Таваҷҷуҳ ба ятимону ниёзмандон

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони маркази савдо ва хизматрасонӣ шинос гардид. 

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, бинои марказ аз ду ошёна иборат аст ва дар оянда ҳамчун тарабхона ва маркази савдо ба сокинон хизмат мерасонад.

Бояд қайд намуд, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод сохтмон, таҷдид ва навсозии 590 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 484 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Сипас, роҳбари вилоят дар маркази савдо ва хизматрасонии “Роҳат” бо гурӯҳи ятимон мулоқот доир намуда, туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд. Таъкид гардид, ки табақаҳои ниёзманд, хоса ятимон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, онҳо набояд худро танҳо эҳсос намоянд. 

Дар идома роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи сохтмон ва меъморӣ Мирсиддиқ Усмонов хабар гирифт. Мавсуф яке аз шахсиятҳоест, ки умри бобаракати худро ба рушди соҳаи сохтмон бахшидааст. 

Ба собиқадори меҳнат туҳфаҳои моддиву пулӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh