Ҳамкориҳои сайёҳӣ рушд меёбанд

Тавре мушоҳида мешавад, омадани сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Дар чанд соли охир робитаҳои дӯстӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик, хоса, Ӯзбекистон вусъати нав пайдо кард.

Имрӯз назари хориҷиён ба Тоҷикистон, захираҳои моддиву табиии он, расму оин, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик неку мусбат аст.

Тавре омор нишон медиҳад, сафи сайёҳони тоҷику ӯзбек, ки ба кишварҳои ҳамдигар сафар мекунанд, рӯ ба афзоиш аст. Робитаҳои мустаҳкаму дуҷониба дар ин соҳа аз он маншаъ гирифт, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев созишномаи муҳим ҷиҳати ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид. 

Ҳамин тариқ, дар соли 2018 шумораи  шаҳрвандони  Тоҷикистон,  ки  ба Ӯзбекистон  сафар  карданд,  тақрибан ба 1,1  миллион  нафар баробар буд.

Тибқи манбаъҳои расмӣ дар соли 2019 низ шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф оварданд, беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки бештарини ин теъдод сайёҳони ӯзбекистонӣ ба ҳисобмерафтанд.

Дар соли 2022 аз кишвари Ӯзбекистон 5,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ  дидан  кардаанд, ки аз ин ҳисоб 1 447,1 ҳазор нафар гардишгари тоҷикистонӣ буданд.

Ҳамзамон, тибқи иттиллои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2023 беш аз 1 миллиону 256 ҳазор сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст, ки 92,5 фисади онҳо шаҳрвандони ИДМ мебошанд. Хоса, аз кишвари Ӯзбекистон 806 ҳазор нафар мебошанд.   

Кумитаи  рушди  сайёҳӣ  дар  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли  2024  аз Тоҷикистон  1  миллиону  400  ҳазор  сайёҳи  хориҷӣ  дидан  кардааст. Мувофиқи маълумоти ин ниҳод, нишондиҳандаи мазкур  нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  2023  16,7 фоиз зиёдтар  аст.

Абдумаҷид Раҳимов, сардори шуъбаи рушди сайёҳии  вилояти Суғд иброз медорад, ки ҳамкориҳои сайёҳии вилояти Суғд бо вилоятҳои Ӯзбекистон дар солҳои охир рушд ёфта истодааст.

- Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд конфронси "Инфо-тур" оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ барои ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Зимни вохӯрӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар зиёда аз 40 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибстиқлолӣ дар вилояти Суғд 45 ширкати сайёҳӣ амал мекунад. Онҳо 205 хатсайри сайёҳиро ташкил карданд ва тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегиранд. Ин имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои сайёҳӣ бо вилоятҳои Ӯзбекистон боз ҳам густариш ёбанд, - афзуд ӯ.

Илова бар ин, мавҷудияти гузаргоҳҳои марзии фаъол, ки вуруду хуруҷи сайёҳонро осонтар менамояд, яке аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳо ба шумор меравад. Аз ҷумла, гузаргоҳҳои "Фотеҳобод", "Бекобод" ва "Ҷартеппа" имконият медиҳанд, ки сайёҳон бо сафарҳои кӯтоҳ ва дарозмуддат ба вилояти Суғд ва вилоятҳои Ӯзбекистон равуо кунанд.

Дуруст аст, ки таъриху фарҳанги ба ҳам наздики  халқҳои тоҷику ӯзбек, робитаҳои дерини хешовандӣ, рушди ҳунармандӣ, афзоиши муносибатҳои иқтисодӣ асос гардида,  тӯли чанд соли охир кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди пайвастаи  ҳамкориҳои сайёҳӣ ноил шуданд. Мутахассисони соҳа бовар бар он доранд, ки ҳамкориҳои сайёҳии вилояти Суғд бо вилоятҳои Ӯзбекистон дар ҳоли рушд қарор дошта, минбаъд низ ба натиҷаҳои назаррас соҳиб хоҳанд шуд. 

Боиси зикр аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳои муҳими андозию гумрукӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ давоми панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд. Инчунин боҷи гумрукӣ барои мошинҳои нав 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh