Дар деҳоти ноҳияи Ашт 130 км роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шуд
- Details
- Published on Thursday, 05 September 2024 10:11
4 сентябр дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи дохилӣ оғоз бахшида шуд.
Маълумот дода шуд, ки дарозии роҳи мумфаршшаванда наздик як километрро ташкил дода, паҳноиаш то 5 метр мебошад. Корҳои роҳсозӣ аз тарафи ҶДММ «Фурсат» анҷом дода шуда, барои ин техникаҳои муосири роҳсозӣ ҷалб гардидааст.
Бояд таъкид кард, ки дар ноҳияи Ашт ва тамоми деҳоти он, аз ҷумла ҷамоати Ориён корҳои ободониву созандагӣ ва мумфаршкунии роҳҳо вусъат меёбад, ки дар иҷрои корҳо сокинон аз худ фаъолнокии бештар нишон медиҳанд.
Дар партави мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеъа ва ходимони дин сокинони ноҳия ба корҳои хайру савоб ва ободониву созандагӣ бештар машғул мешаванд. Кулли сокинон азми қавӣ доранд, ки тамоми кучаҳои деҳаро пурра аз таъмир бароварда, барои рафту омад шароити хуб фароҳам оваранд. То имрӯз дар ҷамоати Ориён 22 км роҳи маҳаллӣ пурра асфалтпӯш гардида, то охири соли ҷори ин рақам то ба 30 км расонида хоҳад шуд.
Мумфаршкунии роҳҳо дар тамоми ҷамоату деҳоти ноҳияи Ашт бомаром идома дошта, то ин дам зиёда аз 130 км роҳи маҳаллӣ бо харҷи беш аз 51 миллион сомонӣ пурра мумфарш гардидааст.
Сипас, роҳбари вилоят чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд