Муроҷиатномаи Шӯрои Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти вилояти Суғд ба падару модарон ва ҷавонон

Ҳамдиёрони азиз!

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки бо фармони Пешвои миллат, Президекнти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт. Аксари ҷавонони баору номус ва шуҷоатманди вилояти Суғд, анъанаҳои неки падару бобоёни худро сарбаландона идома дода, боа мри дилу виҷдон ва бо хоҳиши худ ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияи худ омада, омодагии хешро барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ изҳор намуданд.

Падарони азиз!

Аксари мову шумо ҳамсол ҳастем, мо медонем, ки ҳар яки Шумо ҳангоми ҷавонӣ ба сафи артиш рафта, дар ҷумҳуриҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ сарбаландона хизмат кардаед. ба мо насиб будааст, ки боа мри Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар хоки Ҷумҳурии Афғонистон хизмат кунем ва аз байни обу оташу хун гузашта, бо сари баланд ба Ватан баргардем ва дар ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм гузорем.

Имрӯз ҳар яки мо бояд ифтихор кунем, ки фарзандорни мо минбаъд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат хоҳанд кард. Бинобар ин, дар ниҳоди онҳо эҳсоси ватанпарварию ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносии миллиро парвариш диҳем ва барои сари вақт ба хизмат ҳозир шудани онҳо мусоидат намоем.

Ҷавонони азиз!

Дӯст доштани Ватан, дӯст доштани Модар аст. Меҳре, ки ба модари худ дорем, бояд ба Ватани худ низ дошта бошем. Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳу пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Мо боварӣ дорем, ки ҳар яки Шумо баробари гирифтани даъватнома бо хоҳиши худ ба хизмат рафта, садоқатии фарзанди худро дар назди Ватан ва халқи шарафманди худ нишон медиҳед.

Муроҷиатнома дар маҷлиси Шӯрои собиқадорони
ҷанговарони интернасионалист санаи 30 марти
соли 2016 қабул карда шудааст.

Add comment


Security code
Refresh