Ибрати соҳибдилон
- Details
- Published on Monday, 07 April 2025 14:36
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии маҳфилҳо, бузургии шогирдони баркамол маҳз ба омўзгорон вобастагӣ дорад. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Омўзгор ба қавли бузургон муҳандиси руҳи инсон аст. Омўзгор аз рўзи аввал ба шогирдон адаб меомўзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Беҳуда намегўянд, ки омўзгор оинаи халқ аст.
Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омўзгор ибратомўзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Тараққиёти ҷамъияти кунуниро бе зиёиёну омўзгорон тасаввур кардан нашояд, зеро ифодагари маънавиёти инсонҳо маҳз муаллимонанд. Дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро мебинем. Дар шумори чунин шахсони хирадманду фозил устоди садҳо шогирд, насиҳатгўи наврасону ҷавонон, маслиҳатдеҳи ҳампешагону дўстон Раҳимбердӣ Юлдошевро мебинем.
Зодаи шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҳимбердӣ Юлдошев дар яке аз рўзҳои моҳи апрели соли 1954 дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Чун синни Раҳмонбердӣ ба мактабравӣ расид, маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-юми ноҳия ўро ба оғўш гирифт. Дарси нахустинро аз омўзгорони муваффақи дабистони зодгоҳаш омўхт. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи қабули факултаи физика, шуъбаи техникаи умумӣ ва меҳнати Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) супурда, донишҷўи мактаби олӣ шуд. Солҳои донишҷўӣ паси сар шуданд. Дар ин муддат аз устодони соҳибтаҷрибаи мактаби олӣ Раҳимбердӣ сабақи маърифат гирифт ва донишгоҳро бомуваффақият хатм кард.
Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳияи Колхозобод (алҳол Дўстӣ)-и вилояти Қўрғонтеппа (алҳол Хатлон) ба кор фиристода шуд. Мактабиёни рақами 56-ум, ки баъдтар рақами 25-умро соҳиб шуд, ўро хуш қабул намуданд.
Давоми се соле, ки Раҳимбердӣ Юлдошев дар ин маскани таълиму тарбия фаъолият дошт, аз устодони соҳибтаҷриба нозукиҳои касби интихобкардаашро омўхт, бо тарзи дарсгузарии муаллимони соҳибкасб аз наздик шинос шуд, роҳу усули методикаи таълими фанниро аз худ намуд. Дар баробари ин, фаҳмид, ки дар кори таълиму тарбия дўстдори пешаи интихобкардаи хеш будан ва меҳр доштан ба он шарти нахустин будааст. Аз ин рў, хост маҳорати омўзгориашро барои мактабиёни рақами 21-уми деҳаи Хитойи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ санҷад.
Хушбахтона, шогирдон муаллими сахтгиру меҳрубонашонро сидқидилона дўст доштанд, ба ў меҳр пайдо карданд, аз дарсҳои пурмазмуну шавқовараш баҳра бурданд ва дар ҳаёт истифода намуданд. Раҳмонбердӣ Юлдошев низ ҳарчӣ дар замир дошт, ба шогирдон дод, тамоми маҳораташро барои тарбияи шогирдони муваффақу комёб сарф намуд, то насли шоистаи давронро ба камол расонад. Ташкилотчигиву серғайратӣ ва дониши мукаммалу кофиаш сабаб шуд, ки баъди чанд муддати дар мактаб бо таълиму тарбияи шогирдон машғул шудан роҳбарияти шуъбаи маориф ўро ҳамчун мушовири фаннӣ таъин намуданд. Дар як вақт ба Раҳмонбердӣ лозим омад, ки дар шуъбаи филмотека фаъолият дошта бошад ва дар барориши филмҳои кўтоҳмуддати соҳа саҳмгузор шавад.
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дорои нишони сарисинагии «Собиқадори меҳнат» Раҳмонбердӣ Юлдошев имрўз дар ҳалқаи шогирдони бовафо, се фарзанди ба ҷону дил баробар даврони пирӣ меронаду шукргузор аз он аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои насли имрўз шароитҳои мусоидеро баҳри илму ҳунаромўзӣ фароҳам овардааст ва ҳар нафари ташнаи илм метавонад нахуст аз устодону сониян бо истифодаи техника ва технологияи муосир ба дастовардҳои назаррас соҳиб шавад.
Дар сифоти ин омўзгори собиқадору соҳибтаҷриба, ки шогирдони зиёдеро таълиму тарбия дода, барои бакамолрасии нафари худогоҳу хештаншинос, ватандўсту меҳанпарвар саҳмгузор шудааст, соатҳо ҳарф занем, меарзад. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки имрўз дар шахсияти ин омўзгори матинирода Холмурод Назаров – доктори фанҳои техникӣ, профессор, ходими илмии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусафо Умарҷонов – доктори фанҳои техникӣ, ноиб ректори Донишкадаи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон, Умед Тоҷибоев доктори фанҳои тиб, профессор, сардухтури беморхонаи касалиҳои пўсти вилояти Суғд, Дилмурод Ҳоҷимуродов-узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон, рўзноманигори муваффақ ва дигарон некгуфтаҳояшонро ба забон меоранду барои Раҳимбердӣ Юлдошев давраи бегазанди бузургсолиро хоҳонанд. Бошад, ки сафи чунин омўзгорони муваффақу матинирода, ки дар таълиму тарбияи насли фардосоз заҳмат кашидаанд, зиёд гардаду соҳаи маориф бо чунин фидоиён фахр намояд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»