Сипоснома ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ

Намояндагони аҳли деҳаи Хиштхона, собиқадорони меҳнат, муаллимону хонандагон аз ғамхориҳои рӯзафзуни Шумо дар рушди соҳаи маориф ва дастгирии бевоситаи Шумо хеле мамнунанд.

Сафарҳои кории Шумо буд, ки ба кори сохтмони мактабамон нерӯи нав бахшид. Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2014  аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти «Суғдшаҳрофар» бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии «Парвина»-и ноҳияи Ашт дар мӯҳлати пешбинишуда ба истифода дода шуд. Ин боиси хушнудии сокинони деҳа гардид. Аҳли ҷомеаи меҳнатии мактаб нисбат ба ғамхориҳо оид ба мустаҳкам шудани заминаи моддӣ - техникӣ, сатҳи донишомӯзии хонандагон рӯҳбаланд гардида, баҳри пешрафти босуботи соҳаи маориф софдилона саҳм мегузоранд.

Бо истифода аз минбари «Ҳақиқати Суғд» бори дигар барои мададу дастгирии Шумо, барои ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, ба номи Камоли Хуҷандӣ дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт миннатдории самимона изҳор менамоем.

Аз чунин ғамхориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шукргузор мебошем.

Ба Шумо, саломатии бардавом ва дар рушди Ватани азизамон Тоҷикистон комёбиҳо хоҳонем.

Add comment


Security code
Refresh