноил шуд.

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” низ аз самара ва баракати соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳили нави рушд расид. Ин фурудгоҳ агарчи таърихи 90-сола дорад, вале давоми солҳои охир куллан шаклу намои дигар гирифт. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо роҳандозии  тадбирҳои азнавсозии куллӣ  симои худро ба хубӣ тағйир дода, ба яке  аз беҳтарин фурудгоҳҳо дар минтақа табдил ёфт.

Маҳз суботу оромӣ ва файзу баракати Истиқлоли давлатӣ буд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  ҷиҳати фароҳам овардани шароиту имконияти корӣ ба кормандон бинои маъмурӣ пурра таъмир гардида, иншооти дигари хизматрсонӣ  бо шароити муосири корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар баробари ин дар як вақт корҳои ободониву созандагӣ ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу гулу буттаҳои ороишӣ минтақаҳои дигари фурудгоҳро зебу оро дода, роҳи протаколӣ бунёд шуд ва марҳила ба марҳила намои фурудгоҳ дигаргун гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар солҳои охир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус, ҷиҳати мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом шуданд.

Аз корҳои мондагору таърихие, ки дар ин марҳила дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд анҷом пазируфт, ин  бо ибтикор ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари фурудгоҳ Қурбони Алимардон дар саҳни фурудгоҳ  бунёди Маҷмааи таърихиву ёдгории “Дуои модар” ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳастии ӯ ва қадршиносии офарандагони ҳастии рӯи замин бунёд карда шуд, ки  дар кишвар аввалин муҷассамаи азим мебошад ва он дар саҳни фурудгоҳ басо рамзист. Муҷассамаи “Дуои Модар” 7-уми октябри соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд ва ин иқдоми наҷиби роҳбари фурудгоҳро мардуми сарбаланди кишвар бо хушнудӣ пазируфта, дар ҳаққаш  таҳсину офаринҳо хонданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баҳри мукаммал ва муосиргардонии парки мошинҳои махсус дар солҳои охир наздик 150 адад техника ва мошинҳои махсуси хизматрасонӣ ба тайёраҳо харида шудааст. Барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт сохта шуда истода, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон бунёд гардида истодааст, ки фаъолияти фурудгоҳро дар самти сифати хизматрсонӣ хеле беҳтар намуд.

Корҳои ободониву созандагӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи санаҳои фархунда идома доранд. Аз ҷумла, бояд гуфт, ки дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат” дар Фурудгоҳ сохтмони фабрикаи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ ва Маҷмааи зебову замонавии “Кайҳон”, ки аз ошхонаву тарабхона ва меҳмонхона иборат мебошад, дар марҳилаи анҷомёбист. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур туҳфаи хубе хоҳад шуд ба истиқболи ҷашни 100-солагии Рӯзи авиатсияи граждании тоҷик ва 90-солагии таъсисёбии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд.

Бо ибтикору ташаббуси роҳбарияти Фурудгоҳ ва маблағгузории ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ҷиҳати ободу зебо гардонидани дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (Путовский) пули мошингузар бо тарҳу шакли муосир бунёд ва дар арафаи ҷашни муқаддаси 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии Авиатсияи граждании кишвар мавриди истифода қарор мегирад, ки басо рамзист.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох шуд. Ба роҳ мондани парвозҳо наздик ба 30 кишвари дуру наздик ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ далели гуфтаҳост.

Бояд эътироф кард, ки авиатсия яке аз бахшҳои муҳимтарини хоҷагии халқи кишварамон ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, ҷиҳати рушду такмили ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа вазифагузорӣ менамояд.

Имрӯзҳо ҷомеаи меҳнатии Фурудгоҳ бо шукргузорӣ аз истиқлолу оромӣ ва фазои мусоиди корӣ 100-солагии Авиатсияи граждании мамлакат ва 90-солагии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро истиқбол намуда, баҳри пешрафти соҳа аз собиқадорону устодон дарси сабақ омӯхта, саҳмашонро барои рушди минбаъдаи соҳаи авиатсияи мамлакат хоҳанд гузошт.

Бунёдгузори тарҳу симои нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва дастовардҳои назарраси авиатсияи граждании Тоҷикистонро дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз ба роҳандозии тадбирҳои муҳиму саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Фурудгоҳ Қурбони Алимардон метавон арзёбӣ намуд.

Сино ҒАФУРӢ,

мутахассис оид ба ҳамкорӣ бо ВАО-и ҶСК "Фурудгоҳи

байналмилалии Хуҷанд"

Add comment


Security code
Refresh