Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад
- Details
- Published on Tuesday, 05 November 2024 11:59
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дорад.
Дар ин раванд ба мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон роҳҳои байни маҳаллаҳо аз таъмир бароварда мешавад.
4 ноябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи Бобоҷон Ниёзов оғоз бахшида шуд.
Дарозии роҳи мумфаршшаванда 1 километрро ташкил карда, он бо ташаббуси сокинон ва маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи саховатмандон таъмир хоҳад шуд.
Роҳи мазкур солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинон ҳал хоҳад шуд.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинони ҷамоат барои амалисозии иқдоми наҷиб изҳори сипос намуда, илова кард, ки бояд барои ободонии диёр ҳар як сокини вилоят саҳмгузор бошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд