Саҳаргаҳ меояд ба некахтарӣ

Миллати тоҷик дар тeли мавҷудияти худ ҷашн, ид ва сайрҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳар яке сабаб дошт ва бо тарзу тариқи ба худ хос таҷлил карда мешуд.

Сайри Шайхони мавзеи Мазори Хоҷабоқирғон дар Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров низ таърихи қадим дорад. ҳарчанд аз замони таъсис ёфтанаш асрҳои зиёде сипарӣ шудааст.

Имрeзҳо низ бо рангу ҷилои тоза ҷашн гирифта мешавад. Профессор Н.Турсунов доир ба сайри халқии Шайхон низ, ки дар атрофи зиёратгоҳи Хоҷабоқирғон таҷлил мешавад, мақолаи пурарзише дорад.

«ҳар сол, пас аз анҷоми кишти пахтаи маҳаллӣ, баъди он ки дeлона гул мекунад ва баҳори нозанини сабз қабо комилан ба ҳукми худ медарояд, таи ду ҳафта дар атрофи мазор сайри халқӣ барпо мешуд. Мувофиқи тақвими григорианӣ сайри мазкур ба рeзҳои 8-21 моҳи май ва тибқи солшумории эрониҳои қадим ба ду ҳафтаи охири моҳи урдубиҳишт дуруст меомад».

Бино ба гуфтаи устод сайри мазкур воқеан ҳам сайри ҳақиқӣ ва пур аз нишоту хурсандӣ буд. Ба ин ҷашни халқӣ мардумон аз Хуҷанд, ҳамчунин меҳмонон аз Фарғонаву Қошқар ва ҳатто аз Хоразм низ меомаданд.

Дар сайри Шайхон хеле хуб, ҳаматарафа ва бо завқу салиқаи махсус дастархон рост мекарданд. Мардуми маҳаллӣ бо истифода аз ҳунар ва заҳмати худ шипангҳои махсус месохтанд, ки дар баъзе солҳо теъдоди онҳо то ба 1400 адад мерасид. Ҷои махсус – Eрда, ки дар баландии соҳили наҳрча, рeёрeи қадамҷой воқеъ буд, барои ҳокими вилоят пешбинӣ мешуд. шумораи иштирокдорони сайри Шайхон то ба 10 ҳазор нафар мерасид.

Сайри Шайхон услуб, анъана ва шеваи махсуси худро соҳиб буд. Аз таърих нақл аст, ки аҳли сайр нахуст дар оби сарди наҳрча оббозӣ мекарданд ва баъди зиёрати мазори ҳазрати Хоҷабоқирғон, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои сайр маҳсуб мешуд, хоҳишмандон қурбонӣ низ менамуданд, то ки сол соли пурфайз, пурбаракат ва сериву пурӣ бошад. Хуни ҳайвоне, ки ба хотири қурбонӣ забҳ мешуд, аз болои сарҷeйҳо- саҳро ба рудхона мерехтанд ва албатта, шайхонро низ фаромeш намекарданд. Нарзу ниёзҳои зиёд ба онҳо мерасид, ки посдору посбони қадамҷой онҳо буданд.

Баъдан, - менависад муаллиф, - сайри Шайхон сифр ҷашни динӣ набуд ва дар мавриди тарғибу ташвиқ ва хариду фурeши заҳмати аҳли ҳунар ҳеҷ мамоният мавҷуд надошт. Ин сайр гeё сайре буд, ки дар он дeстиву рафоқат, бародариву ҳамбастагӣ ва намоиши эъҷози аҳли ҳунар, хандаву шодӣ ва сериву пурӣ тантана мекард.

Намоиш ва фурeши дастранҷи аҳли ҳунар, ҳазорҳо моли мардуми бозаргон, бозии дорбозиён, карнаю сурнайчиён, масхарабозону қувваозмоии паҳлавонон, қиссагeёну сухани баланди аҳли сухан – инҳо буданд асолати аслии сайри Шайхон дар ин минтақаи биҳиштосо.

Мардҳо дар пухтани палави болаззаттарин ва дигар намуди ғизоҳо байни ҳам мусобиқа мекарданд. Ҷавонону наврасон, ки вуҷудашон аз рeи тақозои синну сол мисоли доманаи сабзи кeҳ аст, ба лолачинӣ мерафтанд.

Усмон САИД,
иқтисодшиноси собиқадор

Add comment


Security code
Refresh