Ту зебу зиннати дунёӣ, эй зан!

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои бонувон имкониятҳои васеъро фароҳам оварда, барои боз ҳам баланд гардидани мақому манзалаташон дар ҷомеа пояи устуворе гузошт.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки: «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрониашон нисбат ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон низ дар баробари мардон ба фаъолияти пурсамар машғуланд.

Пешвои миллат “Дар бораи бузургии модар” мегӯянд, “Агар модар намешуд, мову шумо дар ҳамин толор мешудем?”.

Дар Паёми гузашта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид кардаанд, ки: «Зан – Модар пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари суннату анъанаҳои солими гузашта ва арзишҳои пурқиммати ҷомеа мебошад. Зан – Модар масдари наслҳо ва меҳвари ҳар як оила аст». Пешвои маҳбуби миллат бо насиҳатҳои падарона таъкид карданд, ки бояд мардон занҳоро эҳтиром кунанд ва ҳамеша қадрашро донанд.

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан беш аз пеш қавӣ гардида, масъулияташон дар ҷомеа бештар шуд.

Будани модар неъмат аст. Модар бузургтарин неъматест, ки инсонро ба дунё меорад. Ҳама назди модар саҷда меоранд, роҳи сафеди ҳар яки мо аз бузургии модар, ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст, танҳо зане, ки озор намерасонад, модар аст. Модар нахустин омӯзгори ҳар яки мост.

Ба номи бузурги Модар чӣ қадаре, ки сухан гӯем, кам аст. Модар ҳастию беҳтарин дӯсту ҳамрози ҳақиқӣ, мӯнису меҳрубон, азизтарин шахс аст. Фарзанд аз меҳру муҳаббати модар баҳра гирифта, дар оғӯши гармаш ба воя мерасад. Чӣ қадар барои хушбахтии модар хизмат кунем, кам аст. Биҳишт, ки ризои мо дар он аст, дар зери қудуми модарон аст.

Модар муъҷизаи офаридаи Худои муттаол буда, дар сафҳои ҳаёту таърих умри ҷовидона дорад. Модар ба фарзандаш танҳо некӣ мехоҳад, биноан ҳурмати модарро ҳаргиз фаромӯш накунем. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон номбардори миллату Ватан бошанд. Дуои модар дили моро нерӯманд мекунад. Хушбахтии фарзанд ин хушбахтии модар аст. Ҳамаи он коре, ки бо дуои модар оғоз мекунем, бо файзу бобаракат хоҳад шуд.

Модар будан истеъдод аст, истеъдоди фавқулода. Модар будан қурбонӣ мехоҳад ва самараи ҷоннисориҳои ӯ фарзандони номовараш ҳастанд. Ҳамон замон модар худро тинҷу ором, хушбахту осуда эҳсос мекунад, ки нақшҳои офаридаи гирди домонаш ӯро зеб медиҳанд. Ана ҳамин гулҳо, яъне фарзандон, дунёи модаранд, ки гирди домони ӯ нақшофарӣ шудаанд. Дунёи модар дунёи пур аз мушкиливу ранҷу заҳматҳо, дунёи сабру таҳаммул, шабзиндадориву бахшиданҳост.

Пурқувватарин чизе, ки аз ҳама гуна бадӣ моро эмин нигоҳ медорад, ин дуои падару модар аст.

Занони роҳбар ба кор ҷиддӣ менигаранд.  Ҳар зане, ки роҳбар аст, маънии онро дорад, ки ҷасуру нотарс аст. Зеро дар баробари чанд рисолати муҳиме, ки зан ба иҷро мерасонад, дар мақоми роҳбарӣ ҳам бо боварӣ ба худ кор мекунад. Ҳатто ба ҷиддикор будани занон мардон низ эътимод доранду эътиқодманд мебошанд. Сирри муваффақияти занони роҳбар дар он аст, ки онҳо дар баробари сиёсатмадор будан ҳалиму нармгуфторанд. Зеро табиати Зан-Модар ширингуфториву дилёбиро талаб мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки занон дар зинаҳои роҳбарӣ ба комёбиҳо ноил мегарданду маҳбуби ҳамагон ҳастанд.

Модар азизу меҳрубон, барояш ҳазорҳо миннатдориву муҳаббати самимии худро изҳор намоем, ки аз паси насиҳатҳову дуои онон имрӯз ба қуллаҳои баланд расидаем.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.   

Барно АБДУҒАФФОРОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh