Дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз ёфт
- Details
- Published on Sunday, 06 April 2025 21:13
Дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи маҳаллаҳои 31, 32, 33 ва 34-уми шаҳр мумфарш карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳ оғоз бахшида, ба масъулин барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои роҳсозӣ дастурҳои мушаххас дод.
Дарозии умумии роҳе, ки мумфарш мегардад, 1650 метрро ташкил дода, он дар гузашта дар ҳолати ногувор қарор дошт. Бо мумфарш шудани роҳ мушкили ҳаракати нақлиёт ва сокинон ҳалли худро меёбад.
Корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби ширкати роҳсозии маҳаллӣ амалӣ шуда, ҷараёни иҷрои корҳо таҳти назорати бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва вилоят қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд