Машқҳои муштарак бобати пешгирии офатҳои табиӣ

Моҳи октябр соли равон дар ноҳияи марзии Исфара бо иштироки аҳолии маҳал, кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд ва шаҳрвандони рустоҳои марзӣ ва кормандони Раёсати вазъияти фавқулоддаи вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои муштарак ҷиҳати расонидани кeмакҳои фаврӣ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ баргузор хоҳад гашт. 

Тамринҳои мазкур дар чаҳорчeбаи лоиҳаи муштараки Ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон роҳандозӣ мешаванд. Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машқҳои оғоз ёфта, ҷузъиёти он аз ҳар ду ҷониб баррасӣ мешаванд.

Дар ин бора муовини сардори  Ситод оид ба ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят Суғд  полковник Анвар Қосимов хабар дод. Бино ба гуфтаи e ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ мустаҳқам намудани ҳамкории мақомоти кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ба ҳадди ақал поён овардани сатҳи хисороти молию ҷонӣ ва расонидани кeмакҳои фаврӣ ба аҳолӣ аст.

- Маҳз шаҳри Исфара интихоб шудани макони машқу тамринҳо бесабаб нест,- иброз медорад Анвар Қосимов.- Зеро дарёи Исфара ибтидои хешро аз ҳудуди Қирғизистон  мегирад ва аҳолии канори ин дарё дар мавриди офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезиҳо осебпазир ба шумор мераванд. ҳафтуми июни соли 2015 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо сатҳи оби дарё баланд гардида, дар ҳудуди шаҳри Исфара обхезӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа  ба якчанд иншоотҳои давлатию хусусӣ зарари моддии ҷиддӣ расид. ҳаҷми зарар мутахассисон 2 млн 584, 4 ҳазор сомонӣ муайян  карданд.

- Дeстонро дар мусибат мешиносанд,- мегeяд полковник Анвар Қосимов.- Аз ин рe, ҳарчанд аз офатҳои эҳтимолӣ асосан аҳолии кишвари Тоҷикистон зарар мебинанд, ҷониби қирғизҳо низ мехоҳанд аз чунин хисороти эҳтимолӣ, ки бар асари боришоти зиёд, обхезиву сел ба аҳолӣ ва иқтисоди миллии кишвари тоҷикон расонида мешаванд,  ҷилавгирӣ намоянд ва ё он ҳама зарарҳоро  то ба ҳадди ақал бирасонанд. Гузашта аз ин,  тоҷикону қирғизҳо дар канори ҳам қарор гирифта, сухан аз ҳамдиливу ҳамсоядориву дeстиву рафоқат хоҳанд гуфт.

Бояд зикр кард, ки ҳамкории кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд бо ҳамтоёни қирғизашон дар як соли охир қавитар ва мустаҳкамтар гаштааст. Моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қиргизистон ҷаласаи якҷояи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳайати мушовараи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон  баргузор гардида буд. Тасмим гирифта шуд, ки нақшаи ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳои мазкур тартиб ва  қабул гардад. Яке аз тадбирҳое, ки тибқи нақшаи мазкур бояд амалӣ гардад, ин табодули  иттилои лозим байни кормандони ниҳодҳои мазкур ва  мақомоти маҳаллӣ дар бораи эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ,  омодагии аҳолӣ  барои бартараф кардани натиҷаи он ба шумор меравад. ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур гуруҳи ихтиёриёни наҷотбахши ҳарду кишвар таъсис дода шуда, онҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалии АКТЕД ва GIZ (Олмон) бо лавозимот ва таҷҳизоти фаннии лозимӣ таъмин мешаванд.

Add comment


Security code
Refresh