Намунаи шогирдон бошем
- Details
- Published on Thursday, 16 January 2025 16:02
Он рўз толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд серодам буд. Дар қатори ғолибони даври вилоятии озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» ў ҳам барои гирифтани ҷоиза даъват шуда буд. Озмуни мазкур, ки ба хотири татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон дар кулли бахшҳо ва ба ин минвол тарбия намудани мутахассисони соҳибкасби ҳирфаӣ баргузор гардид, бозгўи татбиқи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» буда, бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас барпо гардид.
Озмуни мазкур дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кўҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ баргузор шуда, соҳибистеъдодҳову навоваронро ба ҳам овард. Дар қатори ғолибони даври ниҳоӣ Зиннатҷон Бобоҷонова, бале ҳамоне, ки дар ҷодаи касби пешгирифтааш муваффақ гаштааст, аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қадр гардид.
- Дар қатори ғолибони даври вилоятии «Ихтироъкорон ва навъоварони ҷавони вилояти Суғд» қарор доштанатонро муборакбод мегўем. Ин муваффақият бароятон чӣ тавр муяссар гардид?
- Ба ростӣ, бовар надоштам, ки меҳнати чандинсолаам қадр хоҳад шуд. Солҳост, ки ҳамчун омўзгори фанни химияи органикӣ ва амалӣ ба шогирдони Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарс мегўям. Иштирок дар озмуни вилоятии «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» дар бахши ихтироъ ва навоварӣ байни донишҷўён ва олимони ҷавон бароям имконият фароҳам овард, ки бо пешниҳоди лоиҳаи худ майлу рағбатамро ба омўзиши фанҳои дақиқ ва навовариву ихтироъкорӣ ошкор созам, барои шогирдони худ дар самти ихтироъкорӣ намуна бошам, то ворисони арзандаи замонро тарбия намоям.
Озмуни мазкур, ки дар ду давра баргузор гардид, навоварону ихтироъкоронро ба ҳам овард. Дар қатори 80 лоиҳаи ба озмун пешниҳодшуда лоиҳаи банда низ бо унвони «Тарзи тоза кардани обҳои ифлосшуда аз металҳои вазнин» пешниҳоди ҳайати ҳакамон гардида буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки ба хотири эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури насли имрўз барпо мегардад.
Мо, ҳамроҳи устодонамон тасмим гирифтем, ки бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии Об барои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тадқиқотеро ба анҷом расонем, ки бар нафъи ҳамагон бошад, зеро сол то сол обҳои зеризаминӣ рў ба ифлосшавӣ овардааст. Тасмими мо ҷиҳати дарёфти усулҳои нав ба нави тоза кардани об торафт вусъат меёфт. Барои ин мо аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода бурдем. Барои мо лозим омад, ки миқдори муайяни пўстлохи донаки зардолуро гирифта, аз он ангишти фаъол тайёр намоем. Албатта, он тавассути роҳу усулҳои ба худ хос ба амал бароварда шуд. Мушоҳида намудем, ки баъди сўзонидани пўстлохи донаки зардолу дар ҳарорати 400 дараҷа гарм он як намуди металлро ба худ гирифта бошад, баъди сўзонидани он дар ҳарорати 800 дараҷа гармӣ металли мо шакли дигарро соҳиб шуд. Ин амалиёт, ки нозукиҳои ба худ хосро дорад, собит намуд, ки тамоми таркиби металлҳои вазнин, аз қабили тиллову нуқра ва дигар металлҳое, ки дар таркиби об мавҷуданд, ангишти фаъол ба худ ҷабад.
Баъди 12 рўзи нигоҳдорӣ маълум шуд, ки таркиби об аз 12 метали вазнин тоза шудааст. Албатта, металли ҳосилшударо ба якчанд лабораторияҳое, ки дар қаламрави кишвар амал менамоянд, бурда, аз санҷиш гузаронидем. Дар навбати худ ангишти ҳосилшударо ба кислота дохил намудем, ки 12 метали хориҷшуда намоён шуд. Натиҷаи таҷрибаамон нишон дод, ки ангишти фаъоли ҳосилшударо то чаҳор маротиба истифода бурдан мумкин аст. Ангишти фаъоле, ки ҳосил шуд, агар дар фурўш 10 доллари амрикоӣ арзиш дошта бошад, барои мо, ихтироъкорон он бо арзиши 2 доллари амрикоӣ омода шуд, ки ин ҳолат метавонад ҳамаҷиҳата муфид бошад.
- Албатта, барои ин ихтироъкорӣ ҳамкориҳои шумо бо идораву ташкилоти дахлдор заруранд?
- Бале, бе ҳамкориҳои ҳамаҷониба мо наметавонем, дар ҷодаи касби пешгирифтаамон муваффақ бошем. Идораи «Хуҷанд-обуканал», Донишкадаи кўҳӣ-металлургии шаҳри Бўстон, лабораторияҳои дар пойтахти кишвар мавҷудбуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳо ҳамкори доимии моянд.
Мо имрўз дастур гирифтаем, ки ихтирои нави худро дар амал татбиқ намоем. Барои ин соҳибкорони ватании мамлакатро мебояд, ки бо сохта ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсолӣ дар амалисозии нақшаҳои минбаъдаамон бо мо, ихтироъкорон ҳамкорӣ намоянд. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз медоранд: «… ман як кишвареро медонам, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ бисёр пешрафтаву нерӯманд аст.
Зеро ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошанд, 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад. Саҳми хонандагони мактабҳои миёна дар ин дастовард, яъне ихтироот 1 миллиард долларро ташкил мекунад. Харидорони ин идеяҳо асосан ширкатҳои бузургтарини дунё мебошанд». Умед бар он мебандем, ки бо ихтирову навовариҳои худ сазовори боварии Пешвои миллати созандаву бунёдкор мегардем ва кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар хоҳем буд.
- Бори нахуст дар озмун иштирок мекунед?
- Ҳанўз соли 2021 иштирокчии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурўғи маърифат», бахшида ба солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор» гардида, бо лоиҳаи «Маҷмуи тозакунии сотсионии обҳои ифлосшудаи табиӣ аз металлҳои вазнин» ва «Тарзи тозакунии ангишти фаъол бо таъиноти дутарафа» иштирок намуда будам.
Ҳанўз хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будам, ки шавқу рағбатам нисбат ба фанни химия афзун гардид. Борҳо иштирокчӣ ва ғолиби олимпиадаву озмунҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ гардида будам. Меҳри касби пуршарафи омўзгориро дар қалбам модарам Муяссарахон Тиллобоева, ки сухандон буданд ва падарам Ҳакимҷон Тиллобоев, ки ҳамагон он касро ҳамчун номзади илми химия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мешиносанду эҳтиромашонро ба ҷо меоранд, бедор кардаанд. Ҳамчунин аз устоди худ доктори илмҳои техникӣ, профессор Холмурод Назаров, ки алҳол ба сифати муовини директори филиали Агентии амнияти химиявӣ – биологӣ радиатсионии ядроӣ дар вилояти Суғд фаъолият доранд, басо миннатдорам. Давоми фаъолияти омўзгориам дар таълимгоҳи олӣ беш аз чиҳил мақола, 1 монография, 1 луғати сезабонаи фанни химияро ҳамроҳи устодон барои шогирдон омода намудем, ки алҳол китоби рўимизии донишҷўён маҳсуб меёбад.
- Албатта, барои ба даст овардани муваффақиятҳо саҳми аҳли оилаатон
бузург аст, ҳамин тавр не?
- Рост гуфтед, агар дастгириву пуштибониҳои бобоям - номзади илмҳои биологӣ, дотсент Иброҳимҷон Тиллобоев, шавҳари вафодорам Дадоҷон Бобоҷонов, меҳрубониҳои фарзандони ба ҷону дил баробарам Нилуфархону Нозанин ва Насимҷон намешуданд, ман наметавонистам дар ҷодаи илм пешсаф шавам ва ба муваффақиятҳо ноил гардам. Алҳол кори илмии худро дар ҳамин самт давом дода истодаам ва умед дорам, ки бо комёбиҳои рӯзафзун дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор хоҳам буд.
- Муваффақ бошед!
Суҳбаторо Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»