Сафари бонувони соҳибкори суғдӣ ба Хатлон

Охирҳои моҳи марти соли  равон бо  ибтикори Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Тоҷикистон гурӯҳи бонувони соҳибкори суғдӣ бо  мақсади  шиносоӣ ба кору  фаъолияти бонувони  соҳибкори  хатлонӣ  сафари  пурмӯҳтавое  ба вилояти  Хатлон доштанд.

Рӯзи аввали  ташриф меҳмононро  муовини  раиси мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа С. Қосимова ва  раиси  бахши  кор  бо  занони  вилояти Хатлон С. Самиева хайра  мақдам  гуфтанд. Дар  муддати  се  рӯз  бонувони суғдӣ   дар  шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ  бо  кору  фаъолияти    бонувони  соҳибкори   хатлонӣ  аз  наздик  ошно гардида, таҷриба  иваз  намуда,  маслиҳатҳои  муҳими  худро  барои  пешрафти  кор  дареғ  надоштанд. Ин  робитаву таҷрибаандӯзиҳо  ба  бонувони  тоҷик  имконият  фароҳам  меорад, ки  донишу  малакаи  худро  ривоҷ  дода, маҳсулотҳое  истеҳсол  намоянд, ки  ҳам  ҷавобгӯи  талаботҳои  ҷаҳонӣ   ва ҳам  дархӯри  завқи  мардум  бошанд. 

Дар тӯли наздик 25 соли Истиқлолияти давлатӣ такони  бузурге  дар  ҳаёти бонувони ҳунарманд ба миён овард. Дастгирии  пайвастаи  Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси  вилоят Абдураҳмон  Қодирӣ ба  эҳёи нави  ҳунарҳои  миллӣ,  алалхусус,  кешбофию  адрасбофӣ  мусоидат  намуд. Имрӯзҳо,  ҳатто, дар дурдасттарин  деҳаҳо  ҳам  бонувон  имконият доранд, ки  маҳсули  ҳунари  бебаҳои  худро  пешкаши  ҳаводорон  гардонанд. Дар  ин  замина  ташкилотҳое  таъсис  ёфтанд, ки  дар  пешрафти  кори  бонувони  соҳибкор  ҳиссагузоранд.

Ассотсиатсияи миллии  занҳои  соҳибкори  Тоҷикистон (АМЗСТ) ташкилоти  ғайритиҷоратии  ҷамъиятӣ  мебошад , ки соли  1995  таъсис  ёфтааст. Ин  ташкилот барои  амалӣ  гардондани лоиҳаҳо  ва  пеш  бурдани  ҳуқуқ  ва  майлу  рағбатҳои   соҳибкорзанон таҷрибаи  хело  бой  дошта, дар сафҳои худ  2500  нафар  зани  фаъолро, ки дар  соҳаи  гуногуни  иқтисодӣ: савдо, истеҳсолот, хизматрасонӣ, хоҷагии  қишлоқ   ва  соҳаҳои  иҷтимоӣ  фаъолият  мекунанд, гирд  овардааст.

Мақсади   фаъолияти  ассотсиатсия васеъ  кардани  ҳуқуқҳо ва  имкониятҳои  занон  дар  бозори  меҳнат, мусоидат  кардан  барои  дастрасии  занон  ба  захираҳои  молиявӣ, илму  маърифат, рушди  малакаи  касбии  занон  мебошад.

Савринисо АЙЁМЗОД,
узви Анҷумани тоҷикон  ва  форсизабонони  ҷаҳон “Пайванд”

Add comment


Security code
Refresh