Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар Исфара

31 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Бобоҷон Ғафурови шаҳри Исфара оғоз ёфт.

Қабл аз оғози корҳои мумфаршкунӣ тӯли ду моҳ аз ҷониби мутахассисон дар кӯчаҳои зикршуда қубурҳои обу ташноб ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ нав карда шудааст.

Тибқи иттилои масъулин барои мумфаршкунии роҳи кӯчаҳо 3 миллион сомонӣ равона карда хоҳад шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон аз густариши корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Исфара ёдовар шуда, таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят бунёдкориҳо ҷараён дорад. Саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст дар амалисозии иқдому ташаббусҳои наҷиб назаррас буда, мардум барои ободонии диёр талош намуда истодаанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шарафманди вилоят ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаву шоиста истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh