Дидорбинӣ бо бонувони собиқадор ба муносибати Рӯзи Модар
- Details
- Published on Thursday, 06 March 2025 12:27
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Модар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон аз ҳоли як қатор собиқадорони меҳнат хабар гирифта, онҳоро бо иди бонувон табрик намуд.
Дар шаҳри Хуҷанд роҳбари вилоят ба дидорбинии собиқадорони меҳнат Биҳоҷал Раҳимова, Сайрам Исоева, Мавҷудахон Назарова, Зуҳро Исмоилова, Наталя Раҳмонова, Матлуба Содиқова, Наима Муъминова, Тавҳидахон Иброҳимова ва дар шаҳри Гулистон Робиямоҳ Ҳомидова, Бароат Юсуфова ва Санавбар Нуруллоева рафта, ба онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод. Қайд карда шуд, ки модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омўзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.
Раиси вилоят ҳамзамон таъкид кард, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани мақоми занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳим меандешад.
Бонувони собиқадор, ки солҳои зиёд дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маориф, тиб ва фарҳанг фаъолият намудаанд, аз чунин таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ изҳори сипос карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд