Тоҷикписари хуҷандӣ дар Россия чашмпизишки муваффақ шуд

Амир Охунов беш аз 10 сол инҷониб дар Русия ҳамчун табиби бемориҳои чашм фаъолият дорад.  Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри  Новосибирск дар дармонгоҳи хусусии “Пузыревский" ба кори тиббӣ шурӯъ карда, дар муддати кӯтоҳ аз табиби навроҳ ба сатҳи мутахассиси масъулиятнок расид. Ӯ имрӯз дар самтҳои офталмологияи кӯдакон, ислоҳи нуқсҳои узви биноӣ, микроҷарроҳии чашм таҷриба андӯхтааст. 

Суҳбати мо бо Амир вижагиҳои таҳсил дар соҳаи тиб, ҳангоми донишҷӯӣ кор кардан дар беморхона, тарзи дурусти муносибат бо бемор, омилҳои ба наздикбинӣ гирифтор шудани насли нав ва роҳҳои рафъи хастагии чашмро фарогир буд.

- Соли аввали таҳсил  дар  Донишгоҳи тиббии шаҳри Новосибирск осон  набуд. Аз надикон дур будан осон набудааст. Боз таҳсил бо забони ғайр низ каме душворӣ дошт. Ба ин бовар будам, ки забони русиро хуб медонам, вале дар оғоз бо ин забон аз худ кардани маводи илмӣ бо мушкилӣ сурат гирифт, -  ба ёд овард ҷавони тоҷик.

Донишҷӯи риштаи тибро зарур меояд, ки маводи калонҳаҷми илмиро дар  муддати  кӯтоҳ аз  худ кунад, - гуфт Амир. -   Масалан,  дар  курсҳои  аввал анатомия, физиология, биохимия  ва  дигар  фанҳоро меомӯзанд. Дар ҳар фан донистани терминҳо, системаҳо  ва  равандҳои зиёд талаб мешавад.  Мисол, барои  тайёр шудан ба имтиҳони фанни анатомия мебояд, ки шабона ҳам дарс тайёр кунанд. 

Қаҳрамони мо баъд аз соли  3-юми таҳсил имтиҳони миёнаи кадрҳои  тиббиро супорида, гувоҳномаи бародари тиббиро соҳиб шуд. Пасон то хатми зинаи ординаторӣ дар шуъбаи  урологияи  беморхонаи шаҳри Новосибирск кор кард. 

- Кори  бародари  тиббӣ  қисми  ҷудонашавандаи  таҳсил  буд. Рӯзона  ба дарс  мерафтем, шабона ба кор. Як манфиати кор кардани донишҷӯ дар он аст,  ки баъди адои таҳсил барояш интихоби ихтисос осон меафтад. Аз  ҷиҳати  молиявӣ  ҳам киссаи донишҷӯ холӣ намемонад”, - илова кард духтури ҷавон.

Ба назари ӯ, кор бо беморон эмотсионалиро талаб мекунад. Вай дар шуъбаи урология ҳамчун бародари тибб ба бемороне, ки ташхиси саратони марҳалаи охир, натиҷаи маргбор дорад, нигоҳубин  мекард. Ҳатто  дар  пеши  чашмонаш беморон ҷон ба ҷонофарин месупориданд.  Дар  он  лаҳзаҳо  фаҳмид,  чӣ  қадар  муҳим  аст,  ки дар баробари духтур будан боз ба маънои том инсон мондан шарт  аст. Дар тиб, махсусан, соҳаи чашмпизишкӣ покдилӣ ва эҳсоси ҳамдардӣ (эмпатия) низ хеле муҳим  будааст. 

- Дар курси 5-ум профессор Владимир Лантух аз фанни офталмология дарс дод. Ӯ дар бораи ин соҳа нақлҳои шавқовар кард. Онҳо ба бемороне, ки аз осеби узвҳои биноӣ азият мекашанд, амалиёти ҷарроҳиро анҷом медоданд. Аз дарси аввалааш ба соҳаи офталмология ҳавасманд шудам, - нақл кард Амир. 

