Оё аз филмҳои тасвирӣ забон омўхтан мумкин аст?

Дар сомонаҳои интернетӣ пайдо кардани филмҳои хуби тасвирӣ бо забони тоҷикӣ, ки тамошояш ба кӯдакони синни томактабӣ мусоид бошад, хеле душвор аст. Зимнан, дастрасӣ ба чунин муҳтаво, ки бо забонҳои русиву англисӣ, чиниву ӯзбекӣ таҳия шудааст, осонтар аст. Аз ин рӯ, волидон маҳз аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ филмҳои тасвирӣ ёфта, ба тамошои бемалоли фарзандон замина фароҳам меоранд.

Мо бо суоли «Ба кӯдаконе, ки сухан карданро нав ёд гирифта истодаанд, тамошои барзиёди филмҳои тасвирӣ бо забонҳои русиву англисӣ чӣ гуна таъсир расонда метавонад?” назари чанд тан волидон, ҳамзамон, фикри забоншинос, равоншинос ва логопедро пурсон шудем.

Корбари шабакаи иҷтимоӣ, Абдураҳим Худойбердиев бар ин назар аст, тамошои филми тасвирӣ, ки бо забони модарии кӯдак нест, таъсири бад надорад.

- Мисол, кӯдак филми тасвириеро, ки ба забони русӣ аст, тамошо карда, калимаҳои нофаҳми даашро аз падару модараш пурсад, хуб аст. Бо тамошои чунин филмҳо забонро тезтар ёд мегирад, - мегӯяд Худойбердиев.

Дилафрӯз Баҳромзода, модари тоҷик аз таҷрибааш нақл кард, ки фарзандонаш аз хурдфилмҳои тасвирии истеҳсоли Россияро тамошо карда, забони русиро омӯхтаанд.

- Вақте онҳо ба гуруҳи русии кӯдакистон сафабар шуданд, дар муошират азоб накашиданд. Забони модариро дар муҳити хона ҳам ёд гирифтан мумкин аст, - бовар дорад Дилафрӯз.

Умед Мансуров, падари миёнсол, иқрор шуд, ки забони русиро маҳз аз тамошои телевизион ва синамо ёд гирифтааст. Аз ин рӯ, ба фарзандонаш ҳам таъкид мекунад, ки ба ҷойи вақтро бо телефонбозӣ гузаронидан филмҳои тасвирӣ бинанд. Ба назари вай, бачагон аз тамошои он забон ёд мегиранд ва ҳам дар бораи рангҳо, рақамҳо, олами ҳайвонот ва чӣ тавр будани сохти муҳити зист маълумот мегиранд.

 - Филмҳои тасвирие, ки хусусияти омӯзишӣ доранд, кам нестанд. Дар кишвари мо муаллимони хуби забонҳои русӣ ва хориҷӣ каманд. Аз ҳамин сабаб, забони русӣ ва англисиро аз филмҳо ёд гирифтан роҳи хубест, - баён дошт Умед.

Мижгона Насруллохонова, истифодабарандаи дигари шабакаи иҷтимоӣ фикри дигар дорад.

- Одами пуртаҷриба нестам, аммо бо боварии комил мегӯям, ки тамошои зиёди филмҳои тасвирӣ, ки дар хориҷ истеҳсол шудаанд, на ҳамеша таъсири мусбат доранд. Зеро мазмуну мундариҷаи онҳо ба фарҳанги мардуми тоҷик наздик нест. Кӯдакон хештаншинос намешаванд. Ба ҷо овардани ҳурмати волидонро фаромӯш карда, мустақилписанд мешаванд. Барои ҳамин аввал кӯдакон забони модариро хуб ёд гиранд, баъд забони хориҷиро аз худ намоянд”, - афзуд Мижгона.

Алишер Исмоилов ном корбар ақида дорад, волидон кӯшиш намоянд, ки кӯдакон ба тамошои филмҳои тасвирӣ одат накунанд, баръакс бо ҳамроҳии хурдсолон хондану нақли афсонаҳои халқи тоҷикро ба ҳукми анъана дароранд.

- Зеро тамошои ҳама гуна филмҳои кӯдакона бачаро танбал мекунад. Аз фикрронӣ бозмедорад, - илова кард вай.

Муҳаммадюсуф Самадзода падари духтараки 4-солае аст, ки филмҳои тасвирии ба забони англисӣ сохташударо бисёр медидааст. Падари ҷавон аз тарзи суханронии духтаракаш ба ваҷд омадааст.

- Духтарам фикрашро бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ифода мекунад. Филмҳои тасвирии “Танк Джуниор” ва “Я чемпион”-ро қариб ҳар рӯз тамошо мекунад, - гуфт Муҳаммадюсуф.

Зимнан, мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, равоншиносӣ ва логопедия (илм оид ба иллати нутқ ва ислоҳи он) шарҳ доданд, ки кӯдакони хурдсол бояд кадом филмҳои тасвириро тамошо кунанд ва волидон чӣ гуна рафтор намоянд.

Мушаррафа Ҷӯраева, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналисткаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар самти медиалингвистика пажуҳиши арзишманд анҷом додааст.

Ба андешаи ӯ, барои кӯдакони хурдсол дар марҳилаи аввали инкишоф, ки гап заданро ёд гирифтани онҳо ба ҳамин давра рост меояд, муоширати волидон, махсусан, модар аз ҳама муҳимтар аст. Тифл аз рӯзҳои аввал ба муоширати модар ниёз дорад. Дар сурати хоҳиши аз рӯзҳои аввал, ғайр аз забони модарӣ ба фарзанд ёд додани дигар забонҳо низ аввал падару модар бояд саҳмгузор бошанд.

- Ба назари ман, ба тамошои филмҳои тасвирӣ модар бояд ҳамроҳ бошад ва дар заминаи он низ бо тифли худ гуфтугӯ кунад ва ҳаргиз дар сари ин машғулият ӯро танҳо нагузорад. Албатта, кӯдак дар заминаи тамошои пайвастаи филмҳои тасвирие, ки муколамаҳо доранд, бешак, забони ҳамон персонажҳоро ёд мегирад ва ҳатто бо атрофиён бо ҳамон забон (аз ҷумла, русӣ) суҳбат карданро меомӯзад. Дар натиҷа, то як андоза аз забони модарии худ дур мегардад, - илова кард забоншинос.

Мушаррафа Ҷӯраева аз рӯи таҷриба ва мушоҳидаҳояш изҳор кард, ки ба кӯдак аввал забони модариро ёд додан зарур аст. Омӯхтани забонҳои дигарро фақат ба зиммаи тамошои филмҳои тасвирӣ вогузор кардан чандон матлуб нест.

- Як мисолро аз ҳаёти яке аз оилаҳои тоҷик меорам. Вақте ки фарзанд ба дунё меояд, аҳли оила – модар, падар, бибӣ ва хоҳар бо мақсади якбора забондон кардани кӯдаки хурдсол бо чор забон гап мезананд, инчунин, тамошои филмҳои тасвирии гуногунро ба ихтиёри ӯ мегузоранд. Дар натиҷа, кӯдак якбора аз гап мемонад. Аҳли оила фикр мекунанд, ки кӯдак ба бемории аутизм гирифтор аст ва ӯро табобат карданӣ мешаванд. Хушбахтона, як равоншинос аз модари тифл мепурсад, ки бо кӯдакатон бо кадом забон гап мезанед? Модар мегӯяд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ. Сабаби аз гап мондани кӯдак раҳгум задани ӯ дар миёни ин забонҳо ва аксар вақт бо филмҳои тасвирӣ танҳо ба танҳо мондани ӯ будааст, - нақл кард ӯ.

Маъруфҷон Бобоҷонов аз зумраи сурдопедагогҳо ва логопедҳои пуртаҷриба дар вилояти Суғд мебошад. Ӯ бо кӯдаконе, ки нутқашон бо иллатҳои гуногун рушд наёфта ё гум шудааст, кор мекунад.

- Вақте ки кӯдакон ба тамошои зиёди филмҳои тасвирӣ дода мешаванд, ба бемории логонервоз (тарзи нодуруст суханронӣ кардан) гирифтор мешаванд. Ба мо бештар волидоне, ки кӯдакашон зеҳни солиму нутқи қафомондаву нодуруст доранд, муроҷиат мекунанд. Албатта, сарчашмаи чунин иллат гуногун буда метавонад. Масалан, кӯдак аз тамошои филмҳо тарсида, дар нутқ лакнат пайдо мекунад, - гуфт логопед.

Логопеди тоҷик ба волидон тавсия медиҳад, ки ба дасти кӯдакон камтар телефон диҳанд. Онҳоро бо бозиҳои серҳаракат ҷалб кунанд. Барои гузаронидани чунин бозӣ ашёҳои хурди рангдор ва ё бозичаҳо лозим асту халос, - фаҳмонид логопед. - Бозӣ метавонад аз чунин қисмҳо иборат бошад; бозичаҳоро дар ягон ҷои амн пинҳон кардан, бо кӯдак чизҳои пинҳонкардаро ёфтан, аз рӯи рангу ҳаҷм ҷудо кардани бозичаҳо ва ғайра. Бо ин роҳ кӯдак ҳангоми ҷустан ҳаракат мекунад, рангро шиносад ва ҳам сухан гӯяд.

Ӯ ҳамчун сурдопедагог ба таълимгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст дар вилояти Суғд дарс медиҳад. Дар рафти дарс аз бозиҳои серҳаракат истифода мебарад, ки барои рушди нутқ ва талаффузи дурусти овозҳо мусоидат мекунад.

Камолиддин Ғоибов, дотсент, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ гуфт, ки агар кӯдакон филмҳои тасвириро зиёд тамошо кунанд, ба аломатҳои тағйирёбии ҳолатҳои эмотсионалӣ дучор мешаванд. Кӯдак зери таъсири мундариҷаи филм ба изтироб омада, характери персонажҳоро қабул мекунад. Баъдан чунин кӯдакон дар муносибат ба ҳолатҳои агрессивӣ роҳ медиҳанд, ки боиси мутобиқ нашудани онҳо бо ҷамъият мегардад.

- Кӯдак дар 1 шабонарӯз ҳамагӣ 2 соат филм тамошо кунад, кифоя аст. Ин вақтро бояд дуруст тақсим кард. Масалан, ҳангоми субҳона 10 – 15 дақиқа дар кӯдакистон ҳам то 15-20 дақиқа тамошои филмҳои тасвирии хусусияти тарбиявидошта бояд ба роҳ монда шавад. Пас аз боғча дар хона филмҳои дилхоҳ, ки барои ором кардани ҳолатҳои эмотсионалӣ муосид аст, дида метавонанд. Агар тамошо аз меъёр гузарад, кӯдак осеби равонӣ пайдо мекунад. Махсусан, дар натиҷаи тамошои бештари филмҳои истеҳсоли Ғарб дар вуҷуди кӯдак ҳиссиёти тарс пайдо мешавад. Онҳо ба муҳити филмҳои зоҳиран шавқовар вобастагӣ пайдо мекунанд, ки оқибати хуб надорад. Кӯдакро аз олами бачагиаш дур мекунад, - шарҳ дод Камолиддин Ғоибов.

Пӯшида нест, ки имрӯз бархе аз волидон дар вақти тамошои филм кӯдакони хешро назорат намекунанд.

- Ин ба парокандагии забонӣ оварда мерасонад. Кӯдак дар вақти баёни фикр як калима тоҷикӣ, се калима русӣ ва як-ду калимаи англисиро ба забон меорад. гурӯҳи кӯдаконе, ки филмҳои тасвирии зиёд мебинанд, иллатҳои нутқӣ пайдо мекунанд. Масалан, ҳарфи “р” гуфта наметавонад, овозҳои “с” ва “ш”, “з” ва “с” ва ғайраро иваз мекунад, - изҳор дошт Камолиддин Ғоибов. - Бархе волидайн бар ин боваранд, ки кӯдак филмҳои тасвирӣ тамошо карда, гӯё худ аз худ забон ёд мегирад. Баръакс, диққати ӯро бештар тарзи гуфтугӯ, амал ва муносибати қаҳрамонони филм ба худ мекашад. Забономӯзӣ аз филмҳои тасвирӣ имкон дорад, ки рафти тамошои кӯдакро зери назорат гиранд ва нутқи нодурусти ӯро ислоҳ кунанд.

Файзуллохон ОБИДОВ,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh