«БАҲОРИСТОН» ЧАМАНИСТОН ХОҲАД ШУД!

Тибқи нақша “Баҳористон” ҳамчун шаҳраки замонавӣ бунёд карда мешавад, аз ин рӯ, зарур аст, ки масъалаи бо риояи меъёрҳои муосир ва тарҳи зебои меъмории миллӣ бунёд намудани биноҳои истиқоматӣ бояд дар маркази диққати мутахассисону масъулон қарор дошта бошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар баробари бунёди шаҳракҳои Сайҳун, Моҳпарӣ ва Меҳробод барои мардуми шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич низ бунёди шаҳраки Баҳористон як воқеаи фараҳманд ва ҳам хурсандиовар буд.

Бале, вақте ки 21-уми октябри соли 2015 дар маросими оғоз бахшидан ба бунёдкории шаҳраки Баҳористон Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва барои бунёди се иншооти ҳаётан муҳим аз қабили бинои бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва боғчаи бачагон санги асос гузоштанд, шодию хурсандии мардуми ин шаҳру ноҳия ҳадду канор надошт. Мардум дар ҷаласаи тантанавӣ хеле шоду масрур буданд. Аз он изҳори шодмонӣ мекарданд, ки маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми ин сарзамин боз соҳиби як шаҳри наву замонавӣ мегарданд.

ФАЙЗУ БАРАКАТИБАҲОРИ НОЗАНИН

Бале, вақте ки ба ин мавзеъ омадем, мардум ҷо - ҷо ба кор машғул буданд. Агар яке ба ниҳолшинонӣ машғул бошад, дигаре барои омода сохтани чоҳи дуюми артезианӣ фаъолият дошт. Баробари ворид шудан, аллакай, эҳсос гардид, ки дар ин ҷо аз файзу баракати баҳори нозанин баҳра бурда, бо умеди ояндаи сабзи диёр ва хуррамию шукуфоии Тоҷикистон ниҳолакони сабз мешинонданд. Баробари ба дарвозаи шаҳраки Баҳористон дохил шудан, пеши чашм ниҳолакони пайванди навбар, току гулу гулбуттаҳо намудор шуданд, ки он ифодагари ояндаи обод ва сулҳу суботи кишвар аст. Чи хеле ки огоҳ гардидем, соли 2015 ба ин мавзеъ 500 бех ниҳоли сояафкан шинондаанд.

Имсол бошад, то имрӯз дар минтақаи Баҳо-ристон 2400 бех дарахти сада, 200 бех дарахти сояафкани санавбар,100 бех дарахти мевадиҳанда шинонданд.

Ҳамзамон, барои ба гулистон табдил додани ин мавзеъ 10 кг гулҳои гуногуни мавсимӣ, 20 кг гули кана шинонда, дар 5 гектар боғи нав бунёд намуданд. Дар ин боғ асосан дарахтони мевадиҳанда, аз қабили шафтолу, олу, олуболу, себу бодом ва нок шинонданд.

Қад - қади роҳи мошингузар дар масофаи 2,5 км дарахтони ороишӣ шинондаанд. Ҳамзамон, барои бунёди 5 гектар боғи интенсивӣ дар Баҳористон лоиҳа пешниҳод карда шудааст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон таҳти №239 аз 2- юми июли соли 2009 ва таҳти №288 аз 28 майи соли 2010 «Дар бораи гирифтан ва додани қитъаҳои замин» ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди шаҳру деҳоти Истаравшан ҳамагӣ 1309,32 га қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд, аз он 333,85 га замин дар шаҳ-раки Баҳористон ҷойгир  буд. Аз ҷониби КФ КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан нақшаи генералии шаҳрак таҳия гардида, бо мақомотҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар мавзеи Баҳористон 3318 нафар бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, боз 3500 нафари дигар дар навбат истодаанд. Ин рақам танҳо дар худи шаҳри Истаравшан ва бо ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан 6700 нафар эҳтиёҷмандонро ташкил менамояд. Дар шаҳраки Баҳористон мутобиқи нақша инчунин, бунёди бинои маъмурии шаҳрак, 1 беморхона, 2 дармонгоҳ, 4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, хушкашӯӣ, бозор, автовокзал, дар майдони се гектар боғи фароғатӣ - истироҳатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ ва дар ошёнаи якуми биноҳои баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон дар шаҳраки Баҳористон кӯчаи даромадгоҳи асосии шаҳрак бо паҳноии 60 м ва кӯчаҳои дохили шаҳрак бо паҳноии 12- 20 м бо дарозии умумии 2 км барои мумфарш кардан ва васли новаҳои обгузар тайёр карда шудаанд.