Ҷавони тоҷик пас аз шунидани лексияҳои профессор Лантух ба маҳфили офталмология номашро сабт кард. Дар амалиёти ҷарроҳии чашм низ иштирок кард. Фаҳмид, ки дастгирии  беморон  ва  расонидани ёрии психологӣ  ба онҳо қисми муҳими кори офталмологҳо будааст. 

- Барои духтури чашм фоҷиа ин аст, ки бемор хатари гум кардани қувваи биноиро дорад. Аз бемории чашм фавт камтар бошад ҳам, аммо гум кардани  биноии бемор барои чашмпизишк монанди он аст, ки  ҷарроҳ  ҷони  ҷарроҳишавандаро аз даст медиҳад”, - изҳор дошт табиби чашм. 

Имрӯз  ӯ ифтихор дорад, ки маҳз дар дармонгоҳи “Пузыревский" корномаашро шурӯъ кардааст. Барои соҳиб шудан ба обрӯи касбӣ мебояд солҳои зиёд кор кард.

- Дар оғози  кор бароям Константин Пузиревский устоди соҳа  роҳнамо шуд. Устод барои беҳбудии сифати кор ҳеҷ гоҳ тавсияҳои муфидашро дареғ намедорад, - илова кард Амир.

Ӯ таърихи чӣ гуна қабул кардани аввалин беморашро хуб дар ёд дорад. Барояш рӯзи нахустини корӣ фаромӯшнашаванда буд. 

- Дар мулоқоти  аввалин бо бемор ташхиси биноиро  гузаронидам, ки пур  аз  хавотирӣ  буд. Дар ҳаяҷон будам. Он рӯз бемори 7 соларо қабул кардам. Чашмҳои кӯдак дурбинӣ ва нишонаҳои астигматизм дошт. Дар ин ҳолат ба биноиши чашм халал пайдо мешавад, - шарҳ дод мутахассис.

Ба он кӯдаки бемор айнак ва табобат таъин кард. Барои барқарор кардани сатҳи биноиаш дар ин синну сол вақти бештар зарур будааст. Баъди чанд соли табобат сатҳи биноии бемор хуб шуд. Сафи беморони табобатёфа зиёд будаанд. Як бемори шифоёфта дар сомонаи “Продокторов” дар бораи Амир Охунов чунин гуфтааст.

- Ман 8 сол аз каҷчашмӣ ва дурбинӣ дар дур азият мекашидам. Назди якчанд табиб рафтам, аммо касе ташхисии дуруст гузошта натавонист. Хушбахтона, дар  дармонгоҳи "Пузыревский" ба қабули табиб Амир Абдулмаликович сабт шудам. Ӯ баъди  муоина ташхиси дуруст гузошт  ва барои ҳарду чашм амалиёти ҷарроҳиро тавсия дод. Ҷарроҳӣ кардем, натиҷа ҳайратовар буд. Нуқсонҳои чамшмонам бартараф шуданд. Амир  Абдулмаликович,  ба беморон ёрӣ доданро идома  диҳед, - навиштааст бемор.

Кӯдакон аксар  вақт  дар  мактаб наздикбин мешаванд. Маҳз ҳангоми таҳсил ба чашми кӯдак сарборӣ меафзояд. Аксар вақт биноӣ баъди  синфҳои 1-2  коҳиш меёбад. Ба андешаи Амир Охунов, дар паст шудани он айбдор кардани дастгоҳҳои рақамӣ, ки кӯдакон тамошои экрани онҳоро дӯст медоранд, дуруст нест. 

- Масъалаи асосӣ дар он аст, ки кӯдак чӣ қадар вақтро бо гаҷетҳо мегузаронад. Боз риоя кардани масофа аз экрани гаҷетҳо муҳим аст.  Онро  ба  чашм  наздик бурдан зарур нест. Сабаби  асосии дигар  ин  норасоии  рӯшноии  табиии  рӯзона дар хона аст. Агар  кӯдак  дар  хона вақти  зиёд гузаронад, ба кӯча кам барояд, эҳтимоли   пастшавии  биноиаш зиёд аст.  Чаро  қаблан  кӯдакони  айнакдор  камтар буданд? Онҳо бештар дар кӯча бозӣ мекарданд, на ин, ки чун имрӯз дар хона бо гаҷетҳо машғул буданд,  –тавзеҳ дод табиби тоҷик.

