Ташаккули ҷаҳонбинии солим

Ҳамасола санаи 15-уми апрел дар саросари ҷаҳон чун Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ташаббус соли 1992 дар доираи Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор гардид, ба анъана табдил ёфтааст.

Тарбия ва маърифати экологӣ яке аз рукнҳои муҳими ташаккули маданияти экологӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи он бедор сохтани ҳисси масъулият нисбат ба муҳити зист, тақвияти донишҳои экологӣ ва ташаккули муносибати оқилонаю эҳтиёткорона бо табиат мебошад. Мақсади асосии таҷлили ин рӯз — боло бурдани сатҳи маърифати экологӣ дар ҷомеа, таваҷҷуҳи мардум ба масъалаҳои муҳими экологӣ, фаҳмонидани аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва ташаккули ҷаҳонбинии солим дар самти муносибат бо табиат аст. Дар ҷаҳони муосир, ки таъсири омилҳои антропогенӣ ба муҳити атроф рӯ ба афзоиш дорад, доштани дониш ва маърифати экологӣ ба унвони яке аз ҷабҳаҳои муҳими таълиму тарбия эътироф мегардад.

Муносибати хирадмандона ва ҳушёрона бо муҳити зист на танҳо шарти зиндагии солим, балки заминаи амнияту суботи наслҳои оянда низ мебошад. Дар сиёсати давлатӣ низ тарбияи маърифати экологӣ дар меҳвари диққат қарор дорад. Ҳар сол дар кишвар миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма озмунҳои гуногуни экологӣ роҳандозӣ мешаванд, ки ғолибон бо ҷоизаҳо ва сипосномаҳои мақомоти дахлдор қадрдонӣ мегарданд.

Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз се Барномаи давлатии баланд бардоштани маърифати экологӣ амалӣ шудааст. Айни ҳол дар мамлакат «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ба иҷро расида истодааст, ки татбиқи он дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии экологӣ миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ нақши муассир мегузорад.

Табиат хонаи умумии ҳамаи мост. Аз ин рӯ, рӯзи донишҳои экологӣ на танҳо ба мутахассисон ва муҳаққиқон, балки ба ҳар як шаҳрванди кишварамон иртиботи бевосита дорад. Зеро беҳдошти муҳити зист — омили муҳими таъмини сиҳатии ҷомеа ва пешрафти давлати муосир мебошад. Имрӯз талқин ва таҳкими маданияти экологӣ — маънои таъмин намудани зиндагии солими фардо ва ояндаи фарзандонро дорад. Ҳар фард бояд қонунҳои табиатро омӯзад ва дар муносибат бо муҳити зист эҳтиёткор бошад, зеро бетарафӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба табиат метавонад фоҷеаҳои ногувори глобалӣ ба бор орад. Таърихан, масъалаи муносибати инсон бо муҳити зист дар меҳвари диққати мутафаккирон ва донишмандон қарор доштааст. Дар сарчашмаҳои қадимаи хаттӣ андешаҳои арзишманд дар бораи зарурати эҳтиром ба табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ зикр шудаанд. Бо гузашти замон, доираи дониш дар ин самт васеътар гардида, ниҳоят дар нимаи дуюми асри XIX ҳамчун як соҳаи мустақили илм – экология ба арсаи илм ворид гардид.

Экология — илмест, ки аз ду калимаи юнонӣ «ойкос» — хона ва «логос» — илм гирифта шуда, маънои «илм дар бораи манзили инсон» ё «муҳити зист»-ро дар бар мегирад. Аввалҳо вазифаи он танҳо мушоҳида ва таҳлили ҳодисаҳои табииро дар бар мегирифт, аммо имрӯз он ба як илми калидӣ табдил ёфта, муносибати инсон бо табиат, истифодаи захираҳои табиӣ ва пешгирии олудасозии муҳити атрофро таҳқиқ мекунад. Яке аз вазифаҳои муҳими экология таъмини маърифати экологии аҳолӣ ба шумор меравад.

Зери мафҳуми маърифати экологӣ маҷмӯи донишҳо ва малакаҳое дар назар дошта мешаванд, ки инсонро ба муносибати бошуурона, эҳтиёткорона ва судманд бо муҳити зист раҳнамоӣ мекунанд. Фард бояд дарк намояд, ки беэътиноӣ нисбат ба муҳит метавонад боиси маҳрумиятҳо ва офатҳои табиӣ гардад. Маърифати экологӣ — ҳимояи зиндагист. Шахсе, ки дорои маърифати экологист, ҳатто ба табиат зарари ночиз намерасонад. Ӯ метавонад коргари оддие бошад, ки партовҳоро ба маҳалли махсус мепартояд, ё кӯдаке, ки ба парандагон лона месозад, ё директори корхонае, ки барои кам кардани партови газҳои зарарнок чора меандешад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои экологӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд. Сарвари давлат дар ҳар суханронии худ зарурати муносибати эҳтиёткорона бо табиат, ободсозии муҳити атроф, саҳмгузорӣ дар бунёди боғу гулгашт ва ниҳолшинониро таъкид менамоянд. Чунончи, ҳар қадар сатҳи маърифати экологӣ дар ҷомеа боло равад, ҳамон қадар муҳити зист тозаву зебо ва ҷомеа — солимтару ободтар хоҳад шуд.

Хуршед Саидов,

масъули бахши иттилооти

Сарраёсати ҳифзи

муҳити зисти  вилоят,

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh