Афзоиши сохтмони муассисаҳои соҳаи тиб дар вилоят
- Details
- Published on Friday, 07 February 2025 09:58
Нишасти матбуотии се ниҳоди муҳим Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, Сарраёсати Хадамоти назоратии давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардид. Масъулин дар суҳбат бо намояндагони ВАО аз натиҷаи фаъолият дар соли сипарӣ, камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа маълуот доданд.
Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Хайрулло Ҳабибуллозода гуфт, аз оғози соли сипарӣ дар вилоят 346 нафар табиб, аз ҷумла, 200 нафар ҷавон ба кор қабул гардид.
- Дар ин давра таъмир дар 77 иншоотҳои соҳа, аз ҷумла 4 маркази саломатии шаҳрӣ, 6 маркази саломатии ноҳиявӣ, 14 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи саломатӣ, 27 беморхона ва шуъбаҳои он, 3 муассисаи махсусгардонидашуда дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ба итмом расид. Дар маҷмӯъ, дар соли сипарӣ 15 муассисаи ШКАТС, 1 муассисаи госпиталлӣ, 5 муассисаи хусусӣ ва 2 коргоҳи истеҳсоли дорувории хусусӣ ба маблағи умумӣ – 59 миллиону 495 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони 12 муассисаи дигар идома дорад, - афзуд ӯ.
Ҳамчунин, изҳор дошт, ки тибқи супориши Раиси вилояти Суғд барои беҳтар шудани сатҳи фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилоят, ки чанде пеш барои дар ҳудуди он фаъолият бурдани чанд марказҳои тиббии хусусӣ ва хизматрасонию тиҷоратӣ мавриди эрод қарор гирифта буд, тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 3109 адад таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ба маблағи 50,9 миллион сомонӣ харида шуда, ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо дастрас гардид. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷҳизот, асбобҳои тиббӣ, мебел ва доруворӣ ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ дастрас гардид.
Ҳамзамон, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят Алимат Мавлонзода иттилоъ дод, ки аз ҷониби ин ниҳод тибқи нақшаи корӣ барои солҳои 2024 – ум ҳамагӣ 479 санҷиш гузаронида шудааст. Зимни гузаронидани он 413 номгӯй ба миқдори 1434 маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон сипаригашта, 168 номгӯй ба миқдори 73995 маводи доруворӣ ва ороишиву гигиении бесертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологии вилоят Султон Раҳмонзода ба суолҳои рӯзноманигорон, ки марбут ба масъалаҳои таҳлили сифати оби нӯшиданӣ, мусодира ва аз муомилот гирифтани молу маҳсулоти пастсифат, тартиб додани протоколҳо барои поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, вазъи бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ аз он, ҳолати омодабошӣ ба пешгирии бемориҳои сироятӣ буд, посухҳои мушаххас дод.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”