Воридшавии сайёҳон ба вилоят меафзояд
- Details
- Published on Tuesday, 08 April 2025 15:52
Рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба шумор рафта, на танҳо барои ғанигардонии буҷети давлат ва таъмини ҷойҳои корӣ, балки ҳамчун сарчашмаи даромад барои аҳолӣ низ аҳамияти хоса дорад. Ҳамчунин барои мубодилаи фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои байни халқҳо низ мусоидат намуда, барои таъмини сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад.
Дар ин замина, мебояд гуфт, «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030», барномаҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, паҳн намудани маводи тарғиботӣ миёни дӯстдорони сайру саёҳат таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ҷалб намуда, сафи ташрифкунандагонро ба мавзеъҳои сайёҳиву таърихии вилояти Суғд зиёд кардааст. Давоми ду моҳи соли 2025 249 нафар хориҷиён ба Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф оварданд. Бино ба гуфти ҷонишини омири осорхона оид ба корҳои илмӣ Нодирахон Олимова теъдоди умумии тамошобинони боздиднамуда аз МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» ба 5 ҳазору 884 нафар расонида шуд.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар соли 2024 беш аз 1 миллион нафар меҳмонони хориҷӣ ба вилоят ворид шуданд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта 261, 9 ҳазор нафар зиёд аст. Меҳмонон асосан аз кишварҳои Олмон 2393, Полша 1739, Хитой 3629, Ҷопон 1833, Белгия 313, Италия 1321, Канада 728, Австрия 214, Туркия 1733, Испания 549, Молдова 728, Фаронса 1113, Шветсия 328, Филиппин 702, Австралия 1415, ШМА 352, Эрон 620, Ӯзбекистон 715478, Бангладеш 319, Ҳиндустон 597 ва аз Малайзия 600 нафар бо мақсадҳои гуногун ворид шуданд.
Рушди сайёҳӣ сармояи дохилиро ғанӣ гардонида, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар хоҳад кард. Тибқи маълумоти Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2024 ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхона, тарабхона ва ошхонаҳо ба 793, 1 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбати соли гузашта 130, 5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, ки 119, 7 фоизро ташкил медиҳад.
Агар ба омори соҳаи туризм назар афканем, ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 25 то 30 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ аз хизматрасонии ширкатҳои туристӣ, меҳмонхона ва осоишгоҳҳои вилоят истифода мебарад. Аммо шумораи шаҳрвандони вилоят, ки барои истироҳат ба дигар давлатҳо мераванд, нисбатан бештар аст. Тибқи нишондиҳандаҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳар як сайёҳ вақте ба дигар кишвар сафар менамояд, ба ҳисоби миёна 300-320 доллари ИМА ба давлати қабулкунанда манфиат меоварад.
Дар ин замина мебояд гуфт, ки соли 2024 ширкатҳои сайёҳӣ ба 7,7 ҳазор нафар сайёҳи дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ карданд, ки нисбати соли гузашта 762 нафар зиёд мебошанд. Дар асоси маълумоти оморӣ ширкатҳои сайёҳии ҳудуди вилоят дар соли 2024 ба маблағи наздик ба 5 миллион сомонӣ манфиат овардааст. Ин нишондод нисбати соли қаблӣ 400 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳудуди вилоят соли 2017 ҳамагӣ 20 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошт. Давоми соли 2018-2024 шумораи онҳо ба 45 адад расида, алҳол 225 адад хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ фаъол аст.
Барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар қаламрави вилоят 1 фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, 6 гузаргоҳҳои сарҳадии байналмилалӣ, 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ - истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 маркази муолиҷавӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии 7441 ҷой фаъолият доранд.
Ҳамзамон, 24 осорхона ва 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият карда истодааст.
Манзура БАХТИЁРЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”