Духтури ҳарбӣ

Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баробари мардон бонувони зиёде хизмат мекунанд. Онҳо бо вуҷуди дар сохторҳои ёридиҳанда фаъолият бурдан дар таъмини амнияти мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бештари онҳо дар соҳаи тандурустии ҳарбӣ хизматро ба ҷо меоранд.

Сардори қисми тиббӣ-санитарии қисми ҳарбии 951056 Горди миллӣ воқеъ дар деҳаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, лейтенанти хизмати тиббии ҳарбӣ Фарида  Ғуломзода беш аз 15 сол аст, ки либоси низомӣ ба бар карда, дар беҳдошти саломатии аскарбачагон хизмати софдилона дорад.

Вай дастпарвари факултаи “Кори табобатӣ”-и Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (1998) ва факултаи “Химия-биология”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси “духтур-лаборант” мебошад.

Таърихи ба хизмати тибби ҳарбӣ гузаштани Фарида Ғуломзода чунин аст:

-То соли 2005 дар Беморхонаи шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд дар шуъбаи эҳё фаъолият доштам,-мегӯяд қаҳрамони мо,- боре поси шаб як аскарбачаро дар ҳолати вазнин бо бемории кӯррӯда бистарӣ карданд. Албатта, табибон саривақт ёрӣ расонида, амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд ва аскарбачаро аз марг наҷот доданд. Рӯзҳои пасин аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки дар қисми ҳарбии ӯ хизмат мекарда бинобар норасоии кадр духтур набудааст. Хайри кор шудааст, ки командирон ӯро саривақт ба беморхонаи мо интиқол карданд ва ӯ пас аз ҷарроҳӣ шифо ёфт. Боз ҳам дар борааш фаҳмидам, ки ӯ ва хоҳараш аз меҳри падар барвақт маҳрум монда, дар парастории модараш монда будаанд, ки он бисёр риққатовар аст. Аллакай он замон дар дил аҳд кардам, ки агар насиб бошаду қабул кунанд, ба хизмати ҳарбӣ рафта дар табобати сарбозон саҳми худро мегузорам...

Аз идомаи нақли Фарида Ғуломзода бароям аён шуд, ки хизмати тибби ҳарбиро ӯ нахуст дар комендатураи ҳарбии шаҳри Хуҷанд оғоз карда, сипас 5 сол муқаддам ӯро барои идомаи хизмат ба ин қисми ҳарбӣ фиристодаанд.

Рӯзи ташрифи мо ба қисми тиббии ҳарбӣ, ки дар он лейтенанти тибби ҳарбӣ Фарида Ғуломзода хизмат мекунад, ду аскарбача табобат мегирифтанд. Сафарзода Меҳробро, ки аз минтақаи ҷануби кишвар аст, чанд рӯз муқаддам бо бемории шамолхӯрии роҳи нафас ва шуш бистарӣ карда буданд. Фарида Ғуломзода зуд бемории наваскарро муайян карда таъинот кард, ки баъди чанд рӯзи бистарӣ пурра сиҳат шуд ва ӯро ба идомаи хизмат рухсат медиҳанд.

-Аз Фарида-хола басо миннатпазирам, ки маро пеш аз ҳама бо лаҳни ширини модарона ва сипас бо доруву даво саривақт табобат карданд,-мегӯяд наваскар Меҳроб Сафарзода,- ончунон хуб табобат карданд, ки дигар ҳоҷати дар госпитали ҳарбӣ ё беморхона бистарӣ шудан намонд...

Воқеан, ҳам лейтенанти хизмати тибби ҳарбӣ Фарида Ғуломзода зимни сӯҳбат бо мо сипосу миннатдории худро ба сардори қисми тибби ҳарбии Горди миллӣ полковник Шерхон Эшуродов баён дошт, ки чун масъули нигоҳдошти саломатии аскарону афсарони Горди миллӣ зуд-зуд аз вазъи корбариашон хабар гирифта, кӯмак ва маслиҳату дастурҳояшонро нисбати беҳдошти хизматрасонии тиббӣ дареғ намедорад.

Ёрдамчии беминнати духтури ҳарбӣ Фарида Ғуломзода фелдшер Саъдулло Ҳусейнзода аз ноҳияи Деваштич аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буда, тибқи қонунгузории амалкунандаи ҳарбӣ мебояд, ки як сол адои хизмат кунад ва соҳиби рутбаи афсарӣ-лейтенант шавад. То адои мӯҳлати хизматаш моҳҳои башумор мондаанд.

-Ман соҳиби дипломи маълумоти олии тиббӣ бошам ҳам, -мегӯяд ӯ,- аммо дар таҷриба аз Фарида Ғуломзода бисёр чизҳоро омӯхтам. Ӯ бисёр зани хайрхоҳу раҳмдил аст. Бо аскарбачаҳои бемор чун модар муомилаву муошират мекунад. Таи 10 моҳи хизмати якҷояамон ба он мӯътақид шудам, ки Фарида Ғуломзода ҳикмати бузурги соҳавии моро хуб медонанд: “Сухани нек нисфи табобат аст”.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд ”

Add comment


Security code
Refresh