Таҷлили ҷашни адиб ва ҳаҷвнигори маъруф

Бахшида ба 45- солагии фаъолияти эҷодии рӯзноманигор, нависандаи шинохта Додохони Эгамзод дар толори китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии маркази вилоят маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ нависандагону  рӯзноманигорон ва шогирдони адиб ҳузур доштанд.

Раиси шӯъбаи Суғдии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод маҳфилро оғоз бахшида, гӯфт:

-Имрӯз Додохони Эгамзодро ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва ҳаҷвнирори моҳир мешиносанд. Бахусус  ин адиб дорои якчанд ҳаҷвияҳои намакин мебошад.   ӯ дорои як китоби ҳаҷвие мебошад, ки он «Балогардон» ном дошта, дар бораи сиёсатмадорон бо тариқи ҳаҷв онҳоро танқид мекунад ва ин китоб писанди аксарияти хонандагон гардидаааст.

Маллаев Абдуғаффор, директори китобхона дар бораи эҷодиёти  нависандаи шинохта сухан кард.

Доир ба саҳми Додохони Эгамзод ҳамчун нависанда дар ташаккулёбии ҷараёни адабии давр Субҳони Аъзамзод- номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  сухан ронд.

Дар мавриди мавқеи ҳаҷв дар эҷодиёти Додохони Эгамзод адиб ва рӯзноманигор Бобоҷон Икромов баромад намуд.

Дар бораи фаъолияти нависандагӣ ва рӯзноманигории Додохони Эгамзод китобдори шӯъбаи хизматрасонӣ Норматова Зӯҳро баромад намуд.

Дар охир аз ҷониби кормандони китобхона   саҳначае бо номи «Баҳси нотамом» аз эҷодиёти Додохни Эгамзод намоиш дода шуд.

Додохни Эгамзодро имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун шоир, нависанда ва ҳаҷвнигор мешиносанд ва эътироф менамояд. Номбурда муаллифи чандин асарҳо мебошад,ки «Балогардон», «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «Парастуи рамида»  аз зумраи онҳост.

                                        Умедҷон Шарифов,
таҷрибаомӯз

Add comment


Security code
Refresh