Чашм ҳангоми  хондани  китоб  бо  дастгоҳҳои  рақамӣ бештар кор кардан хастагиро  хастагӣ эҳсос мекунад.

- Барои  ҳамин тавсия дода мешавад, ки ҳар  20  дақиқа ба чашмҳо танаффус диҳед. Ба ашёе,  ки  дар  масофаи  тақрибан  5  метр  ва  дуртар  ҷойгир  аст, ҳамагӣ 20  сония нигоҳ кунед. Таъмини  рӯшноии  мувофиқ дар хона ва ҷойи кору таҳсил низ зарур аст. Рӯшноии  мувофиқ  метавонад  барои  пешгирии сарбории зиёдатӣ ба биноӣ кӯмак  кунад. Ба  масофаи  ҷойгиршавии  китоб, дафтар, дастгоҳи рақамӣ бояд аҳамият дод. Масофаи  ҳадди  ақал миёни чашм ва ашё  33-40 см бояд бошад, - афзуд Амир Охунов. 

Дар маҷмӯъ, офталмология дар Русия ҳамчун як соҳаи муҳими тибб дар даҳсолаи охир ба пешравиҳои назаррас ноил шуд. Рушди технологияҳо, тадқиқоти илмӣ ва корбасти усулҳои муосири табобат имкон дод, ки ташхис ва терапияи амрози чашм ба таври  назаррас  беҳтар гардад. Дар Тоҷикистон ҳам  соҳаи офталмология дар роҳи рушд аст.

- Танҳо  чизе,  ки  ба  андешаи  ман,  дар  Тоҷикистон кам ба назар  мерасад, гузаронидани конференсияҳои илмӣ дар соҳаи  офталмология аст.

Маҳз дар конференсияҳо хулосаи таҳқиқоти илмии охирин, озмоишҳои клиникавӣ, натиҷаҳои табобати бемориҳои  мушкил  шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Иштирокдорони он ба саволҳои худ посух ёфта, дониши касбиашонро ғанитар мегардонанд.

Қаҳрамони мо табиб шудани худро ба шарофати модараш – Мастон Охунова медонад. Аслан, духтур шудан орузи кӯдакиаш набуд. Дар оилаи онҳо касе ба соҳаи тиб алоқаманд набуд, вақте дар синфи 8 таҳсил мекард, маҳз модар тавсия табиб шуданро дод.

- Мақсад гузоштам, ки духтур мешавам. Дар аввал ба фанҳои гуманитарӣ бештар ҳавас доштам. Ба мо дар муассисаи таълимии хусусии "Литсейи Рустамов"-и шаҳри Хуҷанд омӯзгорони беҳтарин таълим медоданд. Бо шарофати омӯзгорони фанни физика Муҳаммад Зарипов ва риёзӣ Қурбонмурод Бобоев тавонистам, ки тафаккури риёзӣ дошта бошам. Инкишофи зеҳнӣ ва доштани маҳорати фикррони мантиқӣ асос шуд, ки дар донишгоҳ таҳсилро бомуваффақият идома диҳам. Ба ҳамаи онҳо сипос мегӯям, - илова кард Амир Охунов. 

Ӯ орзу дорад,  ки дар  рушди тибби Ватан саҳм гузорад. Ҳанӯз 14  сол пеш ба Русия барои таҳсил омад ва то имрӯз дар пайи омӯзиши малакаву таҷрибаҳои нав аст. 

- Вақте ҳамчун табиби пуртаҷриба ба Ватан бармегардам, дар вуҷуди худ қаноатмандии бузурге эҳсос хоҳам кард. Имрӯз ман духтури навроҳам ва дар  марҳалаи  ташаккулу рушд  ҳастам.  Кори  худро дар  клиникаи  “Пузыревский” дӯст медорам, – хулоса кард духтури тоҷик. 

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh