Инсони қавлу амал
- Details
- Published on Monday, 11 November 2024 10:28
Нафаре, ки касбашро дӯст медораду содиқонаву софдилона заҳмат мекашад, ҳамеша дар байни ҷомеа шуҳратёр аст. Хоса касбе, ки рамзи сафедӣ, рӯшноӣ ва ҳидоятбахшандаи роҳи сафед ва умеду орзу барои фардост. Гумон мекунам, ин касби бошарафу боифтихору умедбахш, ки бо ҳифзу ҳимояи ҷисму ҷони инсон, сарвати бебаҳои давлату миллат сару кор дорад, ҳамеша садоқату вафодорӣ ва ҳалолкориву худафрӯзиро тақозо дорад.
Хушбахтона, ҷаҳон бо инсонҳои накӯкору накӯрафтор пойдор асту ҷовидон. Он нафарон, воқеан ворису пайрав ва номбардори ҳақиқии Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино ҳастанду идомабахши кору пайкори ин нобиғаи тибби Шарқ. Новобаста аз он, ки илму технологияи муосир бамаротиб пеш рафтаву таҷҳизоти нави замонавӣ мавриди истифода қарор дорад, вале муҳим аз ҳама муомилаву муошират, таваҷҷӯҳу эътибор ба тақдири бемор аз ҷониби шифокор аҳамияти муҳим дораду арзиши баланд.
Фазилатҳои олии инсонӣ, соҳибистеъдодиву дармонбахшии яке аз духтурони дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, асабшинос Исломхон Иброҳимовро ҳанӯз аз солҳои 2001-ум ҳангоми дар ноҳия фаъолият бурдан бисёр шунидаву мешинохтам. Огаҳӣ доштам, ки нафарони зиёд аз зумраи роҳбарони муассисаву идораҳои давлатии вилоят маҳз дар беморхонаи ноҳиявӣ, аз ин табиби дардошно табобат мегирифтанду эътиқод доштанд. Исломхон Иброҳимовро ҳамчун духтури доимиву оилавии худ интихоб карда, чун соҳибмаслиҳати хеш эътимод доштанду доранд. Яке аз дӯстону эътиқодмандаш ходими ҳизбиву давлатӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар мебошад. Наим Мунаввар ҳамеша бо ихлос таъкид медорад, ки Исломхон Иброҳимов воқеан дӯстдор ва донандаи хуби касби хеш мебошаду ба ҳар бемор бо масъулияту муҳаббати хос таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.
–Рӯзе як нафар ходими ҳизбӣ ба ман бо изтироб баён дошт, ки наберааш бемор асту бояд ҳар вақти муайян ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои табобат барад, вале он айём марзҳо, ки маҳкам буд, муаммои зиёде пеш меомад. Тавсия додам, ки як маротиба назди духтур Исломхон Иброҳимов баранд,–гуфт Наим Мунаввар.
Тифлро назди духтур мебаранд, аз бемориаш ҳарф мезананд, вале аз табобати дар шаҳри Тошканд гирифтааш намегӯянд. Духтур Исломхон Иброҳимов айнан ҳамон доруву табобатҳоеро, ки шифобахшони Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфтаанд, тавсия медиҳад. Бобо ва модари кӯдак бо эътиқоди комил ба духтур баён доштанд, ки вақте худамон чунин мутахассиси асил ва соҳибдониш дорем, пас чӣ зарур аст сарсониву хароҷоти беҳуда, ба дигар ҷумҳур рафтан. Табобати минбаъдаро фарзанди онҳо назди духтур Исломхон Иброҳимов гирифт ва албатта, дармон ёфт,–гуфт Н.Мунаввар.
Вақте дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият доштам, ҳамкорамон, шахси бароям азиз, собиқадори соҳаи матбуот, рӯзноманигори шинохта Мазбутҷон Воҳидов ҳамеша дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров табобат мегирифт. Аёнам шуд, ки пизишки табобаткунандааш Исломхон Иброҳимов будаасту ба тарзи табобати ӯ ихлоси калон доштааст.
Соле қабл Мазбутҷон Воҳидов як очерки хеле пурмуҳтаворо доир ба кору фаъолияти духтур Исломхон Иброҳимов ба рӯзнома манзур намуд, ки бо муҳаббат, эҳтирому самимият ва эътиқоду эътимоди баланд нисбат ба инсонигариву соҳибкасбиву соҳибистеъдодии эшон иншо шуда буд. Он фарогири тамоми паҳлӯҳои ҳаёту зиндагии духтур, таҳсилу фаъолият, шогирдпарвариву мизоҷонаш аз тамоми қаламрави кишвар ва берун аз он буд.
Ҳамин шунидаву мутолиаҳо дар ҳаққи Исломхон Иброҳимов эътиқоду боварии маро низ нисбат ба духтур баланд намуд. Зарурате пеш омад, то ба Исломхон Иброҳимов ҷиҳати табобати пайванди азизам муроҷиат намоям. Вобаста ба вазъу шароит барои табобат ба яке аз шогирдонаш тавсия доду ҷараёни онро мунтазам пурсидаву зери назорати хеш қарор дод. Чунин дарёфтам, ки Исломхон Иброҳимов духтури асил, масъулиятшинос, инсони комили қавлу амал аст. Рисолати касбии хешро бо меҳнати ҳалол содиқонаву софдилона ба ҷо оварда, дар байни ҷомеа мавқеи хешро дарёфтааст. Сӯҳбатҳояш олимона.
Дар соҳаи тиб ҳамадон аст, ки аз мутолиаи китоби бисёр сарчашма гирифтааст. Аз куллиёти бисёрҷилдаи яке аз олимон ҳарф зада, баён дошт, муҳим теъдоди ҷилд нест, муҳим муҳтаво ва манфиати он барои ҷомеа аст. Албатта, тавсияву нуктаҳои нодир низ дорад. Ин гуфтаҳои духтур шаҳодати он аст, ки ӯ нафақат хонандаи адабиёти соҳаи тахассуси худ аст, балки аз адабиёти бадеиву илмии милливу ҷаҳон низ бархурдор аст.
Имрӯз ният дорад, ки таҷрибаи бисёрсолаи хешро дар ҳифзу ҳимояи саломатии ҷомеаву миллат китобат намуда, манзури шогирдону мардуми сарзаминамон созад. Дар ин ҷода барояш илҳоми саршор, қалами сабз орзу менамоем.
Ёдовар мешавем, ки Исломхон Исмоилович Иброҳимов зодаи парвозгоҳи бузургон–ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 10-уми марти соли 1958 дар деҳаи Хистеварз таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаб-интернати шаҳри Бӯстон соли 1974 ба Донишгоҳи тиббии осиёимиёнагии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил шуда, онро соли 1981 хатм намуд.
Исломхон Иброҳимов бо ақлу дониш, малакаву маҳорат фаъолияти босамар ва навовариҳо нишон дода, байни сокинони вилоят ва берун аз он соҳибэҳтиром гардидааст. Ӯ аввалин шуда дар вилоят дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шӯъбаи бемориҳои асабро ташкил ва усулҳои нави муоинаи компутерии замонавиро татбиқ намуд.
Ҳамқадами замон будану ташкилотчигиву ташаббускорӣ ва навҷӯиҳои пайвастааш ӯро водор сохт, то барои беморон Маркази асабшиносии алоҳида бунёд намояд. Он шифохонаи бемориҳои асаб ҷавобгӯй бо тамоми шароитҳои замони муосир дар шафати Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд ёфта, худи Исломхон Иброҳимов дар он ба ҳайси роҳбари корҳои муолиҷавӣ фаъолият бурда истодааст ва дар як вақт масъулияти раиси Шӯрои асабшиносони назди Раёсати тандурустии вилоятро низ бар дӯш дорад.
Исломхон Иброҳимов бо заҳмати садоқатмандона барои халқу ҷомеаву Ватан бо чандин ифтихорномаю сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилоят қадршиносӣ гардидааст. Вале аз ҳама муҳим барои фарди шариф эҳтирому боварии халқ барои касби бошарафу инсонигарии баланду донишу истеъдоди фавқулодааш, ки бо кӯшишу ғайрат ва ҷаҳду талоши хеш насиб гардидааст, маҳсуб меёбад.
Хоҳони он ҳастем, ки сафи чунин табибони нексиришту некхоҳу неккор дар байни шифокорон афзуда, содиқ ба қасами хеш баҳри ҳифзу нигаҳдошти саломатии халқу миллат садоқатмандонаву софдилона хизмати мондагор анҷом диҳанд.
Аминҷон ШАРИФЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”