- Барои бунёди шаҳраки Баҳористон 15 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Агар соли 2015-ум 4 миллиони он азхуд шуда бошад, барои соли 2016 низ 4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Боқимонда 7 миллион сомонӣ маблағе, ки ҷудо гардидааст, оянда барои сохтани хатти канализатсионии шаҳр истифода бурда хоҳад шуд. Ҳоло роҳҳои дохили шаҳрак муайян гардидааст, мо кӯшиш намуда истодаем, ки бо ёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан онро шағалпӯш намоем, - изҳор кард манбаъ.

ОБ ИН ҲАЁТ АСТ!

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракат ҳама ба об вобас-тагӣ доранд.

Дар қадимулайём байни мардуми тоҷик як гуфтори хеле ҷолибе ҳаст, ки мегӯянд, “об ҳасту ободӣ ҳаст”. Бале, дар он ҷое, ки об ҳаст, файзу баракати зиндагӣ афзуда, сарсабзию хуррамӣ ва ободии ҳамон мавзеъ ба он сахт алоқаманд аст. Дар шаҳраки Баҳористон бино ба гуфти ӯктам Ҷӯраев соли 2015 ду чоҳи артезианӣ ва ду ҳавзи захираи об сохта, ба истифода дода шуд.

Барои бо оби полезӣ ва ошомиданӣ таъмин намудани шаҳраки Баҳористон ду чоҳи амудӣ ба истифода дода шудааст. То имрӯз ободонӣ ва обёрии заминҳои азхудшавандаи мавзеи Баҳористон босуръат идома доранд. Имрӯз марҳалаи якуми сохтмони хатти обрасонӣ ба охир расид. Дар он чоҳи артезианӣ ва ду ҳавзи захиравӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳавзи мазкур 1500 м3 ғунҷоиши обро дорад. Аз ҳамин чоҳи артезианӣ тариқи насосҳои обкашӣ об ба ҳавз ворид шуда истодааст. Соли 2015 ба шаҳраки Баҳористон 4 миллиону 369 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, он азхуд карда шудааст. Он барои бунёди ду чоҳи амудӣ, насоси обкашӣ, хатти худи об то ҳавзи захиравӣ, аз ҳавз то мавзеи аҳолинишин, роҳ, чароғонкунӣ, хатти барқ бо трансформатор истифода гардид. Имсол низ 4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бояд аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезигардида ҶДММ  «ПМК Суғд» корро оғоз намояд.

Сармуҳандиси ҶДММ «ПМК Суғд» Ҳаким Мирзоев дар ин бора изҳор намуд, ки агар марҳалаи якум шинонидани ду насос, пайваст кардани қубурҳои полиэтилении шаҳрак бо ҳавзи якум, пайваст кардани ҳавзи амудии дуюми бе-руназиншоот бошад, марҳалаи дуюм аз пайваст намудани ду ҳавзи захиравӣ бо қубурҳои полиэтилении қутраш 400 миллиметра иборат аст.

Ҳамзамон, ӯ изҳор намуд, ки ҳамин об ба шаҳраки Баҳористони минтақаи Деваштич низ тақсим мешавад. Ҳамагӣ иқтидори қубурҳои полиэтилении қутрашон 400,225, 110,125 дар масофаи 7км 09 метр пайваст карда шуд. ӯ изҳор намуд, ки дар ин марҳала аз се ҷой ба қатори дарахтони сари роҳ об бароварда мешавад. Байни ду роҳрави бунёдшуда низ об мебароранд. Дар ин марҳала хокпӯш ва пурра ба истифода додани гирду атрофи ҳавзи об дар назар аст. Бояд зикр кард, ки то моҳи майи соли 2016 пурра корҳои таъминот бо оби нӯшокӣ ва ҳам полезӣ ҳалли худро меёбанд.

Аввалин муаммое, ки барои бунёди хонаҳо дар шаҳраки Баҳористон дар солҳои аввали тақсими замини наздиҳавлигӣ ба вуҷуд омада буд, ин дурии роҳ аз шаҳр то ин мавзеъ ва аз ҳама муҳимаш, овардани масолеҳи сохтмонӣ буд. Ин масъала низ ҳалли худро ёфт. Бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан имрӯз соҳибкорон дар худи шаҳраки Баҳористон дар чанд мағоза масолеҳи сохтмониро ба нархи нисбатан арзон, яъне нархи шаҳри Истаравшан ба мардум пешкаш намуда истодаанд. Ҳамзамон соҳибкорон азм намудаанд, ки дар мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ хишт ва дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ, ки барои бунёди хонаҳо зарур аст, ба фурӯш гузоранд. Айни замон барои мардум таҷҳизоти хишти блок оварда шудааст. Ҳоло дар минтақаи шаҳри Истаравшан бунёди 30 хона оғоз гардида, 10 адад манзили истиқоматӣ сохта, пурра ба истифода дода шудааст. Дар минтақаи Деваштич бошад, 23 нафар ба бунёди хонаҳои худ оғоз карда, айни замон, сохтмон идома дорад. Имсол, ки барои бунёди хонаҳо тамоми шароитҳо муҳайёст, мардум кӯшиш доранд, ки барои бунёди хонаҳои худ оғоз намоянд.

Дар шаҳраки Баҳористон аз рӯи лоиҳа бунёди ду намуд коттеҷ, панҷ намуд хонаҳои истиқоматии якошёна ва хонаҳои баландошёна дар назар аст. Тарзи бунёди хонаҳо бошад, ҳар кӯча тарҳи худро дорад.

ӯктам Ҷӯраев изҳор намуд, ки имрӯз мо тасмим гирифта, барои филилали КВД «Тоҷикагролизинг дар вилоят» замин ҷудо намудем. Ҷойҳо муайян шуданд. Ва он барои коркарди заминҳои ҳамин гирду атроф мусоидат менамояд. Ҳамзамон, изҳор намуд  ӯ, бунёди як сехи дӯзандагӣ дар назар аст. Аз ҷониби Ҷамъияти ҷанговарони интернатсионалист бунёди як сехи кафшергарӣ ба нақша гирифта шудааст. Сехи дуредгарӣ, базаи истеҳсолӣ (ҷамъияти истеҳсолии МПМК ӯротеппа) низ дар ҳамин ҷо бунёд мегардад. Гумон мекунам, ташкили чунин намуди хизматрасониҳо барои пайдо шудани ҷойҳои холии корӣ мусоидат менамояд, изҳор намуд ӯктам Ҷӯраев.

“СУFДРУС” НИЗ ХОНА  МЕСОЗАД

Яке аз соҳибкороне, ки имсол барои бунёди хона ва коттеҷҳо дар шаҳраки Баҳористон муваззаф гардидааст, сарвари ТFД “Суғдрус” Муродҷон Ёқубов аст. Ӯ тибқи Лоиҳаи «Имконияти дастрасӣ ба манзил» кӯшиш намуда истодааст, ки бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ барои 200 оила замин ҷудо шудааст, манзилҳои истиқоматӣ сохта, дар муддати ду сол ба истифода диҳанд. Асосан коттеҷҳо барои духтурон ва омӯзгороне, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, ҷудо карда мешавад. Онҳо ба мӯҳлати 10 сол шартнома бастаанд. Ва соҳибони хонаҳо тӯли ин марҳала маблағи хонаро пардохт хоҳанд кард. Ин амал ҳам барои кормандони соҳаи буҷетӣ дастгирии комил аст.

Муродҷон Ёқубов изҳор намуд, ки шаҳраки Баҳористон бояд бо тарҳи замонавӣ қомат афрохта, намуди зебо дошта бошад.

БУНЁДИ БУНГОҲИ ТИББӢ

Тибқи иттилои сардори муассисаи давлатии нигоҳдории иншоотҳои сохташавандаи шаҳраки Баҳористон ӯктам Ҷӯраев бо қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои бунёди бунгоҳи тиббӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шуд. Ва имрӯз муассис баъди гузаштани озмуни тендерӣ ба бунёди он оғоз хоҳад кард. Зикр гардид, ки аллакай дар гирду атрофи бинои бунгоҳи тиббӣ дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонда шудааст.

Дар ҳақиқат, дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ шаҳрҳои наву замонавӣ бунёд мегарданд. Ин шаҳодатгари он аст, ки дар диёри офтобии Тоҷикистон фазои сулҳу амонӣ танинандоз асту сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ равона гардидааст. Ва мардум умед доранд, ки солҳои наздик ин мавзеъ, ки худ Баҳористон меномандаш, бо дасти инсон ба гулистону чаманистон табдил хоҳад ёфт.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
Шаҳноза ҲОМИДОВА

 

 

Add comment


Security code
Refresh