Ҳар киро додам ба иззат ҷой дар болои чашм...

Сиёсати дарҳои кушоде, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад, имкон додааст, дар Ватани мо ширкатҳои хориҷии гуногун фаъолияти истеҳсолии худро бо таъсиси корхонаҳои муштарак ба роҳ монанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гоҳо баъзе аз ширкатҳои хориҷӣ иззату икроми халқи моро сўистеъмол карда, нисбати қонуну меъёрҳои амалкунанда беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд.

Чунонки дар таҷрибаи на чандон тўлонии корам ба ҳайси суд ҳеҷ андеша намекардам, ба ҷуз баррасии қонуншиканиҳои шаҳрвандони маҳаллӣ бо амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ низ сарукордор мешавам. Парвандаи ҷиноятие, ки дирўз мавриди баррасӣ қарор додем, марбут ба кирдори ғайриқонунии шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Хитой Лин Ҷао аст, ки мавсуф муваққатан дар Намояндагии корхонаи васлгарии шаҳри Ченлэи музофоти Фуҷен дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ таи 2 сол аст, ки ба соҳибкорӣ машғул мебошад.

Лин Ҷао ҳамчун шахси ҳуқуқӣ бар хилофи талаботи моддаи 111, қисми 2 ва 129-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар давраи аз 1-уми январи соли 2014 то январи соли 2015-ум дидаю дониста ба декларатсияҳои андоз дохил намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба хароҷот ва пинҳон доштани дигар объектҳои андозбандишаванда ба маблағи умумии 1 млн. 433 ҳазору 535 сомонӣ аз супурдани андоз аз фоида саркашӣ намудааст. Илова бар ин Намояндагии корхонаи васлгарии шаҳри Ченлэ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаҳои 159-193-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун андозсупор аз арзиши иловашуда эътироф гардидааст.

Лин Ҷао ҳамчун роҳбари намояндагӣ, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, бар хилофи талаботи моддаҳои зикршуда амал намуда, дар давраи муайяншуда бо роҳи дохил намудани маълумоти бардурўғ ба декларатсияи андоз, ба маблағи 687 ҳазору 940 сомонӣ манбаи андозбандишавандаро кам нишон дода, ба мақомоти андоз ҳисоботи таҳрифшударо пешниҳод кардааст. Бо ин роҳ Лин Ҷао дидаву дониста, ба маблағи 34 ҳазору 397 сомонӣ аз супурдани андоз аз арзиши иловашуда саркашӣ кардааст.

Ҳамин тариқ, роҳбари Намояндагии корхонаи шаҳри Ченлэи музофоти Фуҷен дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лин Ҷао аз 1-уми январи соли 2014 то 1-уми апрели соли 2015 аз супурдани андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашӣ карда, дар маҷмўъ, ба маблағи умумии 1 млн. 467  ҳазору 932 сомонӣ, бо назардошти ҷарима ва фоизҳояш ба маблағи махсусан калон, 2 млн. 004 ҳазору 590 сомонӣ ба буҷаи давлат зарар расондааст.

Дар мурофиа судшаванда Лин Ҷао худро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 292 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор донист. Ин қонуншикании Лин Ҷао дар рафти санҷиши фаъолияти Намояндагии корхонаи васлгарии шаҳри Ченлэи музофоти Фуҷен дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармутахассиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷум-ҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Абдуллоев ошкор шуд. Маълум гардид, ки маблағи 2 млн. 411 ҳазору 291 сомонӣ ва бо назардошти ҷарима бо фоизҳояш 3 млн. 063 ҳазору 554 сомонӣ аз андозбандӣ рўйпўш карда шудааст.

Шаҳрванди Чин Лин Ҷао ба ин ошкоркунӣ розӣ нашуда, бо мактуби расмӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норизогӣ баён кардааст. Дар натиҷаи санҷиши такрорӣ маблағи рўйпўш намудаи андозҳо ба маблағи 1 млн. 467 ҳазору 932 сомонӣ ва бо назардошти ҷарима бо фоизҳояш ба маблағи 2 млн. 004 ҳазору 590 сомонӣ бар илова ҳисоб карда шуд. Лин Ҷаоро ба ҷуз пардохти маблағҳои аз андоз пинҳонкардааш чорае намонд.

Ў дар мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки ин кирдорро аз сабаби надонистани қонунҳои амал- кунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба супурдани маблағи андоз содир намудааст. Ҳамзамон, ў аз карда сидқан пушаймон буду аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин карда шавад.

Суд ҳангоми муайян кардани намуд ва ҳаҷми ҷазо ба судшаванда Лин Ҷао бо моддаи 292, қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазоҳои алтернативӣ, яъне ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ менамояд. Бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят ва шахсияти ў, ки охирон бори аввал ҷиноят содир намудааст, аз кирдораш сидқан пушаймон мебошад, маблағи зарарро пурра талофӣ намудааст, ягона таъминкунандаи оила ба ҳисоб меравад, дар ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кардааст, бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда ва пешгирӣ намудани дигар кирдорҳои зидди ҳуқуқӣ, чӣ аз ҷониби судшаванда ва чӣ аз ҷониби дигар ашхос ба хулоса омад, ки бо дастрасии моддаи 63 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар доираи раводиди моддаи мазкур дар намуди ҷарима бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таъин бикунад.

 Ниҳоятан шаҳрванди Ҷумҳурии Хитой Лин Ҷао бо моддаи 292, қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, суд ба ў бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 44 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат бе маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо таъин намуд.

Метавонистем дар ҳамин ҷо ба навиштаҳои хеш нуқтаи таммат гузорем. Аммо, чанд паҳлўи ҷинояти содиршуда касро ба андеша водор мекунад. Аниқтараш, ин ҳодиса ин ҳикмати мардумиро ба хотир меорад:

Ҳар киро додам ба иззат ҷой дар болои чашм,

Оқибат монанди абрў теғ бар рўям кашид.

Яъне, ки мо меҳмон гуфтему иззаташ кардем. Аммо, ҷаноби Лин Ҷао нисбат ба қонунгузориҳои мо беэҳтиромӣ карда, даст ба ҷиноят зад.

Фирўзҷон МАХСУДӢ,

судяи Суди шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh