Бунёди роҳи пиёдагард дар соҳили Сирдарё идома меёбад
- Details
- Published on Monday, 11 November 2024 11:31
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо гардондани соҳили Сирдарё ва ташкили инфрасохтори зарурӣ барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, ҷалби бештари сайёҳону ҷаҳонгардон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Дар доираи корҳои ободонӣ то имрӯз аз пули асосӣ то пули "Ҷашнӣ" бо дарозии 2 километр ва паҳноии 8-10 метр роҳи пиёдагард ва макони истироҳативу фароғатӣ бунёд шуда, барои сайру гашт дар соҳили дарё ва обу тоби бадан шароит фароҳам оварда шуд. Дар идомаи созандагиҳо бунёди роҳи пиёдагард аз дуюм самти пули асосӣ то ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба» ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи якшанбеи 10 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини идораҳои дахлдор аз ин мавзеъ боздид карда, барои таҳияи нақшаи бунёди роҳи пиёдагард дар соҳили дарё супоришҳо дода шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар назди масъулин масъулин барои васеъсозии роҳ, гузаронидани корҳои ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани соҳили дарё, бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва оғози корҳои асосӣ вазифагузорӣ намуд.
Раиси вилоят ҳамзамон аз дигар мавзеъҳои соҳили Сирдарё боздид карда, барои дар оянда низ бунёд намудани роҳҳои пиёдагард ва зиёд намудани ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ ба роҳбарияти шаҳр ва ниҳодҳои марбута дастурҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд