Рўзи дарҳои кушод

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон рўзи « Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ин рўз хонандагони мактабҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бўстон (Чкалов), Гулистон (Қайроққум)  бо фаъолияти донишкада, шароити таҳсил ва пояи моддии техникии донишкада шинос гардиданд.

Шероз Тоҷибоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ёвари директор гуфт, ки донишкада имрўз 60-нафар омўзгорро барои шиносонидани равиши таҳсили донишкада бо тарзҳои замонавии таълим ба шаҳру ноҳияҳои наздик сафарбар  намудааст, ки ин амал барои ба таҳсил дар боргоҳи илм ҳавасманд намудани ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад кард.

Гуфтан бамаврид аст, ки донишкада тўли солҳои охир дар ҷодаи илмомўзонӣ ба якчанд муваффақиятҳои нав ба нав  ноил гардида, имрўз дарсҳоро бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ мондааст. Имрўз дар донишкада 12-гурўҳ ихтисос бо забони англисӣ таҳсил намуда фанҳои ҳуқуқ, иқтисодиёт, математика, технологияи компутерӣ пурра бо забони англисӣ гузаронида мешаванд.  Дар ин гурўҳҳо дар қатори он устодоне, ки дар донишкада дарс медиҳанд устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари, Ребека Виллер, Шерон Сатурнс ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии мардумии Чин Ян Сяоюй дарс медиҳанд.

Хонкма Патриса Вивес-картер- намояндаи бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷўёни донишкада сўҳбат намуда, ба забондонии онҳо баҳои баланд дод.

 Умедҷон Шарифов,

таҷрибаомўз

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh