Сатҳи хизматрасонӣ беҳтар хоҳад шуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд, ки хароҷоти умумии соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуда, нисбати соли пешин ду миллиард зиёд мебошад ва он 43 фоизи хароҷоти буҷетиро ташкил медиҳад.  Дар баробари ташкили коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо низ зиёд гардиданд.

Алъон суҳбати мо бо Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода дар бораи баланд гардидани ҳаҷми нафақа ва чӣ гуна сурат гирифтани он дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд:

- Муҳтарам Сулаймон Қосимзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сатҳи некӯаҳолии мардум дар бораи баланд бардоштани музди маоши кормандони буҷетӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин нафақа ибрози ақида намуданд. Ва дар ин бобат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки дар он омадааст: «… аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад». Ҳаминро чи гуна шарҳ медиҳед?

- Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола маблағгузорӣ зиёд карда мешавад.

Соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023 беш аз ду миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар ин зимн Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин зиёд намудани даромади маблағи аҳолӣ тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ карда истодааст.

Бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳолии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф 30 фоиз, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Илова бар ин ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд, ки ин дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи иҷтимоиёт ва нафақа мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, аз якуми сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шуда, ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин андозаи нафақаи заминавӣ бо баробари 10 фоиз зиёд шудан, андозаи он ба 357,50 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

- Муҳтарам Сулаймон Қосимзода, сол аз сол вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолии кишвар беҳтар гардида истодааст. Тавре дар Паём омадааст, чанд сол муқаддам маоши омӯзгорон 3 -4 сомониро ташкил медод ва ҳаҷми нафақа бошад, аз он ҳам пасттар буд. Ва имрӯз шукри истиқлолият, ки ҳаҷми маошу нафақа зиёд гардида, шароити иҷтимоии ҳар хонадон беҳтар шудааст.

Дар ин бобат чӣ андешида доред?

- Чӣ тавре аз Паёми навбатии Пешвои маҳбуби миллат бармеояд, пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш муайян мекунад. Маҳз барои ҳамин ҳам Сарвари давлат ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар заминаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияи муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкории байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву тадқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Ҳар як омӯзгор кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки усули навини омӯзиши забон, омӯхтани забонҳои хориҷиро ба кӯдакони то синни мактабӣ ва хонандагони таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзонад. Ба ёд меорем, ки то соли 2002 то тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 824 аз шашуми майи соли 2002 оид ба қабул шудани бозҳисобӣ ва баланд бардоштани музди маош нафақаи омӯзгорон 3 – 4 сомониро ташкил медод. Баъди амалигардонии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 2018 таҳти рақами 1084 аз 14 августи соли 2018 маоши вазифавии кормандони такшкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1580 аз чоруми августи соли 2020 аз якуми сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд. Инчунин тибқи Фармони Президенти мамлакат таҳти рақами 312, аз 13 – уми январи соли 2022 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Аз якуми марти соли 2023 бошад, маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз ва аз якуми июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуданд.

- Истиқлолият дар кишвари мо наздик 35 сол аст, ки ҳукмронӣ дорад ва дар ин давраи на чандон тӯлонӣ аз мамлакати аз харитаи ҷаҳонӣ барбодрафтаистода ба як кишвари ободу зебову гулпӯш бадал ёфт ва мардумаш зери сулҳу амонӣ умр ба сар мебарад. Бо дастгирию ҷонибдории Пешвои муаззами миллат ҳолати хонаҳои маъюбон, муассисаҳои пиронсолону кӯдакон низ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Алҳол вазъи чунин муассисаҳо дар вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Албатта, бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шахсони барҷомонда, ки дар хона – интернати пиронсолон ва маъюбон қарор доранд, ҳолати чунин муассисаҳои иҷтимоӣ беҳтар гардидааст. Чунин муассисаҳо инчунин аз ғамхории соҳибкорону шахсони алоҳида низ орӣ нестанд. Ҳоло биноҳои муассисаҳо ба таври замонавӣ таъмир гардида, дорои шароити хуб буда, бошандагонаш бо се маҳал хӯрок, либосу лавозимоти зарурӣ ва ҷойи хоб таъминанд. Инчунин, дар хона – интернати пиронсолон ва маъюбон аз ҷониби роҳбарияти ин коргоҳ  ва шахсони масъул барои нигоҳубини шахсони барҷомонда назорати махсус ба роҳ монда шудааст. Дар вилояти Суғд ба ҳолати якуми марти соли равон 411 нафар бошандагони хона – интернати пиронсолон ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки аз он 58 нафар дар шаҳри Хуҷанд, 87 нафар дар шаҳри Панҷакент ва 266 нафар дар муассисаи  ноҳияи Ҷаббор Расулов умр ба сар мебаранд ва нафақаи эшон дар вақти муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Инчунин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат оиди бошандагони Хонаи кӯдакон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Чӣ хеле Сарвари давлат дар баромади хеш таъкид менамоянд, «кӯдакону ҷавонон ин ояндаи пешравии ҷамъият» ба ҳисоб рафта, ғамхорӣ нисбати кӯдакони бепарасторе, ки падар ё модар ё ин ки умуман волидайн надоранд, дар мадди аввал қарор доранд. Дар ин бобат Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои нигоҳубин шароити хуб муҳайё сохта, баҳри омӯзонидани ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар ташрифи худ ба хонаи кӯдакон барои табъи онҳоро болида сохтан туҳфаҳои хотиравӣ, аз зумраи либосу лавозимоти зарурӣ тақдим намуда, бо меҳру муҳаббати падарона табъи онҳоро хуш менамоянд. Ҳоло дар вилоят то 1-уми марти соли равон 12 нафар, аз ҷумла ду нафар дар шаҳри Истаравшан, як нафар дар шаҳри Исфара, панҷ нафар дар ноҳияи Спитамен ва чор нафар дар қайди Агентии нафақа қарор доранд, ки нафақаи онон низ саривақт пардохт мегардад.

- Ташаккур, барои суҳбат.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh