Сифат ё нарх? Ба кадоме бояд бовар кард?

Таъмини сокинони кишвар бо маҳсулоти фармасевтӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, зеро пешравии ҳар давлат аз солимии шаҳрвандон сурат мегирад. Ин аст, ки тӯли чанд сол воридоти маҳсулоти доруворӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои сардори Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ба вилоят 1672,4 тонна маҳсулоти доруворӣ ба маблағи 5 миллиону 665,4 ҳазор доллар ворид шудааст. Боиси қайд аст, ки соҳибкорон барои воридоти маҳсулоти доруворӣ бо беш аз 15 давлати ҷаҳон шартномаи ҳамкорӣ доранд ва миқдори зиёди он аз кишварҳои Ҳиндустон, Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  ворид шудааст. 

Тавре ҳамагон хуб огаҳ ҳастем дар нуқтаҳои фурӯши доруворӣ миқдори зиёди дорувориҳои гуногунном, вале таркибан якхела зиёд ба назар мерасад ва дар ин замина харидорон низ баҳри аз кадоми онҳо истифода бурдан ба мушкилӣ дучор мешаванд.

Сокини ноҳияи Мастчоҳ Муллоназар Муллоев солҳои зиёд дар самти фурӯши маҳсулоти фармасевтӣ фаъолият дошт. Ӯ бар он ақида аст, ки набояд ба таҷрибаи фармасевтон бовар кард ва барои саломатии худро зудтар барқарор кардан бояд аз дорухат истифода баранд.

- Фаъолияти кориам асосан дар давраҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифтааст, он солҳо номгӯи дорувориҳо зиёд набуд ва ҳар бемор номи онро аз ёд медонист. Ҳоло бошад, номгӯи он он қадар зиёд шудааст, ки шахс кадоме аз он истифода бурданро намедонад. Табибон номгӯи доруро тавсия медиҳанд, фурӯшандагон бошанд нарх ва тамғаи давлати истеҳсолкунандаро номбар мекунанд. Боре воқеае пеш омад, ки фурӯшанда – фармасевт ба ҷойи дорувории дар дорухат мавҷудбударо пешниҳод кардан, дорувории ба он монандро пешниҳод кард. Дар натиҷа табобат ба охир нарасид, доруии харида ба саломатӣ таъсире нарасонид. Ноилоҷ боз ба духтур муроҷиат кардам ва доруи харидаамро нишон додам, духтури табобаткунанда таъкид кард, ки ҳатман доруи дар дорухат навишташударо дастрас кунем. Аксар фармасевтҳо бинобар надоштани доруи лозима кӯшиш мекунанд ба он монандашро пешниҳод кунанд, набояд ба таҷрибаи нокифояи бархе аз фармасевтҳо бовар кард, - гуфт Муллоназар Муллоев.      

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Машҳура Каримова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз сӯзандоруҳои харидашуда дар нуқтаҳои фурӯш гуногун аст ва дар ин самт барои дастрасии он ба мушкилот дучор шудааст:

- Тариқи дорухати духтур ба дорухона муроҷиат кардам ва дар ин вақт фурӯшанда чанд номҳои онро, ки таркибан якхела асту нархаш фарқкунанда буд пешниҳод кард. Ростӣ, ба фикр рафтам, ки кадоми он беҳтар аст, шояд нархи арзон доштани он аз сифати паст дарак медода бошад. Дар натиҷа интихоби фурӯшандаро ба инобат гирифта истеҳсоли кишвари Россияро харидам. Дар мавриди зиёд будани интихоб хеле шод гаштам, вале намедонистам, ки ба сифати кадоме аз истеҳсолкунандагон бовар кунам. Арзонашро дастрас кунам беҳтар аст ё гаронашро?  

Бино ба гуфти харидорон ҳарчанд таркиби дорувориҳо якхела бошанд, вале нархи он гуногун аст. Барои ба ин савол равшанӣ андохтан ба сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлодзода муроҷиат кардем.  

- Дар мавриди истифодаи маҳсулоти доруворӣ харидор ё бемор пеш аз ҳама бояд аз дорухати табиб истифода барад. Аксар вақт харидорон бо мушкилоти интихоби давлати истеҳсолкунанда рӯбарӯ мешаванд, вале набояд фаромӯш кард, ки новобаста аз кишвари истеҳсолкунанда маҳсулоти дорувории ба фурӯшгузошташуда аллакай сертификати мутобиқат ва иҷозат барои ба фурӯш гузоштанро дорад. Боиси таъкид аст, ки пеш аз ба нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти фармасевтӣ ворид шудан сифати он ба пуррагӣ аз ташхиси лабораторӣ мегузарад. Сипас, баъд аз гирифтани сертификати мутобиқат соҳибкор имконияти ба фурӯш гузоштанро пайдо мекунад, - гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Вобаста ба нархгузории маҳсулоти фармасевтӣ иттилоъ дода шуд, ки нархи маҳсулот аз кишвари воридкунанда ва тамғаи истеҳсолӣ вобаста аст. Агар доруворӣ аз кишвари Аврупо ворид шавад, он тариқи ҳавопаймо ба кишвар дастрас мешавад ва дар ин маврид он ба нарх таъсир мегузорад. Агар тариқи қатораҳо ворид шавад нарх низ арзон мешавад. Набояд дар мавриди сифат ва нарх шубҳа кард, зеро тамоми доруҳои воридшаванда таҳти назорати масъулин қарор дорад.

Боиси зикр аст, ки барои маҳсулоти пастсифати фармасевтиро ба нуқтаҳои фурӯш роҳ надодан аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд назорат ва санҷиши муассисаҳои фармасевтӣ ва тиббӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин муомилоти қонунии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиранда доштаро ба роҳ монда, баҳри бехтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. 

- Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамот 208 санҷиш гузаронида шуд, ки аз он 183 санҷиши нақшавӣ  ва 28 санҷиши ғайринақшавӣ буда, санҷиш асосан дар муассисаҳои табобатию профилактикии давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фармасевтӣ ва дар дўкону мағозаҳои фурӯши маводи ороишию гигиении хусусияти табобатию пешгирикунанда дошта гузаронида шудааст. Дар рафти гузаронидани санҷишҳо 234 номгўй ба миқдори 732 адад маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта ва 167 номгўй ба миқдори 73180 адад маводи доруворӣ ва ороишию гигиении бесертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд, - гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамагӣ дар давоми нӯҳ моҳи соли равон нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ новобаста аз шакли моликият ва дўкону мағозаҳои зери санҷиш қарор гирифта, 159 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамагӣ ба маблағи 361800,00 сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷаи давлат ситонида шудааст.

Инчунин, дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд тариқи сузонидан 1160 номгўй  доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, бе сертификати мутобиқат, инчунин ба қайди давлатӣ гирифта нашуда, ба андозаи 23600 килограмм ба маблағи 2865818,4 сомонӣ несту нобуд карда шуд. 

Доир ба воридоти фаъолияти фармасевтӣ иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 164 рухсатнома ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст, ки маблағи умумиашон 70655360 сомониро ташкил медиҳад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh